Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, ва чунин шахсиятӣ бузургу ҳоксоре ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷуди зиндае вуҷуд надорат. Оре, маҳз бо туфайли ҷонфидоии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Аз инҷост, ки ҳар яки мо вақте ба хона дохил мешавем аввалин калимаи мо ин аст, Модарам дар куҷост. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он нафаре, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

Модар! Шумо чашмаи ҳастии инсон ҳастед ва ҳаёти инсон ба Шумо вобаста аст. Калимаи Модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як навъ оҳанги навозишкорона дорад. Синнусоли мо чанде, ки набошад, хоҳ тифл бошем хоҳ калонсол, мо ба навозишҳову аллаҳо, дӯсторию меҳрубониҳои Модар ниёзмандем. Вақте, ки Модар фарзанди худро ба оғуши пур аз меҳру самимияти худ мегирад, ба фарзанд ин як эҳсоси баланди ҷавонмардиро медиҳад, ки худро ҳамчун доротарин шахси ҷаҳон меҳисобад. Ва ҳар қадре, ки муҳаббати инсон ба Модар зиёд бошад, ҳамон қадар ҳаёт дар назараш фараҳбахшу дурахшон аст.

Аё модар ба қадрат мерасам ман,

Агар чанде ҷавону наврасам ман.

Модар! Шумо шахси муқаддас ҳастед вақте, ки симои шумо пеши назарам меояд аз чашмонатон ва аз тамоми ҳастии шумо нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад.

Модар – боарзиштарину гаронбаҳои ҳар як инсон дар олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мегардонад.

Хизмати модар намудан қарзи ҳар кас будааст,

Хизматаш ҳар кас накард номарду нокас будааст.

Пас биёед Модаронамонро дӯст дорем, ҳурмату эҳтиром ва қарзи фарзандии худро иҷро кунем то он даме, ки ҷон дар бадан доранд на баъди он, ки дигар дар қайди ҳаёт нестанд.

Ман як маротиба нагуфтам, ки хубам, шодам модарам, ҳамеша аз дард гуфтаму аз ранҷ. Акнун ман мехоҳам, ки ба тамоми олам фарёд занам: “Модарҷон, ман шуморо дӯст медорам. Ҳаммонанде, ки Модарамро дӯст медорам, Падарҷонамро чунин дӯст медорам.

Падар дарёст, модар оби он аст !

Падар дунёст, модар зеби он аст!

Падар кӯҳ асту модар қуллаи он.

Падар хуршед, модар нури он аст.

ИДРИС Раҷабов

донишҷӯи курси якуми

факултети математика

ихтисоси математика-информатика