• Бахшида ба ҳафтаи илм

Дар публитсистика эҷод шудани асарҳое, ки муаллиф аз мушоҳида ва таҷрибаи зиндагияш ба дигарон пешниҳод менамояд, табиист.Зеро мақсади публитсист натанҳо нақли он воқеаҳои хотирмон аст, балки ба афкори хонанда таъсир гузоштан мебошад.

Олими рус М. Черепахов публитсистикаро “шакли дарки сиёсӣ ва инъикоси воқеият дар шаклҳои гуногуни он”ҳисобидааст. Мусаллам аст,ки ба ғайр аз маводи дар жанрҳои публитсистика эҷодшуда дар шакли рисолаву китоб ҳам тасниф шудани осори публитсистӣ анъанаи қадимии таъсиргузории сухан , ақида мебошад.Аз ин шакл бештар сиёсатмадорон, арбобони давлатӣ , олимон истифода бурда, ҳамчун публитсист таборуз мекунанд.

Китоби ходими давлатӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев бо номи “Файзи замини падарон”, ки ба ифтихори 70- солагии обёрӣ ва обод гардондани водии Вахш соли 2003 ба табъ расидааст, асари таърихию илмӣ набошад ҳам, ҳамчун осори публитсистӣ ҳақиқати иҷтимоии мардуми Хатлонро фаро мегирад.

Муҳаққиқон доир ба осори публитсистии маҳаллии Хатлон ба чунин хулоса омадаанд:” Ташаккули публитсистикаи минтақаи Хатлон бо вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии солҳои 30-юми асри ХХ иртибот мегирад.Бо назардошти ин, метавон осори публитсистии қаламкашони Хатлонро ба ду давраи калон :1.Давраи шуравӣ, солҳои 30-90-уми асри ХХ ва 2. Давраи замони Истиқлол, ки аз соли 90-ум то имрӯз идома дорад, ҷудо кард”.

Андешаҳои публитсистии Амиршо Миралиев дар бораи водии Вахш дар шакли китоб баён гардидааст.Он рухдодҳои муҳими давраи шуравии водии Вахшро бозгӯ мекунад ва дар давраи Истиқлол эҷод шудааст.Таълифи “Файзи замини падарон” бо фаъолияти роҳбарии А.Миралиев алоқаманд буда, собиқаи корӣ ва хуб огоҳ будан аз таърихи водӣ имкон додааст, баррасии мавзуъ воқеъбинона сурат гирад.

Имрӯз , ки вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилоятҳои ҷумҳурӣ асту аз минтақаи аграрӣ ба агросаноатӣ табдил ёфта истодааст, бо заҳмати сокинони меҳнатқаринаш рушд карда истодааст. Инро дар рушди бомароми 25 шаҳру ноҳияи вилоят дидан мумкин аст. Ободии имрӯзаи водии Вахш аз ташаббусу садоқат ва ҷоннисориву қаҳрамониҳои киҳо вобаста буд, шояд насли ҷавони тоҷик маълумоти кофӣ надошта бошад. Дуруст аст, ки дар Осорхонаҳои вилоятии ба номи Бибихонум, Авасто, китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин дар бораи фотеҳони водии Вахш иттилоъ гирифтан мумкин аст.Аммо донистани таърихи зодгоҳ, арҷ гузоштан ба меҳнату ободкории насли калонсол , ки биёбону тӯғайзорҳои сӯзону касногузарро ба водии зарнисори Вахш табдил додаанд, барои насли имрӯз қарзи шаҳрвандию ватандорист.

Худи муаллифи китоб А.Миралиев сабаби эҷоди ин асарро чунин ёдовар шудааст :”Бунёд гаштани канали магистралии Вахш дигар шабакаҳои калону хурди обёрӣ,сохта шудани садҳо иншоотҳои гидротехникӣ, аз худ намудани ҳазорон гектар заминҳои асрҳои аср бекору бесамар хобида, ба макони “тиллои сафед”, боғу токзорҳои шукуфон, киштзорҳои ба шаҳру деҳоти ободу сарзабз табдил додани як гӯшаи дар гузашта хароби кишвар дар таърихи навини миллати мо дар ҳақиқат, саҳифаи дурахшон ва пурифтихор мебошад. Обод гардонидани водӣ тимсоли қаҳрамонӣ, меҳнатдӯстӣ, таҷассумгари рӯҳи шикастнопазир, иродаи қавӣ, садоқати бепоёни наслҳои калонсоли мо ба Ватани азизамон гардидааст. Қахрамонии падару бобоёни мо- фотеҳони водии Вахш мактаби бузурги созандагию бунёдкорист барои наслҳои имрӯзу фардо”.

Олими соҳаи публитсистика А.Саъдуллоев бар он назар аст, ки «воқеияти асил ин худи асарҳои публитсистӣ буда, ба воситаи онҳо рӯйдодҳои замон, анъана, маросим, тарзи сиёсатдорӣ ба дараҷаи маърифату маданияти замон эҳсос мешавад» ”. Ин рисолати публитсистикаро мо дар “Файзи замини падарон”-и Амиршо Миралиев бармало мебинем.

Масъалаи асосии азхудкунии водии Вахш аз об вобастагии калон дошт.Гарчанде минтақа дар соҳили дарёҳои Вахшу Панҷ ҷойгир аст, маҷрои дарёро барои киштукор, ташкили саҳроҳои пахтазору боғҳо дигар кардан лозим буд. Муаллиф инро муҳим ҳисобида , таъкид менамояд, ки маҳз “Об буд ,ки водии Вахш манотиқи дигари вилояти Хатлон ободу корам ва сабзу хуррам шуданд”.

Аз таърих маълум аст, ки солҳои сиюми асри XX ба азхуд кардани заминҳои имрӯзаи водии Вахш на ҳар роҳбару олим масъулону сохтмончиён бовар мекарданд.Онҳо тасаввур ҳам намекарданд, ки “дар он шароит сохтмони чунин иншоот, баровардани оби дарёи Вахш ва ба заминҳои корам мубаддал намудани биёбони шӯрбаста, саҳрои сӯхтаю хароб, ҷангалу туғайзорҳои касногузар , ботлоқҳои беохир имконпазир аст”.

Муҳандиси соҳаи обёрӣ, амрикоӣ Людвел Гордон баъд аз шиносоӣ бо минтақа дар ин ҷо кор карданро рад карда буд. Нависанда ва рӯзноманигори маъруфи лаҳистонӣ Бруно Ясенский, адиби олмонӣ Эрвин Киш, чех Юлиус Фучик сохтмонро дида, аз ташббускориву азми одамони дар сохтмонҳои каналу азхудкунии водии Вахш ба ваҷд омада буданд. Эҷоди романи “Одам пӯсташро иваз мекунад” яке аз намунаҳои тасвири ин корнамоии сохмтончиёни водӣ мебошад.

Нигоранда барои боэътимод будани фикраш аз маълумоти таърихӣ истифода кардааст. Ӯ менависад, ки аз” 200 ҳазор га замини водӣ-16%-и шабакаҳои маҳаллии обёрӣ дошт.

Барои зироаткорӣ мардуми водӣ асосан оби дарёи Вахшро истифода мебурданд. Масалан, ҳанӯз дар асрҳои V-IV-и пеш аз милод сокинони водӣ ба воситаи канал оби дарёро бароварда буданд, ки тахминан ба шохаи имрӯзаи канали Ҷӯйбори боло мувофиқат карда, аз оби он қариб 50 км мураббаъ замин обёрӣ мешуд ”.

А.Миралиев ба китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”рӯ оварда, фактҳои таърихиро истифода кардааст. Ӯ таваҷҷуҳи хонандаро бо давраҳои қадими ин сарзамин, истилои муғулонро дар Осиёи Миёна бо сарварии Чингизхон ҷалб карда, таърихи Қӯрғонтеппа , имрӯза Бохтарро равшан кардааст. Ба андешаҳои аллома Б. Ғафуров такя намуда, хотироти таърихиро қувват додааст. Дар нимаҳои дуюми асри Х1Х ба ғояти ҳаробӣ расида, аз ноободтарин гӯшаҳои Бухорои шарқӣ маҳсуб шудани бекигарии Қӯрғонтеппа, 10 ҳазор будани сокинони водӣ, дар аввали асри ХХ дучори офатҳои сангини табиӣ гардидани водӣ, ҳуҷуми малах ва нобуд шудани тамоми зироат, муромурии чорво , вазъияти тоқатфарсои деҳқонон, ҳиҷрати ҳазорон хонаводаҳои водӣ ба Афғонистон ҳақиқати воқеияти он замонро ифода мекунанд. Аз нигориши муаллиф маълум мешавад, ки баъд аз Инқилоби Октябр, барқарор шудани ҳокимияти шуроҳо диққати роҳбарону ҳукуматдорон ба масъалаи водии Вахш нигаронида шудааст. Маҳз дуюми феврали соли 1921 Кумитаи марказии инқилобии Ҷумҳурии халқии Бухоро Декрет дар бораи заминро қабул карда, сеюми апрели соли 1921 Декрет дар бораи истифодаи оби обёрӣ мебарояд. Милликунонии обу замин деҳқононро аз андозу хироҷҳои бешумор озод ва бори онҳоро хеле сабук кардааст.Ин омилҳое буданд, ки мардуми таҳҷоиро ба кори кишоварзӣ , аз худ кардани заминҳои нав ҷалб мекард. Фактҳои ҷолиби таърихи водӣ аз маълумоти оморӣ, бойгониҳо оварда шуда, муаллиф гузаштаи сад соли пешинаро муаррифӣ мекунад. Масалан,-менависад А.Миралиев,- соли 1925 танҳо дар ноҳияи Қӯрғонтеппа аз 36 деҳа, ки 3500 нафар аҳолӣ дошт, панҷ деҳа бо 450 хоҷагӣ боқӣ монду халос.

Дар ҳаёти мардуми водии Вахш қабули қарорҳои ҳукуматӣ нақши бузург бозидаанд. Таърихи муҳоҷиршавии мардум ба водии Вахш воқеаест, ки барои наслҳои он давра ва имрӯза аҳамияти худро гум накардааст. Ин сиёсати ҳукумати шуроҳо бо мақсади истифодаи дурусти заминҳои бекорхобида, ривоҷи пахтакорӣ амалӣ шуда, барои ободии водӣ таъсири мусбат дошт. 10-уми декабри соли 1926 анҷумани аввалини Шурои вакилони коргарон, деҳқонон ва аскарони сурхи ҶМШС Тоҷикистон оид ба милликунонии замин,об, сарватҳои қаъри замин ва ҷангалҳои мамлакат декларатсия қабул кард. Муҳим будани ҳуҷҷате, ки минбаъд тараққӣ ёфтани водиро тарҳрезӣ мекард, дар таснифи муаллиф чунин ифода ёфтааст :

Дар қарори Анҷуман зарурат ва аҳамият ба минтақаҳои беодам, хусусан ба водии Вахш муҳоҷир кардани одамон аз навоҳии кӯҳистони кишвар махсус таъкид шуда буд. Ба мақсади ба роҳ мондани роҳбарии умумӣ ба муҳоҷирати аҳолӣ дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ Кумитаи муҳоҷират ташкил ёфт. Дар байни солҳои 1925-1926; 1928-1929 аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ-Ғарм, Панҷакент, Ӯротеппа зиёда аз 8000 оила ба водии Вахш муҳоҷир карда шуданд.

Баробари ба водӣ омадан муҳоҷирон ба обёрӣ ва азхудкунии заминҳо,бунёд кардани боғу токзор, парвариши пахта ва зироатҳои дигар , ташкил намудани рафоқат ва хоҷагиҳои колективӣ камар мебастанд ”.

Шуҳрати соҳаи пахтакории водии Вахш дар даврони шуравӣ ва соҳибистиқлолӣ ҳам бо ҳосилнокиву иҷрои нақшаҳо пешсафу назаррас боқӣ мемонад.Аммо дар солҳои сиюм рӯёнидани пахта дар шароити гарму хушки Вахш кори саҳл набуд. Мардуми кӯҳистонро ба иқлими гарми Вахш, кори пахтакориву пиллапарварӣ мутобиқ кунонидан тарафи дигари масъала буд.Имрӯз , ки ватани пахтаи маҳиннах водии Вахш аст, тасаввур ҳам намекунем, ки сад сол пеш онро бо кадом технология парвариш кардаанд.Дар китоби А.Миралиев ба ин ҷавоб ёфтан мумкин аст .

Соли 1927 олимони селексионер Артемов, Антонов, Шеян 27 дона тахмини пахтаи маҳиннах(пахтаи мисрӣ)-ро кишт карда, таҷриба карданд ва ба иқлими водӣ мувофиқати онро санҷидаанд.Соли 1929 дар водӣ дар 32 га ин навъи пахтаро кишт кардаанд.

Масъалаи дигаре,ки муаллиф барои водии Вахш муҳим мешуморад, канали номдори Вахш мебошад. Ӯ чорандешии ҳукумати вақти Тоҷикистонро барои ҳалли ин масъала чунин ба қалам додааст .Ҳаштуми феврали соли 1931 КМ ҲК (б) Тоҷикистон нақшаи сохтмони канали Вахшро тасдиқ кард. Барои сохтмон 123 миллион сӯм ҷудо карда шуд. 500 нафар комсомолони Тоҷикистон сафарбар шуданд. 804 нафар коргарони пеш дар сохтмони иншоотҳои обёрии Дилварзин ширкатдошта, 640 нафар аскарони сурхи аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, аз Маскав, Ленинград,Боку, Тошканд,Украинаю Белорус коргарони соҳибихтисос, кормандони муҳандисию техникӣ омаданд.

Мушкилоти овардани техника ба водӣ дар таснифи муаллиф бо чӣ заҳматҳо иҷро шудани корҳои сохтмониро мефаҳмонад : “Техникаро аз Душанбе қисм-қисм бо аспу уштур меоварданд. Трактору экскаватор ва механизмҳои дигар аз Тирмиз то Панҷи поён бо заврақҳо оварда шуда, сипас онҳоро бо азоби зиёд то ба ҷои сохтмон мерасонданд ва насб мекарданд”.

Дар китоби “Файзи замин падарон” номи ҳамаи онҳое, ки дар ободии водӣ саҳм доштанд, номбар шудааст. Дар воқеъ, дар кори сохтмони канал намояндагони ҳамаи миллатҳои Иттиҳоди шуравӣ китф ба китф истода, қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар китоб ному насаб ва вазифаҳои онҳо зикр шудааст. Сармуҳандиси сохтмон Нелсон-Скорняков, сардори сохтмони канали Вахш-Толстопятов буданд.Қабати зардхоки водӣ то 20- 30 метр обро меҷабид. Академик И. Павловский , профессорон Глушков, Потапов,Розов ба рафъи мушкилоти фурӯравии хок ва ярч кумак карданд.

Сохтмони роҳҳо, махсусан ,роҳи оҳан, ки барои идома додани сохтмонҳои каналҳои дигар дар вилояти Хатлони имрӯза зарурат дошт.Дар китоб оид ба роҳи оҳани камбари Панҷ-Қӯрғонтеппа , оғози сохтмони он дар соли 1931, дар масофаи 105км тӯл кашидани он маълумот дода шудааст.

Иттилоъ дар бораи соли 1938 ба итмом расидан навбати аввали каналсозӣ- каналҳои магистралии Вахш- 17,7 км, канали Қумсангир- 60 км, Оқғоза-1755км шабакаҳои обёрии магистралӣ ва хурд, 2534адад иншоотҳои гуногуни гидротехникӣ , канали магистралии Шурообод дар ноҳияи Куйбишев, каналҳои Ҷиликӯл, Ҷиликӯлкофир бо факту арқоми саҳеҳ оварда шуда, марҳала ба марҳала обод гардидани водӣ , системаи ирригатсионӣ ва мелиоративии Вахш тасвир шудааст.

Профессори соҳаи журналистика Абдусаттор Нуралиев фактро барои таҳлили иттилоот ченак медонад, ки «ин лаҳзаи фаъолияти ҳаёти шахс, ходимони давлатию сиёсӣ, ташкилотҳои мухталифи ҷомеа»-ро дар бар мегирад. Вай масъулияти нигорандаи фактро дар «муносибати бовиҷдонона нисбат ба факт, сана, ном, рақам, ақида» мебинад”.

Дар китоби А.Миралиев фаровон истифода шудани фактҳо ҳақиқати инъикосшударо таъкид менамояд. Агар заминҳои обёришавандаи водӣ аз 29 ҳазор то 70 ҳазор га ва майдонҳои пахтазор ба 27га баробар шуда бошад, навбати дуюми аз худ ва корам намудҳои заминҳои бекорхобидаи водӣ то соли 1955 ба таъхир афтод. Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сафарбар шудани ҳамаи қувва барои фронт , кумак ба Армияи Сурх ба ин сабаб гардид.

Муаллиф дар бораи марҳалаи навбатии азхудкунии заминҳо, сохтмони каналҳо дар мавзеъҳои имрӯзаи ноҳияҳои Дӯстиву Ҷайҳун, Қубодиён,Ҷалолиддини Балхӣ маълумоти мушаххас додааст:” Дар зарфи даҳ сол дар мавзеъҳои Оқғоза, Қумсангир, Гулистон, Қароланг, Ӯртабуз ва Ғаравутӣ 23 ҳазор гектар корам ва қобили истифода гардонда шуданд. Солҳои 1956-1957 канали магистралии Вахш таҷдид шуд. Соли 1962 сохтмони канали магистралии Ёвону Обикиик оғоз ёфт”.

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз ноҳияҳои ҷавонтарини вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.Он таърихан таърихӣ ва қадимӣ бошад ҳам, аз худ кардани заминҳои он танҳо солҳои 80-уми асри ХХ шуруъ шудааст. Дар ин хусус муаллиф маълумоти зеринро овардааст. Аз сохтмони канали калони магистралии Бешкент,ки соли 1982 ба истифода дода шудааст, 12 ҳазор га замини бекорхобидаи водии Бешкент обёрӣ гардид.

Китоби “Файзи замини падарон” чун таърихномаи ҳаёти мардуми водӣ симои мутахассисон, роҳбарон, зарбдорони майдонҳои пахтазор ва сохтмончиёне, ки дар бунёди зиндагии нав , ободии водии Вахш талош карда, бо иродаи қавӣ ба ояндаи он некбин буданд, ҷилвагар мекунад. А.Миралиев барои донистани хонандаи китобаш онҳоро як-як муаррифӣ карда, ба арҷгузории заҳмат , пос доштани хотираи онҳо водор мекунад. Масалан, Сергей Мирошниченко соли 1938 сардори идораи системаи обёрии Вахш ва соли 1940 сардори идораи хоҷагии оби вилояти Сталинобод таъин гардида буд. Соли 1964 Сергей Засимович, ки дар бартаф кардани маҷрои дарёи Зарафшон хизмат нишон дода буд, дар корҳои обёрӣ аз дарёи Вахш низ саҳм гузоштааст. Мария Власова, Н. А. Алтипин, Н. М. Картушин барин мутахассисони фаъолони ҷабҳаи меҳнат дар водӣ корщои шоиста кардаанд.

Муаллиф дар бораи мутахассисони маҳаллӣ низ маълумот додааст. Худойқул Маҳмудов ва Раҳмат Усмонов -сардорони Раёсати системаи обёрикунии Вахш дар азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Ғаровутӣ, водии Бешкент, Тошработ, Гулистон саҳм гузоштаанд.

Колхозчизан Ҳамроҳбибӣ Абиева соли 1935 дар мавсими пахтачинӣ то 200 кг пахта мечиндааст.

Аз мутоилаи китоб дар бораи воқеаҳои муҳими даврони шуравии водии Вахш , рушди вилоят , муҳоҷирати дохилии мардуми тоҷик, раванди сохтмонҳои каналу системаи обёрикунӣ , ривоҷи пахтакорӣ ва қаҳрамонони он иттилоъ гирифта, кас ба рӯҳияи ватандориву меҳнатқаринӣ аҳсант мехонад, ба донистани таърихи мардуми водӣ , муқоиса бо гузаштаву ҳозира имкон медиҳад. Худи Амишо Миралиев дар бораи ин рисолати китобаш навиштааст:

“Солҳо мегузаранд, наслҳо иваз мешаванд, зиндагӣ дар пеши чашм тағйир меёбад. Вобаста ба шароит ва тақозои давру замон бисёр арзишҳо, мафҳумҳое ҳастанд, ки ҳаргиз моҳият ва қимати хешро гум намекунанд, балки ба гузашти рӯзгор маъниҳои амиқтар касб менамоянд. Ҳисси ватандорӣ , муҳаббат ба халқи худ, азму ғайрат ва ору номус, кӯшиши талош баҳри созандагию ободкунӣ арзишҳои ҷовидонаанд. Онҳо аз насл ба насл гузашта, имрӯз ба хислати фитрии мардум табдил ёфтааст”.

Воқеияте, ки муаллиф дар китоби худ ғунҷондааст, ҳамаи давраҳои азхудкунии заминҳои водии Вахшро фаро мегирад.

Ҳоло вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои рушд кардаистодаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Соҳибистиқлолӣ барои мардуми водӣ шароити беҳтари ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ, баромад ба бозори ҷумҳурӣ ва содироти байналмилалиро муҳайё кардааст. Сокинони се миллион нафараи вилоят барои амалӣ кардани барномаву стратегияҳои соҳаи кишоварзӣ, гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол , истифодаи дурусти нуриҳо, технологияҳои инноватсионӣ, коркарди меваву сабзавот, ашёи хоми пахтаву пилла дар корхонаҳои маҳаллӣ , минтақаи озоди иқтисодӣ меҳнат мекунанд. Ба андешаи профессор И.Усмонов “Публитсистика ҳамчун соҳа мақсад дорад ба ақл, биниш ва фаросати гирандагонаш ба воситаи образ не,ба воситаи воқеияти ҳақиқии нав таъсир расонда, барои муайян шудани ҷояш дар иҷтимоъ кумак кунад”.

“Имрӯз бо гузашти даҳсолаҳо, аҳамияти беназири таърихии он корнамоиро амиқтар дарк менамоем,-навиштааст Амиршо Миралиев,-моҳияти дигаргуниҳои азимеро, ки сохтмончиёни канали Вахш ва нахустфотеҳони водӣ ба амал овардаанд, равшантар эҳсос менамоем. Пас аз садсолаҳо низ наслҳои оянда кори бузургеро , ки дар ибтидои даҳаи сеюми асри бист дар Вахшонзамин оғоз гардидаю симои водиро ба куллӣ дигар кард, аз хотир нахоҳанд баровард. Неруи бузургии созандагии аҷдоди мо наслҳои оянда ва наслҳои ононро ҳидоят ба ҷонфидоию қаҳрамониҳо ба хотири рушду ободии Ватан хоҳад кард”. “Файзи замини падарон” китобест барои мутолиа, бардошти маънавӣ, тарбияи ватанпарастӣ, меҳнати садоқатмандона баҳри Ватан ва халқ ҳамчун намуна хизмат карда метавонад. Муаллиф мақсадашро оммафаҳм ва муассир баён карда, таваҷҷуҳи хонандаро ба таърихи гузаштаи водӣ, сохтмонҳову ободкориҳо ҷалб кардааст.

Маҳкамзода Дилором Юнус,

дотсенти кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав