Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст. Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад.

Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст. Шоир низ беҳуда нагуфтааст:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Дар воқеъ, модар ягона шахси мунису ғамхор барои мост, ҳарлањза аз њоли мо бохабар мешавад. Модар худаш намехӯрад фарзандашро мехӯронад, дили софу беолоиш дорад, худ намепӯшад фарзандашро мепӯшонад, барои фарзандаш омодааст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад.

Мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем, ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем, нагузорем, ки қатраи оби чашмаш резад, дилаш зиқ шавад, зеро ки дунё бемеҳру муҳабати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст.

Бузургон дар васфи модар шеърҳо зиёд гуфтаанд, ҳофизон онҳоро ба оҳанг дароварда сурудаанд, ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем, ӯро ушбахт созем, то ҳастем барояш хизмат кунем, кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад. Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад.

Дар дунё ба ғайр аз модарам касеро то ин дараҷа дӯст надоштаам. Натанҳо ман ҳама модарашро дӯст медорад, ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест домони модар биҳишти боқии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.

Мо натанҳо бояд рӯзи модар ӯро таҳният бигӯем, мо натанҳо бояд рӯзи модар баҳри табрикаш биравем ва дар ҳаққаш сухани воло бигӯем, натанҳо бояд рӯзи модар ба аёдаташ биравем, чун дурем аз ӯ ҳар лаҳза ҳар соат ҳар рӯз бояд мо модарро дӯстдорӣ кунем, меҳрубонӣ кунем, чун ҷон дӯсташ бидорем, аз аҳволаш бохабар шавем, дар тавоноиамон барояш њадя биёрем, вале модар ба туҳфаи мо, ҳадяи мо ҳеҷ ниёзе надораду интизор њам нест.

Ў танҳо сухани хуб ва хушбахтии фарзандашро мехоҳад, зиндагии хуб, зиндагии хӯш ва орому осудаи фарзанд барояш аз ҳама чизи қиматрин дар ин дунё аст. Бузург аст модар, бузург мемонад, бигузор тамоми модарони рӯйи дунё хӯшбахту сарбалнд бошанд.

Хайрзода Рамазон,

омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав