Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Рӯзи дарҳои кушод доир гардид.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ суҳбат- вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрии мазкур оид ба шароитҳои таълим, тарбия, илм, робитаҳои байналмилалӣ, шароити зист дар хобгоҳи донишҷӯён, инчунин, ҳайати кадрӣ, базаи моддию техникӣ ва нуфузи донишгоҳ дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Инчунин, хатмкунандагон аз шароити факултетҳои Информатика, Математика, Менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, Сиёсат ва идораи давлатӣ, Гумрук ва таҳлили иқтисодӣ, Физика, Техникӣ ва технологӣ дидан намуданд.