• Бахшида ба “Ҳафтаи илм”

Омӯзишу таҳқиқи рӯзгор ва фаъолияти публитсистони маҳал ва матбуоти даврии музофот дар кишвар аз ҷониби муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ то ба имрӯз ба таври амиқ сурат нагирифтааст. Гарчанде дар бораи осори публитсистии баъзе аз қаламкашони хатлонӣ ва махсусияту вижагиҳои матбуоти ин маҳал ишораҳо бошанд ҳам, аммо онҳо хеле каманд. Публитсистикаи маҳаллӣ ва ё “матбуоти музофотии кишвар дар умри беш аз ҳаштодсолаи худ паҳлуҳои зиёди мавриди таҳқиқро ҳамчун сарчашмаҳои кашфношуда ба вуҷуд овардааст. Мутаассифона, ин ва амсоли ин проблемаҳои матбуоти маҳаллии кишвар то имрӯз таваҷҷуҳи аҳли пажӯҳишро ба тавре ки бояд, ба худ ҷалб насохтааст. Ба ибораи дигар, ин типи матбуоти даврӣ аз эътибори аҳли таҳқиқ дур мондааст. Ҳол он ки матбуоти маҳаллӣ ҷузъи таркибии матбуоти даврӣ буда, аз як тараф вижагиву хусусиятҳои хосса, аз сӯйи дигар сабақҳои касбиеро молик мебошад, ки омӯзишу пажӯҳиши онҳо натанҳо барои аҳли илм, балки барои омӯзгорону донишҷӯён, кормандони эҷодии ин типи нашрияҳо ва пешбурди ин соҳа аз аҳамият холӣ нахоҳад буд”.

Дар корҳои илмии олимони соҳаи журналистика ва публитсистикаи тоҷик, аз ҷумла А. Саъдуллоев, И. Усмонов, П. Гулмуродзода, Д. Давронов, М. Муродӣ, А. Азимов, Н. Салихов, М. Абдуллозода, Ҷ. Муқим, Ш. Муллоев, С. Гулов, С. Ҳайдаров, О. Салимзода. Б. Қудбиддин, Ҷ. Раҳмонова, Д. Самадова, Н. Кӯчарова, Н. Усмонова, Д. Маҳкамова, Н. Маъмурзода, С. Шарипов ва чанде дигарон зимни таҳлили масъалаҳои гуногуни публитсистика ва матбуоти даврии музофотӣ ба фаъолияти публитсистони маҳал низ таваҷҷуҳ намудаанд.

Публитсистика дар давраи таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, барои таҳрики афкори мардум рисолати худро бештар намоён мекунад. Публитсистоне, ки имрӯз дар кишвар ва берун аз он бо осори публитсистӣ муаррифӣ шудаанд, маҳз дар идораҳои матбуоти маҳал тарбия дидаву ба зинаҳои баландтари эҷод расидаанд. Бояд зикр кард, ки масъалаи интихоб ва баррасии мавзӯъ аз ҳаёти маҳал боиси эҷоди асарҳои публитсистие шуданд, ки дархӯрди талаботи ҷомеа гаштаанд.

Муҳаққиқ М. Муродӣ публитсистикаи тоҷикро ба чор давра ва чор насл табақабандӣ карда, вижагиҳои осори ҳар кадомеро мавриди таҳлил қарор додааст. Ташаккули публитсистикаи минтақаи Хатлон бо вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии солҳои 30-юми асри ХХ иртибот мегирад. Бо дар назардошти ин, метавон осори публитсистии қаламкашони Хатлонро ба ду давраи калон: 1. Давраи Шӯравӣ солҳои 30-90-уми асри ХХ; ва 2. Давраи замони истиқлол, ки аз соли 90-ум то имрӯз идома дорад, ҷудо кард.

Аксари публитсистони Хатлон дар идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявию шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аввалин намунаҳои эҷоди публитсистии худро интишор намуда, баъдтар маҳораташонро такмил дода, ба навиштани асарҳои калонҳаҷм пардохтаанд. Ба ақидаи муҳаққиқ Н. Маъмурзода маҳз бо туфайли фаъолияти пурсамари журналистону публитсистони маҳаллӣ масъалаҳои гуногуни ҳаёти музофот инъикосу баррасӣ мегардиданд, ки ин ба дарку ҷаҳонбинии сокинон аз воқеаву падидаҳои замон мусоидат менамуд. “Дар солҳои 80-ум журналистикаи тоҷик аз нигоҳи касбият ба таври назаррас пеш рафтааст. Махсусан, нашрияҳои маҳаллӣ, мактабҳои хуби эҷодии худро ба вуҷуд овардаанд, талабот нисбат ба маводҳои чопшуда ҷиддӣ гардид. Бо мутолиаи рӯзномаҳои он солҳо шаклҳои жанрии маводро ба осонӣ муайян кардан мумкин аст. Рӯзноманигорон мақсад гузоштанд, ки бештар факту маълумот, суратҳое истифода намоянд, ки вазъи воқеии корро инъикос мекунанд. Ахборот, очерк, репортаж, фелетон барин жанрҳо истифода шуда, дар нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, “Ба пеш”, “Ҳаёти нав”, “Вахш”, “Байрақи Коммунизм” рӯйи чоп меомаданд, ки хонандагони зиёд доштанд. Хусусияти асосии осори публитсистии онҳо дар он аст, ки на танҳо мушкилоти иҷтимоӣ ва маънавии мардуми маҳалро инъикос кардаанд, балки ба ҳалли онҳо низ мусоидат намудаанд. Рӯҳи иҷтимоии осори публитсистӣ “… дар ҳар давру замон дахолат ба воқеиёти муҳими рӯз ва маърифати иҷтимоии онҳо” ба ҳисоб меравад, ки аз рисолати он бармеояд.

Бахтиёр Муртазо ҳамчун яке аз публитсистони намоёни тоҷик ба инъикоси ҳаёти мардуми вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хосса намудааст. Дар асарҳои публитсистии ӯ азхудкунии заминҳои водии Вахш, рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди муассисаҳои талимиву фарҳангӣ, саҳми меҳнаткашон дар рушди ҷомеа ва монанди ин масъалаҳо бозгӯ шудаанд: “Дар маҷмўаҳои «Ман заминро дўст дорам» (1977 ), “Лимуи тоҷик” (1983), «Эҳёи Бешканд» (1986), “Чашмаи офтоб” (1987), “Ман чароғ афрўхтам” (2005), “Ҷавпазак” (2000), “Нуҳ чинори Балҷувону Баҳманрўд” (2010) ва ғайра очеркҳои зиёде дар мавзўъҳои кишоварзӣ, бунёди иншоотҳои гуногун ва маънавиёт чоп гардидаанд, ки метавонанд мавзӯи таҳқиқи ояндаи публитсистикаи маҳал бошанд. Муҳтавои ин асарҳоро ғояҳои созандагӣ, меҳнатдўстӣ ва фидокории инсонҳо ташкил медиҳанд. Публитсист ба ин масъала дар ду давраи фаъолияти эҷодии худ: замони Иттиҳоди Шўравӣ ва давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳкардааст. Бо вуҷуди умумияти инъикоси ин мавзўъҳо дар давраҳои гуногуни фаъолият, онҳо аз ҳамдигар фарқмекунанд. Сохти давлатдорӣ, тарзу усули кор ва натиҷаҳои меҳнатӣ омилҳои асосии мутафарриқии он ба ҳисоб мераванд”.

Азбаски рушди публитсистика ва матбуоти маҳал ба замони истиқлол рост меояд, дар ин бора олимони соҳаи журналистика ишораҳо доранд. “Дар публитсистикаи ин давра бо вуҷуди ба назар расидани баҳси масъалаҳои гуногун, инъикоси мавзӯъҳои таърихиву сиёсӣ ва худшиносии миллӣ бартарӣ доранд. Дар инъикосу тасвир ва ба баҳс кашидани ин ва амсоли ин масоил нақши насли нави публитсистон низ барҷаста аст. Ба ин насл метавон Фотеҳ Абдулло, ЗиёАбдулло, Султони Ҳамад, Зафар Мирзоев, Нуралӣ Давлат, Хуршеди Атоулло, Салим Аюб, Зафар Суфӣ, Ҳуринисо Ализода ва чанде дигарро дохил намуд”, – қайд мекунад профессор М. Муродӣ.

Ба таъбири Н. Усмонова “Ба муаллифи асари публитсистӣ, пеш аз ҳама, назари ҳамабин лозим аст. Вай бояд гузаштаву имрӯзаро пурра донад ва ояндаро пешбинӣ карда тавонад. Дар баробари ин ҳама ташхис намудани неку бад, роҳи ҳалли мушкилотро низ гуфта тавонад”. Мавзӯъҳои дӯстиву ваҳдат, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ, тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон, рушди соҳаи кишоварзӣ, тарғиби меҳнатдӯстиву рафоқат, мубориза бо падидаҳои номатлуби замон, нақши занону ҷавонон дар ҷомеа ва ғайра баррасӣ шудаанд. Таъсирпазирии маводи публитсистии маҳаллӣ ва “рангорангии матбуоти даврӣ имкон медиҳад, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва рӯзгори мардум бо ҷузъиёташ мавриди инъикосу баррасӣ қарор гирад”.

Дар воқеъ, маҳз тавассути публитсистика тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва пешрафту мушкилоти он баррасиву инъикос мегардад.

Истиқлолияти давлатӣ ба публитсистони маҳаллӣ имконияти васеи эҷодро фароҳам оварда, қисме аз ин осор дар шакли китоб ва маҷмӯаҳои дастҷамъона нашр шудаанд. Интишори китобу маҷмӯаҳои алоҳида, аз як тараф, барои мутолиаи хонандагон бошад, аз тарафи дигар, чун манбаи таҳқиқи пажӯҳишгарон хидмат мекунад. Муҳаққиқ Н. Бозоров аз лавҳаю очерк, сафарномаву ёддошт ва асарҳое ёдовар мешавад, ки адибону публитсистони ватаниву хориҷӣ пас аз дидани минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, хосса вилояти Хатлон (дар пештара вилояти Кӯлоб) эҷод кардаанд. Ӯ аз ҷумла, менависад: “Ҷалол Икромӣ дар сафари даҳрӯзааш – аз маркази собиқи вилоят – шаҳри Кӯлоб то ба ноҳияи Ховалинг, деҳаҳои Сангтӯда, Дараи Мухтор, ки Восеъи диловар бар зидди зулми золимон қиём карда буд, кӯҳи Зағара, қишлоқи Панҷурт, ноҳияи Муъминобод ва баъзе деҳоти он – асосан аспсавор сайр карда, дидаҳояшро моҳирона тасвир намудааст”. Ин асарҳо барои публитсистикаи маҳал чун заминаи эҷоди дигар асарҳо ва пайравӣ хидмат кардаанд.

Осори публитсистони маҳаллӣ, асосан, дар доираи жанрҳои публитсистӣ, ба вижа эссе, лавҳаю очерк, мақола, ёддошт ва сафарнома иншо шудаанд. Маводи публитсистии онҳо дар баробари ҳаёти мардуми маҳал, инчунин масъалаҳои ҷумҳуриявию байналмилалиро низ фаро мегиранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат таъкид карда буданд, ки: “Хонандаи мо имрўз зиёдтар ба асарҳое ниёз дорад, ки дастовардҳои даврони Истиқлолият, корномаи қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишварамон дар онҳо бо ҳақиқатнигорӣ ва завқи баланди бадеӣинъикос гардида бошанд… Ин қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва рисолати эҷодии онҳост”.

Мусаллам аст, ки маҳз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як силсила китобҳои публитсистие рӯйи чоп омаданд, ки муаллифонашон публитсистони маҳаллӣ буданд. Онҳо ҳодисаҳои он солҳоро ҳамчун шоҳид воқеъбинона тасвир кардаанд: “Ин асарҳо хонандагони зиёд доштанд, чунки мардум ба донистани сабабҳои ҷанги бемаъниву хонумонсӯз ва мақсади давлату мухолифин дар он давраи тақдирсоз ниёз дошт. Дар қатори таълифоте, ки ба мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бахшида шудаанд, “Тӯфони Сангаки Сафар ва Файзалӣ Саид”-и Амиршоҳи Хатлонӣ ва Абдувалии Истаравшанӣ, “Номус”-и Амиршоҳи Хатлонӣ, “Таркиш”-и Ҳикматулло Насриддинов, “Қӯрғонтеппа: сентябри хунин”-и Файзбахшро номбар кардан бамаврид аст, ки солҳои аввали баъдиҷангӣ нашр шудаанд”. Ба андешаи мо фурсати он расидааст, ки ин асарҳои публитсистӣ аз ҷониби муҳаққиқону пажӯҳишгарони ватаниву хориҷӣ ҳамаҷониба омӯхта шуда, ба маҳорати нигорандагӣ, таҳлилу арзёбии масъалаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии он солҳо баҳои воқеӣ дода шавад.

Дар вилояти Хатлон садҳо адибону публитсистон ва журналистони соҳибистеъдод ба дунёомада, бо осори гаронмояи маънавии худ дар ташаккули донишу ҷаҳонбинӣ, дарки олами иҳотакарда, инъикоси воқеии ҳаёти мардуми маҳал саҳми муносиб гузоштаанд. Аз ҷумла, Муқим Абдураҳмонов, Файзалӣ Чориев, Шарифамоҳи Кишвардӯхт, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳақназар Ғоиб, Зиё Абдулло, Сайдалӣ Бобохонов, Сайдалиев Боймурод, Усмон Тӯйчиев, Аъзам Мӯсоев, Саттор Қарахонов, Муҳаббат Мирзораҳимова, Туҳфа Аҳмадова, Ҳусейн Маликов, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Зафар Мирзоён, Аҳмади Иброҳим, Ҳуриниссо Ализода, Зафар Муродов, Шарофати Дониёр, Давлат Султонов, Нуриниссо Муртазоева, Шералӣ Саид, Латофат Мирзосаидиён, Адолат Сайфуллозода ва дигаронро хонанда мутолиа намуда, аз вижагиҳои сабки нигориши онҳо огоҳии бештар пайдо менамояд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар ҷараёни пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва журналист-тарҷумон дар зинаҳои бакалвр ва магистратураи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рӯзгор ва фаъолияти як зумра адибону публитсистон ва журналистони маҳаллӣ, аз ҷумла Шарифамоҳи Кишвардухт, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Боймурод Сайдалиев, Саттор Қарахон, Шералӣ Саидзода, Аъзам Мӯсоев ва ғайра дар доираи лоиҳаҳои кори курсӣ ва рисолаҳои хатми бакалаврию магистрӣ таҳқиқу баррасӣ гардида, ин самти кор идома дорад. Ҳамчунин дар барномаи таълимӣ барои донишҷӯён ва магистрони ихтисоси рӯзноманигорӣ ва журналист-тарҷумон фанҳои “Матбуоти маҳаллӣ”, “Мактаб ва ҷараёнҳои муосири публитсистӣ”, “Очерк ҳамчун жанр”, “Публитсистикаи садаи ХХ” ва амсоли ин публитсистикаи маҳал низ ба инобат гирифта мешавад.

Ҳамасола бо ташаббусу ибтикороти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмунҳои эҷодӣ ташкилу баргузор мегарданд, ки яке аз номинатсияи онҳо “Асари беҳтарини публитсистӣ” ва “Беҳтарин публитсисти сол” мебошад. Ҳамчунин, ҳамасола бо ибтикори бахши очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вазъи публитсистикаи тоҷик, аз ҷумла публитсистикаи маҳал бо иштироки адибону публитсистон, муҳаққиқону мунаққидон ва эҷодкорони соҳибмактаб таҳлил мешавад. Зикр кардан ба маврид аст, ки нақди публитсистӣ ба асарҳои муаллифони маҳаллӣ кам ба назар мерасад. Ҳол он ки арзишдиҳии асари публитсистӣ метавонад ба рушди ин соҳаи эҷод мусоидат кунад.

Дар ҳошияи ин чорабиниҳои маърифатӣ низ дар вилояти Хатлон озмунҳои эҷодӣ, аз ҷумла “Неруи сухан” ва “Эъҷози Истиқлол” гузаронида мешавад, ки ғолибон бо диплому мукофотпулӣ ва ҷоизаи махсуси адабии ба номи “Носири Хусрав” (асарҳои насрӣ) ва “Шамсиддин Шоҳин” (асарҳои назмӣ) қадрдонӣ мешаванд. Хуб мешуд, ки дар ин озмунҳо номинатсияи “Беҳтарин асари публитсистӣ”, “Беҳтарин публитсисти вилоят” ва ба номи яке аз публитсистони муваффақи вилоят ҷоизаи махсус таъсис дода шавад. Дар воқеъ, чунин чорабиниҳои маърифатӣ-эҷодӣ ба рушду маҳорати касбӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат мекунад.

Ба андешаи мо, ба назар гирифтани масъалаҳои мавриди назар ҳангоми таҳқиқу баррасӣ ба рушди публитсистикашиносӣ ва эҷоди асарҳои публитсистӣ дар маҳал мусоидат менамоянд:

– таъсис додани шуъбаи публитсистика ва нақди адабӣ дар назди идораҳои ВАО-и маҳаллӣ;

– таҳқиқу баррасии зиндагӣ ва осори публитсистон, аз ҷумла публитсистони маҳал;

– ташкил ва ба роҳ мондани озмунҳои эҷодӣ миёни журналистону публитсистон ва ҳавасмандгардонии онҳо;

– таҳким ва ҷорӣ кардани фаъолияти мактаби устоду шогирд дар назди идораҳои ВАО-и маҳаллӣ;

– ташкил намудани суҳбату вохӯрӣ ва нишастҳои илмию эҷодӣ бо иштироки журналистону публитсистон ва муҳаққиқонону мунаққидони соҳа;

– чопу интишори маводу асарҳои публитсистони маҳаллӣ;

– таъсиси ҷоизаи публитсистӣ ба номи яке аз публитсистони варзидаи маҳаллӣ:

Хулоса, ба андешаи мо вақти он расидааст, ки ба таҳқиқу пажӯҳиши публитсистикашиносӣ, аз ҷумла таъриху таҳаввули публитсистикаи маҳал ва осори публитсистони алоҳидаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, саҳми ин соҳаи эҷод дар такомули афкори мардум муайян гардад.

Шарипов Сангимурод,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Ноисри Хусрав,

Маҳкамзода Дилором,

дотсенти кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Ноисри Хусрав