Дар доираи нақша -чорабиниҳои шуъбаи тарбияи донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултети забони англисӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

Падару модарон аз раванди баргузории дарсҳои донишҷӯён ва шарту шароитҳои онҳо дидан намуда дар дарсҳои фарзандонашон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.

Дар интиҳои вохӯри аз ҷониби садорати факултети забони англисӣ ба як қатор волидайн ва донишҷӯёни факултет, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо бо волидайни донишҷӯён дар дигар факултетҳо низ ба роҳ монда мешавад.