Имрӯз дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор шуд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз гардид.

Зимни баромад ректори донишгоҳ иброз намуд, ки тавре огоҳ ҳастем, рӯзи 9 -уми марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот анҷом доданд ва ҳамоиши имрӯзаи мо низ як навъ ҳамовозӣ ва дастгирӣ аз дастуру ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои роҳбари давлат аст.

Гуфта шуд, ки дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон самимона табрик гуфта, бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, барои рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд ва аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои саҳеҳ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.

Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.

Роҳбари давлат дар хотимаи суханронии худ ба ҷавонони кишвар ҳамчун соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат намуданд, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоед! Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон бехиёнат ҳимоя кунед! Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд.

Баъдан маърӯзаҳои Алимов Давлаталӣ, мудири кафедраи таърихи умумӣ дар мавзуи “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон – омили осудагии кишвар”, Казаков Рустам, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Танзими анъана ва ҷашну маросим – кафолати зиндагии шоиста”, Наимзода Бекмурод, мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм: хатар ба ҳаёти инсоният” ва Шарипов Сангимурод, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Нақши соҳаи маориф дар ташаккули маърифати ҷомеа ва тарбияи худшиносии миллии ҷавонон” пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Дар охир, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат даъват ба амал меовард, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар мулоқоти мазкур ироа гардиданд, бетараф набошем ва ба Ватани азизи худ содиқонаву софдилона хизмат намоем, донишҷӯёнро бо руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия кунем, сатҳу сифати таҳсилотро баланд бардошта, дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳмгузор бошем.