• Бахшида ба ҳафтаи илм

Солҳои охир омӯзишу таҳқиқи маҳорати тасвири воқеияти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқони бахшҳои эҷод, аз ҷумла адабиёту публитсистикаро ба худ ҷалб намуда, дар ин замина як қатор асарҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дорои арзиши баланд мебошанд. Ба чунин асарҳо метавон таълифоти муҳаққиқони хориҷӣ, ба хусус М.С. Черепахов «Проблемы теории публицистики» (1979), М.И. Стюфляева “Образные ресурсы публицистики” (1982), Н. Шудря «Эстетические особенности публицистического творчества» (1985) ва олимони ватанӣ М. Шукуров “Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ (1976), Х. Шарифов «Марзи адабиёт» (1990), А. Нуралиев., А. Саъдуллоев., И. Усмонов., У. Гулмуродов «Журналистикаи советии тоҷик» (1989), Ю. Акбаров «Ҷустуҷўҳои эҷодӣ ва ахлоқӣ» (1990), Р. Мусулмониён «Назарияи адабиёт» (1990), А. Саъдуллоев., П. Гулмуродзода «Ҳамосаи инсони кор» (1995), И. Усмонов «Назарияи публитсистика» (1999), “Одоби сухан” (2005), А. Саъдуллоев «Хосияти адабиёт» (2000), “Эссе. Размышления о некоторых аспектах жанра и его эволюции (2010), Б. Камолиддинов “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” (2001), Ш. Раҳмонов «Таҳқиқ ва нақд» (2005), Т. Зеҳнӣ «Санъати сухан» (нашри чорум, 2007), М. Муродов “Аз замон то замон” (2010), «Асосҳои эҷоди журналистӣ» (2014), “Ҳаҷви публитсистӣ” (2015), Ҷ. Раҳмонова “Воқеият ва публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов” (2010), С. Гулов «Махсусияти очерки муосири тоҷик» (2012), Б. Қутбиддин «Воқеияти тасвир» (2014), “Домани наср” (2011), “Роҳ ба сўи эҷод” (2015), Н. Кўчарова «Публитсистикаи Абдулҳамид Самад» (2016)-ро дохил кард. Дар рисолаву китобҳои мазкур дар баробари дигар хусусиятҳои эҷод, таъсирпазирӣ ба афкори омма, ҳамчунин ба тасвири маҳорати иҷтимоӣ андешаҳои мушаххаси илмӣ баён гаштаанд.

Истифодаи воқеияти иҷтимоӣ дар асарҳои публитсистиву бадеӣ ба маҳорату ҷаҳонбинии адиб ва публитсист вобаста аст. Маълум аст, ки ҳақиқати воқеӣ аз ҳақиқати бадеӣ тафовут дорад, аммо миёни онҳо иртиботи амиқе вуҷуд дорад. Чунончӣ муҳаққиқ Р. Мусулмониён қайд мекунад: «Ҳақиқати воқеӣ ‟ он ҳодисаю ҳолат, ашёву махлуқот ва амсоли инҳост, ки воқеан ҳам мавҷуд будаанд, ё мавҷуданд ва ё мавҷуд хоҳанд буд. Ҳақиқати бадеӣ ‟ он мундариҷаи ғоявиест, ки тавассути образ дар асар ифода меёбад». Воқеияти иҷтимоӣ натанҳо дар асарҳои публитсистӣ, балки дар асарҳои бадеӣ низ бо мақсади кушодани паҳлуҳои ҳодисаву равандҳо истифода бурда мешаванд. Ҳамин аст, ки барои муассирии сухан ва тасвирҳои ҷаззоб адибону публитсистон ба воқеияти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.

Адиб ва публитсисти соҳибистеъдод Бахтиёр Муртазо дар тамоми асарҳои худ, аз ҷумла “Боғбони гули кўҳӣ” (1974), «Қасидаи бародарӣ» (1975), «Чинор дар Солони» (1981), “Лимуи тоҷик” (1983), «Ҷўи Навдиз» (1984), «Эҳёи Бешканд» (1986), “Чашмаи офтоб” (1987), «Донишомўзи ҷаҳонафрўз» (1998), «Фурўғи зиндагӣ» (2004), «Ман чароғафрўхтам» (2005), «Нуру нори Вахшрўд» (2006) «Нақби Истиқлол» (2007, 2015), «Нўҳчинори Балҷувону Баҳманрўд» (2010) «Ҷавпазак» (2010), “Нурофарин” (2022) воқеияти иҷтимоиро мақсаднок истифода намудааст.

Дар насри мустанад усулҳои инъикоси воқеияти олам, раванди ҳаёти иҷтимоӣ, рўйдоду падидаҳо мухталиф буда, шинохт ва дарки он аз ҷониби эҷодкорон як хел сурат намегирад. Аз таҳқиқотҳои олимон бармеояд, ки публитсистика, хоса очерк як навъи инъикоси иҷтимоист, ки ба он ду ҷанба: тасвир ва баён дохил мешавад. Муносибати субъект ба объект аз чигунагии тасвир ва баён вобаста буда, ба қобилияту ҷаҳонфаҳмии очеркнавис иртибот дорад. Дар ин маврид публитсистон бештар аз имкониятҳои жанри очерк истифода бурдаанд. М. Шоев дар такя ба андешаҳои муҳаққиқон баъзе аз ин махсусиятҳои жанри очеркро муайян карда, ҳамзамон қайд мекунад: «Очерк жанри насри воқеъгароёна ё ҳуҷҷатӣ буда, зиндагиро дар паҳнои муҳташам ба тасвир гирифта, роҷеъ ба масъалаҳои умда ва ҳалталаби замон андеша меронад ва онро тарзе пешкаш менамояд, ки зимни баёнаш чеҳраи қаҳрамон низ пеши назар падид меояд”.

Мундариҷаи асари публитсистии “Нурофарин”-ро “Вопасин умеди растагорӣ”, “Рисолати беназири таърихӣ”, “Оғози барномаи давлатсозӣ”, “Садди сойи Оби Шӯр”, “Оташи қалби инсон”, “Роҳи “Нурафшон”, “Оғози сохтмонро дӯст дорам”, “Бригадаи аввалини нақбканон”, “Пирӯзии муҳандиси тоҷик”, “Зиёрати оромгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ”, “Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ”, “Восифи сарзамини барӯманд ва одамони сарбаланд”, “Ҷавҳари ашъори устод Лоиқ”, “Оҳан механдад”, “Бағали дарё”, “Хориҷиён аз тоҷик меомӯзанад”, “Пайрав”, “Ҳикмати нодир” ва “Шогирди бародар” ташкил медиҳад. Дар ин силсилаочеркҳо адиб ва публитсист Б. Муртазо аз воқеияти иҷтимоӣ ба таври муассир истифода кардааст, ки ин аз маҳорати баланди нигорандагӣ ва донистани қавоиди эҷод дарак медиҳад. Ба ақидаи А. Саъдуллоев, «Воқеият мактаби бузурги маърифати ҳастӣ, тағйир ва ангезаи шуур аст. Дар ҷараёни маърифати воқеият ҳусни тафоҳуми инсон бо олами аз ў берун ба амал меояд» ва ин омил дар шинохти ҳақиқати воқеӣ ва бадеӣтабодули афкорро ба вуҷуд меорад. Барои дарки ин ҷанбаи масъала ба баъзе очеркҳои адиб таваҷҷуҳ намудан зарур аст.

Публитсисти воқеънигор дар қиссаи ҳуҷҷатии “Вопасин умеди растагорӣ” дар баробари сабабу омилҳои бавуҷуд омадани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, заҳмату талошҳои журналисти соҳибистеъдоди тоҷик, вакили мардумӣ, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализодаро ба қалам додааст, ки моҳияти онро пеш аз ҳама воқеияти замони муаяйни таърихӣ ташкил медиҳад. Ҳангоме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Истиқлоли давлатии худро эълон намуд, бо дахолати душманони дохиливу хориҷӣ дар кишварамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ омад, ки он ҷони ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳро аз байн бурд. Сокинони кишварамон, бахусус ҷавонони камогоҳ ба сангарҳо ҷудо шуда, ба муқобили ҳамдигар бадгӯиҳо намуда, ҳатто захмиву ба қатл мерасониданд. Аксарияти сиёсатмадорону таърихнигорон ва эҷодкорон кушта шудани Муродуллоҳ Шерализодаро оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон медонанд. Чунончӣ дар ин қиссаи ҳуҷҷатӣ зикр мешавад: “… муассис ва сармуҳаррири нахустини “Садои мардум”, фарзанди покҷавҳар ва садоқатманди халқу Ватан Муродуллоҳ Шерализода ҳангоми анҷоми вазифаи хидматии худ дар ҳавлии Шӯрои Олӣ ҷонашро фидо кард. Ин воқеи мудҳиш панҷуми майи соли ҳазору нуҳсаду ду ба вуқуъ омада буд. Ҳамин санаро оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони азиз ҳисобидаанд”. Дар қиссаи мазкур публитсист дар баробари чандин ҳодисаву зуҳуроти манфии замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, инчунин раванди музокироти сулҳу ваҳдати сартосарӣ, талошҳои хастагинопазири фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‟ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо далелҳои муътамад баён намудааст. “Бо ҳидоятҳои хирадмандона ва дурандешии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ниҳоят душвори ваҳдату ҳамдилӣ, бародарию ҳамбастагӣ қадам ба қадам паймуда шуд. Хусусан аз тарафи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ 26 ноябри соли 1992 Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон гардид, ки ин воқеаи хеле хурсандибахши ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар мебошад”. Қиссаи ҳуҷҷатии “Вопасин умеди растагорӣ” фарогири рӯйдодҳои муҳимми миллати тоҷик буда, дар тасвири онҳо публитсисти воқеънигор Б. Муртазо маҳорати баланди эҷодӣ нишон додааст.

Дар очерки “Рисолати беназири таърихӣ” корнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сулҳу субботи сартосарӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маҳорати баланди эҷодӣ таҷассум ёфтааст. Публитсист асосан дар ин қиссаи ҳуҷҷатӣ хонандаро бо аҳаммияти бунёди нақби Анзоб, ки аз муҳимтарин иншооти замони соҳибистиқлолӣ мебошад, шинос мекунад.

Б. Муртазо барои таъсирнокии сухан ва кушодани моҳияти масъала дар баробари омӯзишу мушоҳида аз асноди воқеӣ дуруст ва бамаврид истифода намудааст, ки ин восита аз омилҳои ҷолибсозии мавод мебошанд. Тавре публитсист дар ин очерк қайд мекунад: “Сарвари давлат бо ғаюрӣ ва ҷасорати хоси худашон сохтмони нақби Анзобро ҳамагӣ ду сол баъди ба имзо расидани санади сулҳи тоҷикон шурӯъ карданд. Дар он айём ҳанӯз иқтисоди ҷумҳурӣ ҳоли заъфе дошт. Васоити техникии аз замони Шӯравӣ мерос монда, чандон муқтадир набуд, нақбканон маошашонро мунтазам намегирифтанд. Вале онҳо ҳам аз самти шимол, ҳам аз самти ҷануби нақб Президенти ҷавони ҷасури мамлакатро дар паҳлуяшон дида, бо ҷӯшу ғайрати бесобиқа заҳмати зиёд мекашиданд, то Ватани азизамон обод бошад. Нақбканон бо дидани Сардори давлат ба ояндаи нек дилпур буданд”. Дараҷаи тасвири воқеияти иҷтимоӣ аз сатҳи маърифат, завқу салиқа, усул ва тахаюли публитсист вобастагии зиёд дорад, ки ба ин ҷиҳат Б. Муртазо эътибори хоса зоҳир кардааст.

Дар очерки “Оғози барномаи давлатдорӣ” публитсист Б. Муртазо хонандаро бо нақшаву барномаҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асоси онро таъмини сулҳу ваҳдат, барқарор намудани харобаҳои ҷанг, ҳарчи тезтар баргардонидани гӯрезаҳо аз хориҷи кишвар ва дар ин ҷода беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии зиндагии мардум мебошад, шинос менамояд, ки он заминаи воқеияти иҷтимоӣ ифода ёфтааст.

Як бахши дигари маҷмуаи “Нурофарин”-ро кушишу заҳмати шахсони касбу кори гуногун, аз ҷумла Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” Сафарзода Хайрулло Амиралӣ, роҳбари кулли сохтмони неругоҳ Савченков Николай Григоревич, бетонрез Намоз Куганов, директори техникии ҷамъият Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода, сармуҳандиси лоиҳаи Неругоҳи Роғун Валентин Дмитрович Новоженин, сармуҳандиси лоиҳаи кории Неругоҳи Роғун Руслан Шокиров, саргеолог Александр Василевич Коров, директори Маркази тадқиқи гидродинамикии Русия, академия Анатолий Игоревич Савич, сардори раёсати лоиҳавӣ Рустам Ҳусайнов, директори техникии ҶСНК “РоғунГЭССстрой” Мурод Саъдуллоев, сардори сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, муовини Директори пажуҳишгоҳи зилзиласанҷӣ Пӯлод Ясунов, корманди гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ Илҳом Асоев, муҳандис Валерий Ростиславович Мигуренко, роҳбари “Спетсгидроэнергомантаж” Лаврентий Иннокентевич Ким, директори “Тоҷикспестгидроэлектромантаж” Қурбонов Рустам Усмонович, мутахассиси ширкати “Нурафшон” Амрулло Халилов ва чанде дигарон мебошанд, ки дар очеркҳои “Садди сойи Оби Шӯр”, “Оташи қалби инсон”, “Роҳи “Нурафшон”, “Оғози сохтмонро дӯст дорам”, “Бригадаи аввалини нақбканон” ва “Пирӯзии муҳандиси тоҷик” бо ҳақиқатнигорӣ таҷассум ёфтааст. Публитсист Б. Муртазо дар тасвири фаъолияти қаҳрамонҳо, пеш аз ҳама, воқеияти иҷтимоиро ба эътибор гирифтааст. Образҳои мазкур воқеӣ буда, дар макону замони муайян фаъолият намудаанд. “Образи публитсистию бадеӣ, ‟ менависад профессор Муродӣ М., ‟ аз образи сирф бадеӣ аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад. Аввалан, образи публитсистӣ дар муқоиса ба образи бадеӣ тамоман бофтаи хаёлии нигоранда набуда, он дар доираи вақт ва фазои муайян сохта мешавад. Баъдан, дар образи публитсистӣ мавқеи муаллиф фаҳмо ва муайян аст”. Чунин равиши тасвиргароӣ дар баробари таъмини воқеият, хонандаро бо санаду далелҳои муҳим шинос намуда, ӯро чун шахси фаъол ба таҳрик меорад.

Дар очеркҳои дигари маҷмуаи мазкур, аз ҷумла “Зиёрати оромгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ”, “Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ”, “Восифи сарзамини барӯманд ва одамони сарбаланд” ва 228

“Ҷавҳари ашъори устод Лоиқ” хонанда бо чеҳраҳои маъруфи илму адаб ва эҷоди кишварамон шинос мешавад. Очеркҳои мазкур фарогири саҳнаҳои ҷолибу муассир буда, хонандаро бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ шинос мекунанд, ки онҳо аз ҷониби адиб ва публитсисти воқеънигор Б. Муртазо бо маҳорати баланд эҷод гаштаанд. Ба таъбири муҳаққиқ А. Саъдуллоев “Фаъолмандии иҷтимоии нависанда ба қаробати наздики ӯ бо ҳаёт, широкат дар ҳаллу фасли муаммоҳои рӯзгор, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти рӯхдодҳои тезгузар ва натиҷа гирифта тавонистан аз печидагиҳои иҷтимоию сиёсӣ вобаста аст”.

Ҳамчунин очеркҳои “Оҳан механдад”, “Бағали дарё”, “Хориҷиён аз тоҷик меомӯзанад”, “Пайрав”, “Ҳикмати нодир” ва “Шогирди бародар” низ дар пояи воқеияти иҷтимоӣ эҷод гардидаанд. Таҳлилу баррасии воқеияти иҷтимоӣ ва маҳорати тасвири он дар очеркҳои маҷмуаи “Нурофарин”-и Б. Муртазо моро ба хулосае овард, ки публитсист ба масълаи мазкур бо диду ҷаҳонбинии фаррох тавонистааст, ки аз унсурҳои ҷолибсозии мавод мақсаднок истифода барад.

Шарипов Сангимурод,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав