• Бахшида ба ҳафтаи илм

Таърих исбот намудааст, ки миллати тоҷик аз азал худшинос, худогоҳ ва ватанпараст буду ҳамеша баҳри ҳифзи озодӣ ва арзишҳои миллии хеш садо баланд кардааст. Ва мо имрӯз маҳз ба хотири ин садоҳо ва ин ҷоннисоркуниҳои онон мавҷудияти миллат ва арзишҳои онро ҳифз кардаему осуда умр ба сар мебарем. Ҳамзамон ҳар гоҳе сухан аз миллату таърихи он равад, бо сари баланд мегӯем, ки мо халқи соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва соҳибдавлатем. Яке аз чунин шахсиятҳои ватанхоҳу худогоҳ аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки бо шоҳасари мондагори худ “Тоҷикон” равзанаи нави худогоҳиву худшиносиро баҳри миллати тоҷик во намудааст. Ва ин беҳуда ҳам нест. Зеро таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад.

Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию манавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рў, омўзиши тамаддуни ҳар як халқ, аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмўи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромўшї мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархўрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмўъ сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад. Бинобар ин тадқиқи таърихи тамаддуни ҳар халқу миллат ҳеҷ гоҳ барои эҳсоси ғурур ва ифтихори ноҷо аз гузаштаи худ набуда, он бояд барои нишон додани роҳи тўлонӣ ва пурпечутоби тайкардаи ниёгони худ, шинохти заминаҳои аслию унсурҳои асосӣ ва муайян намудани хусусияту тамоюлҳои тамаддуни аҳди қадим равона гардад ва такони таъсирбахше барои рушду инкишофи тамаддуни муосираш бошад, дар яке аз таълифоти хеш тазаккур дода буданд Сарвари кишвар.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд. Чуноне Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”.

Дар интиҳои асри ХХ ва оғози асри XXI инсоният шоҳиди рўйдодҳои бузург ва ҳайратангези ҷаҳони пурталотум гардида, низоми устувору комилан ташаккулёфтаи тарҳи сиёсиву иқтисодии сайёра рў ба таҳаввулоту дигаргуниҳои инқилобӣ овард. Давлатҳои абарқудрат ва низомҳои фарогири сиёсӣ, ки ба қимати ҷони миллионҳо фидоиёни инқилоби пролетарӣ дар давоми даҳсолаҳо бунёд гардида буданд, бар асари тазоҳуроти демократӣ, ҷунбишҳои миллии озодипарастӣ ва равандҳои тозаи истиқлолхоҳӣ дарҳам шикаста, аз миён рафтанд.

Дар айни ҳол бо тақозои маҷрои ҷаҳонишавӣ ва густариши глобализатсия раванди баҳампайвандӣ ва вобастагии мутақобилаи давлатњову кишварҳо ва миллатҳову тамаддунҳои мухталиф густариш ёфта, дастовардҳои умумибашарӣ, меъѐрҳои ҷомеаи демократӣ ва арзишњои асили миллї вусъат пазируфтанд. Гузашта аз ин, дар кураи замин на танњо марзбандии ҳавзаҳои геополитикӣ ва иқтисодиву стратегӣ низому шакли тоза мегирад, балки ҳудуди тамаддунҳои қадиму љадид аз нав марзбандӣ гардида, миллатњои хурду бузург доираи фарҳангу тамаддуни хешро аз ҳисоби ба ҳамдигар наздик гардонидани тамаддунҳои ҳамҷавор тавсеа мебахшанд.

Давлатҳои тозаистиқлол аз фишори низомҳои худкомаи сиёсӣ раҳида, дар талоши таҳкими истиқлолият, тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ёфтани мақому манзалати муносиб дар ҷомеаи муосир ҳастанд ва эҳёи ҳайратангези давлату миллати хешро аз сар мегузаронанд. Ҳамин тариқ, равандҳо ва тамоюлоти ҷомеаи башарӣ, таҳаввулоти пайгиронаи илму техника ва технологияи замонавӣ то ҷое расидааст, ки баъзе ҷомеашиносон аз фарорасии давраи комилан нав – ҷаҳонишавии тамаддуни иттилоотӣ ва вусъатёбии глобализатсия чун меҳвари пешбарандаи ҷомеаи умумиинсонї изҳори андеша мекунанд. Ҷаҳони имрўз ба сўи тамаддуни иттилоотӣ қатъитар гом мениҳад, ки муҳимтарин хусусияти он наздикшавии фосилаҳои замонию маконӣ ва интишори дастовардҳои илмию фарҳангӣ мебошад.

Тамаддуни иттилоотӣ қутбнамои самти нави рушди инсоният буда, моҳияти аслии онро интишор ва мубодилаи бењадду марзи иттилоотӣ, рушди васоити интернетӣ, коркарду пахши барномаю ахборот ва густариши алоқаи моҳворавӣ, торафт вусъат ёфтани имконияти технологияи компютерӣ ва васоити иттилоотӣ ташкил хоњад дод. Ҳамаи ин моро водор менамояд, ки баҳри ҳифзи арзишҳои миллии хеш, муаррифии онҳо ва барои ояндагон ба мерос гузоштанашон аз равишҳои идеологие истифода намоем, ки яке аз онҳо худшиносии миллӣ мебошад.

Барои миллати мо чунин сарчашмаи бузурги худогоҳӣ ва худшиносӣ дар айни замон китоби “Тоҷикон”- и аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Зеро худшиносӣ муҳимтарин василаи рушди тафаккур ва маънавиёти ҷомеа ба шумор меравад. Китоби мазкур аз он ҷиҳат метавонад дар баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва хештаншиносии ҷомеа асаргузор бошад, ки он таърихи миллати моро аз замонҳои қадим то ба имрӯз мавриди инъикос қарор додааст.

Чуноне Сарвари кишвар муҳтарам Эммалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” қайд менамоянд: “Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” таърихи қадимтарин, қадим ва асримиѐнагии халқи тоҷик, дар айни замон таърихи илму адабиѐт, санъати меъморӣ ва афкори динии халқи тоҷикро дар маҷрои ягонаи таърихи умумибашарӣ ва аз назари илми академӣ таҳқиқ намуд.

“Тоҷикон” аввалин таҳқиқоти мукаммалу пурра оид ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам буда, муаллифи он бо нашри маҳсули заҳмати беш аз сисолаи худ саҳми арзандаи ниёгони моро дар таърих ва тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён собит кард. Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳофизаи таърихии мардумро бедор намуд ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ руҳи тоза бахшид. Муаллиф бо як ҷасорати ба худ хос ва далелҳои қотеъ анъанаҳои фарҳангиву таърихии давлату давлатдории тоҷиконро дар давоми чандин ҳазор сол гирдоварӣ ва арзёбӣ карда, дар айни замон ба таҷрибаи таърихии инсоният ва мероси фарҳангии дигар сокинони қаламрави Осиёи Марказӣ баҳои холисона ва одилона додааст.

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки усули таърихнигории Бобочон Ғафуров аз роҳи пешгирифтаи онҳое, ки дар замони собиқ шуравӣ илми таърихнигориро пойбанди ғояҳо ва маҳдудияту таассуби он давра гардонида, раванди ба халқи ягона табдил додани халқу миллатҳои гуногунро мунтазам тарғибу талқин мекарданд, тафовути ҷиддӣ дорад: академик Ғафуров таърихи тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказиро дар қаринаи таърихи умумиаврупоӣ ва умумибашарӣ таҳқиқ карда, худро чун муаррихи авруосиѐии замони нав муаррифӣ намуд.

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо пеш аз ҳама лаҳзаҳоеро меҷӯст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат карда тавонанд. Таҳқиқоти у доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд.

Касе, ки гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест гуфтаанд. Ин калом моро ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русуми худ мудом воқиф бошем. Таърихро беҳуда хотираи инсоният наменоманд. Зеро ҳеҷ фарде бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад ва ба вартаи фанову гумномӣ меафтад. Пӯшида нест, ки баъди инқилоб мардуми мо ба таври сунъӣ аз омӯхтани таърихи чандинҳазорсолаи худ бенасиб гашт ва маънавияту ахлоқаш аз нарасидани ин ғизо коҳид.

Асари Бобоҷон Ғафуров, ки чун обу ҳаво барои худогоҳӣ ва рушди тафаккури таърихии мардум зарур буд, дар тӯли панҷоҳ сол танҳо як маротиба нашр шуд. Албатта, ин боиси таассуф аст. Аз рӯи инсоф мебоист ин асар борҳо аз чоп мебаромад ва дастраси ҳар як фарди тоҷик мегардид. Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт.

Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад. Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст”,- гуфта буданд Сарваи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси cap намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии нухбагони сарзамини хешро ҳифз кардаанд. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз суқути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад.

Хушбахтона, истиқлолияти давлатии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ эътироф гардид. Ниёгони хирадпешаамон ҳамвора дар орзуи расидан ба ин рӯзи хуррамиву фирӯзӣ ниёишҳои зиёдеро ба қалам овардаанд ва танҳо дар даҳсолаи охири асри XX мо ба ин саодати бузург шарафёб шудем.

Дар ҳақиқат, қимати илмии «Тоҷикон» бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш натанҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин омӯзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомӯзад.

Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем. Дар ин роҳи пуршараф омӯзиш, ҳифз ва тарғиби асари гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» барои барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, боло бурдани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии мардум, ҷомеа ва насли ҷавон, ки ояндаи давлату миллатанд, мадад хоҳад расонд.

Расулова Наргис,

омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиѐти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав