– Зери ин унвон имрӯз дар Шурои диссертатсионии ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бо иштироки Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессорон ва омӯзгорон баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Ф. Қувватов, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география, дар мавзуи “Нақши саёҳати экологӣ дар рушди иқтисодиёти сабз”, Д. Давлатов, мудири кафедраи химияи оргарникӣ ва биологӣ маърӯза намуданд.

Инчунин, тариқи онлайн А. Қодиров, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои навини АМИТ дар мавзуи “Энергияи барқароршаванда: масъалаҳо ва тамоюли рушд” баромад намуданд.