Ҷашни «Меҳргон» аз қадимтарин маросимҳои мардуми ориёитабор ба шумор рафта, нишонаи осудагӣ, файзу баракат ва бақои ҳаёт дар рӯйи замин дониста мешавад. Дар мавриди Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва илмиву фарҳангӣ маълумотҳои хеле ҷолиб мушоҳида карда мешавад. Вале маълумоти бештарро дар мавриди ин ҷашни бостон ва маросимии мардумонони ориёитабор махсус, тоҷикон дар фарҳангномаҳо дастрас кардан мумкин аст.

Айни ҳол дар фарҳанги ашъори Рӯдакӣ доир ба ҷашни мазкур маълумоти хеле муфассал дода шудааст. Дар луғатномаи мазкур Меҳргон аслан, ба чор маъно омадааст:

1. Меҳру муҳаббат;

2. Номи рӯзаи шонздаҳуми аз ҳар моҳ;

3. Номи моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, ки офтоб дар бурҷи мизон қарор дорад ва он ибтидои фасли хазон(тирамоҳ) аст;

4. Номи яке идҳои қадимаи мардуми эронинажод. Ҳамчунин дар фарҳанги мазкур дар такя ба «Бурҳони Қотеъ» дар бораи ҷашни Меҳргон маълумоти хеле муфассал дода шудааст, ки муаллифи «Бурҳони Қотеъ» мефармояд: «Ва назди форсиён баъд аз ҷашн ва иди Наврӯз, ки рӯзи аввали омадани Офтоб аст ба бурҷи Ҳамал.

Аз ин бузургвортар ҷашне намебошад. Зеро ҷашни мазкур ба фаъолияти пурсамари марди деҳқон, ки ризқрасонандаву идомабахши ҳаёт аст, марбут мебошад. “Дар даврони Шӯравӣ ба ҷойи Меҳргон Иди ҳосилот ҷашн гирифта мешуд. Заҳматкашон ҳар сол баъди ҷамъоварии зироатҳои хоҷагии қишлоқ Иди ҳосилотро мегузаронданд, ки дар асл яке аз қисматҳои унсурҳои қадимаю бостонии ҷашни Меҳргон буд. Рӯзҳои Иди ҳосилот дар шаҳру деҳот бозиҳои варзишӣ ‟ бузкашӣ, гӯштингирӣ, консертҳо, камонварӣ ва ғайра барпо мегардиданд”.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ҷашни мазкур таърихи беш аз се ҳазор сола дошта, дар сарзаминҳои мардуми тоҷику форс, бо риояи расму суннатҳои хосса бо шукуҳу шаҳомат истиқбол гирифта мешуд. Ниёгонамон ҳангоми таҷлили меҳргон омодагии ҳамаҷониба дида, ба майдони ҷашнвора бо либосҳои махсус рафта, ба якдигар ин идро шодбош мегуфтанд. Як муддат бо сабабҳои гуногун иди меҳргон низ ба мисли дигар ҷашнҳои ниёгонамон ба гушаи фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона, бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Тиргон суннату анъанаҳои иди Меҳргон дубора эҳё гардида, ҳоло дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Сарвари давлат нисбати ҷашни меҳргон ба маврид гуфтаанд:

«Меҳргон таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум мебошад. Дар асрҳои минбаъда арзишҳои наҷибу судманди Меҳргон дар байни мардум бештар чун иди ҳосилот маъмул гардид, вале таҳти таъсири омилҳои гуногун анъанаи таҷлили он чун ҷашни махсуси миллӣ аз байн рафта буд. Танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки Меҳргонро бо тамоми расму одатҳои неки он аз нав зинда гардонем». Ҷашни меҳргон натанҳо натиҷагирӣ аз дастовардҳои кишоварзон, балки василаи иттиҳоду сарҷамъӣ, баракату файз, қабули нақшаи минбаъадаи фаъолият ба ҳисоб меравад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ иди меҳргон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти № 538, дар тамоми гўшаю канори кишварамон бо шукўҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ баргузор мегардад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр идома меёбад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Ҳамчунин меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон ва омили пешрафт ба ҳисоб меравад.Ба ҳар сурат, Меҳргонро ҷашни бисёр нек “шуморида, шоирон дар васфи он шеърҳо суруда, мардумро ба меҳрубониву илтифот, марҳамат, саховат ва меҳрубонӣ даъват мекарданд. Меҳргон ва ҳаводиси вобаста ба он, инчунин фазилатҳои он мебошад. Вале яъқинан маълум аст, ки Меҳргон ҷашни қадимаи мардуми ориёитабор мебошад ва дар асри ХХI эҳдокунанда ва эҳёгари ин ҷашну маросими аждодӣ, ки ба тирамоҳ, мавсими ҳосилот ва ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон баргузор карда мешавад, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, марди фарҳангпарвару тамаддунсолор, Президенти азизу муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2005 инҷониб ид карда мешавад, ки ин шукӯҳу ҳашамати худро бо тамоми зебогиву нафосаташ ҷилвагар месозад”.

Дар давраи Сосониён ҷашни меҳргон бисёр бошукўҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии меҳргон ба иди Наврўз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепўшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рўз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиѐд мекарданд, ки ин вижагиии ҷашнҳои мардуми тоҷику форс, бахусус иди меҳргон аст.

Қофиласолори назму насри адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Хаз бар ҷойи мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

Мурда ба ҷойи савсан омад боз,

Май бар ҷойи арғавон омад.

Баъди Инқилоби октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба истиқболи ин рўзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.

Имрӯз ҷашни меҳргон дар кишварамон бо риояи тамоми расму оинҳои миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз мардуми деҳқон дастоварду ранҷи ба дастовардаи худро пеҳниҳоди мардуми ҷомеа мекунанд. Ин ҷашн моро бо асли худамон пайванд мекунад, ки он боиси сарфарозӣ мебошад.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Аблуқосим Фирдавсӣ ҷашни Меҳргонро бо Фаридун писари Отибин аз авлоди Ҳушанг, ки набераи Каюмарс буд, нисбат медиҳанд, ки он ба ҳаводиси рӯзгорони Коваи Оҳангар ва шоҳ Фаридун рост меояд. Дар ин рӯз бо ёрии Коваи Оҳангар шоҳ Фаридун ба маснади подшоҳӣ менишинад. Бо фармони ӯ Заҳҳоки золим маҳкум карда мешавад ва дар ғори кӯҳи Дамованд муҷозот мешавад.

Шояд дар Бурҳони Қотеъ шарҳи калимаи Меҳргон ба маънои «меҳр-мурдан» ва «гон»-ба маънои подшоҳи золим» асли маънии ин вожаро ифода карда натавонад, аммо ҳаводиси он яъне, рӯзи он нисфи моҳ 16-ум рӯзи ба ҷаҳаннам фиристодани подшоҳи золими форсиён ба воқеият наздикъне, рӯзи муҷозоти Заҳҳок дар назар дошта шуда бошад. Аммо, дар «Шҳнома»чуноне зикр намудем, рӯзи номбурдаро ҷашни ғалабаи некӣ ба бадӣ, адолат бар зулм, меҳрубониву илтифоти шоҳон ба раоё, поёнии ҷабру ҷафо шоир ба қалам додааст.Чунончӣ, Фиравсӣ дар ин хусус чунин гуфтааст:

Ба расми Каён тоҷу тахти меҳӣ,

Биёрост бар кохи шоҳаншаҳӣ.

Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ,

Ба сар барниҳод каёни кӯлоҳ.

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар яке раҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба ойини Кай ҷашни нав сохтанд.

Парастидани Меҳрогон дини ӯст,

Таносоиву хӯрдан ойини ӯст.

Кунун ѐдгор аст, аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ, эч манол чеҳр”.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рўзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдат ‟ Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол дар сатҳи баланд чун иди миллии давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ҳамасола ба муносибати ин ҷашни таърихӣ дар Вазорату Кумитаҳо, идораву ташкилот, корхонаҳо, бавижа дар муассисаҳои таълимӣ ҷашни меҳргон бо риояи тамоми суннатҳо истиқбол гирифта мешавад. Дар чунин чорабиниҳо муҳаққиқон вобаста ба таърихи пайдоиш ва суннатҳои ҷашни меҳргон маълумоти зарурӣ пешниҳод мекунанд, ки ин барои насли наврасу ҷавони кишвар бисёр муҳим мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки аҳли илму адаб дар ситоиши ҷашни меҳргон пораҳои шеърӣ гуфтаанд, ки ин аз маҳбубияти хосса доштани иди мазкур дарак медиҳад. Барои мисол чанд намунаи онро аз осори шоирони классики ва муосири тоҷик пешниҳод менамоем: Умуман, ҷашни меҳргон ҳамчун иди дӯстиву ваҳдат, пайвандаги инсон бо табиат, василаи муҳаббату худшиносӣ ва табодули афкору фаъолият пазируфта мешавад.

Наврӯза Чалишова,

Зоиров Рустам,

омӯзгорони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав

Все реакции:

99