Дар факултети молиявию иқтисодӣ маҳфили илмии “Иқтисодчӣ”-и назди кафедраи назарияи иқтисод баргузор гардид.

Дар маҳфил омӯзгор С. Лутфуллоев дар мавзуи “Бозори қоғазҳои қимматнок” баромад намуд. Гуфта шуд, ки қоғази қимматнок дар маънои ҳуқуқиаш ҳуҷҷатест, ки ҳуқуқҳои соҳиби онро барои гирифтани фоидаю сармояи ба гаравмондашуда кафолат медиҳад.

Ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ қоғази қимматнок ин воситаи молиявиест, ки фирмаҳо ва муассисаҳои давлатии молиявӣ барои гирифтани қарз ва барои ба вуҷуд овардани сармояи нав интишор намудаанд. Ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ қоғазҳои қимматнок воситаи муносибатҳои молиявии байни субъектҳои иқтисодиро ифода менамоянд.

Дар назарияи иқтисодӣ қоғазҳои қимматноки хусусияти ҳиссагидошта ва қоғазҳои қимматноки хусусияти қарзидоштаро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба гурӯҳи якуми қоғазҳои қимматнок пеш аз ҳама саҳмияҳо дохил карда мешаванд.

Саҳмияҳо метавонанд дар шакли номӣ ва ғайриномӣ низ баромад кунанд. Дар саҳмияҳои номӣ номи соҳиби саҳмия нишон дода мешавад ва дар саҳмияҳои ғайриномӣ номи соҳибаш нишон дода намешавад.

Мавҷудияту зарурияти саҳмияҳо дар он аст, ки барои амалӣ намудани баъзе лоиҳаҳои калони истеҳсолӣ соҳибкорони алоҳида маблағ надоранд ва истифодаи саҳмияҳо ин гузариш аз соҳибкории инфиродӣ ба соҳибкории коллективӣ мебошад.

Ба қоғазҳои қимматноки хусусияти қарзидошта бошад вомбарг (облигатсия), вексел, сертификатҳои депозитӣ, сертификати амонатӣ, чек ва қоғазҳои қимматноки давлатӣ дохил мешаванд.

Вомбарг (облигатсия) аз калимаи лотинии obligatio гирифта шуда маънояш ӯҳдадорӣ мебошад. Вомбарг (облигатсия) қоғази қимматноке мебошад, ки қарзи субъекти интишоркунандаашро (эмитент) дар назди соҳиби он нишон медиҳад. Даромад аз вомбаргҳо пардохтҳо «мувофиқи купон» номида шуда, метавонанд дар шакли фоиз, ё ин ки дисконт баромад кунанд. Вомбарг асосан барои пӯшонидани касри буҷа ё барои ҷалб намудани сармоя интишор карда шуда баъд аз тамом шудани мӯҳлаташ пуррра пардохта мешавад, яъне маблағаш баргардонида мешавад. Вобаста ба мӯҳлати баргардонидани маблағаш вомбаргҳои кӯтоҳмӯҳлат (то 1 сол), миёнамӯҳлат (то 3 сол) ва дарозмӯҳлатро (зиёда аз 5 сол) аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Қоғазҳои қимматноки давлатӣ ин ҳуҷҷати молиявие мебошанд, ки ӯҳдадориҳои қарзии ҳукуматро нишон медиҳанд. Шаклҳои маъмули қоғазҳои қимматноки давлатӣ ин векселҳои хазинадорӣ (мӯҳлаташон асосан 91 рӯз), ӯҳдадориҳои хазинадорӣ (мӯҳлаташон 10 сол) ва вомбаргҳои хазинадорӣ (мӯҳлаташон аз 10 то 30 сол) мебошанд. Ин шаклҳои қоғазҳои қимматнок барои хизматрасонии қарзи давлатӣ интишор карда мешаванд.

Бозори қоғазҳои қимматнок яке аз шаклҳо ва қисматҳои маъмули бозори сармоя буда, барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ сарчашмаи асосии захираҳои инвестисионӣ ба ҳисоб меравад. Пайдоши бозори қоғазҳои қимматнок ба мавҷудият ва инкишофи талабот ба захираҳои қарзӣ мебошад.

Вазифаи асосии бозори қоғазҳои қимматнок ин зудҳаракатии (мобилизатсия) маблағҳои пулии субъектҳои иқтисодӣ барои ташкил ва равнақи истеҳсолот мебошад. Бозори қоғазҳои қимматнокро метавон ба бозори аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа ҷудо намуд. Дар бозори аввалиндараҷа қоғазҳои қимматноки навинтишоршуда хариду фурӯш карда мешаванд, ки дар натиҷа интишоркунандаи он соҳиби сармояи пулӣ ва харидорон соҳиби қоғазҳои қимматнок мегарданд. Нархи қоғазҳои қимматноки дар бозори авалиндараҷа харидуфурӯшшаванда ба арзиши номиналии онҳо, яъне маблағе, ки дар онҳо нишон дода шудааст баробар аст. 📷

Давлат дар бозори қоғазҳои қимматнок ҳамчун субъекти алоҳидаи иқтисодӣ ба сифати харидор ё фурӯшанда метавонад баромад намояд. Хусусан ҳангоме, ки давлат моликияташро фурӯхтанӣ мешавад, ё ин ки ҳангоме, ки давлат тавассути интишори қоғазҳои қимматноки давлатӣ қарз гирифтанӣ мешавад, дар бозори қоғазҳои қимматнок ба сифати фурӯшанда баромад менамояд. Давлат метавонад тавассути каму зиёд намудани ҳаҷми арзаи қоғазҳои қимматноки алоҳида ба нархи онҳо дар бозор таъсир расонад.

Фишанги асосии иқтисодии давлат барои танзими бозори қоғазҳои қимматнок ин сиёсати монетарӣ мебошад. Агар Бонки марказӣ фоизи қарзро барои бонкҳои тиҷоратӣ баланд намояд, пас нархи сармояи судхурӣ афзуда қурби саҳмияҳо ва вомбаргҳо паст мешавад ва баръакс. Дар сурате, ки Бонки марказӣ меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳои тиҷоратӣ зиёд мекунад, хаҷми захираҳои қарзӣ кам шуда, фоизи қарзи бонкҳои тиҷоратӣ боло меравад ва қурби саҳмияҳою вомбаргҳо паст мешавад. Агар Бонки марказӣ меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳои тиҷоратӣ кам намояд, пас меъёри фоиз паст рафта, қурби саҳмия ва вомбаргҳо баланд мешавад.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси кори бонкӣ Сайдалиева Тахмина дар мавзуи “Таваррум ва заминаҳои пайдоиши он” баромад намуд. Қайд гардид, китаваррум (инфлятсия) яке аз масъалаҳои асосии номувозинатии макроиқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Таваррум гуфта номувофиқ будани тақозою арзаи пул ва дигар таносубҳои иқтисодиро меноманд, ки дар афзоиши нархҳо намудор мешавад.

Дар амалияи ҷамъиятӣ дар зери мафҳуми таваррум – паст шудани қобилияти харидории пул, афзоиши умумии нархҳо ё ин ки ҷараёни зиёд шудани миқдори пули нақдро дар муомилот низ мефаҳманд.

Таварруми мӯътадил гуфта, таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро то 10% – инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба фаъолияти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ нарасонида, баръакс боиси афзоиши арзаи молу хизматҳо шуда метавонад.

Таварруми аз эътидол зиёд – таваррумест, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол беш аз 1000% ва дар як моҳ то 50% ифода мекунад. Дар ҳолати мавҷуд будани чунин шакли таваррум пасандоз ва маблағгузорӣ кам мешаванд, ки камшавии онҳо ба кам шудани ҳаҷми МММ оварда мерасонад. Агар маҷмӯи арза зиёд нашавад, ҷамъият ба пастшавии рушди иқтисодӣ (стагнатсия) омада мерасад.

Бо дарназардошти ин гуна оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, мубориза ба муқобили таваррум, яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Барои мубориза ба муқобили таваррум, ду шакли сиёсати давлатиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: сиёсати ғосибона (политика экспансия) ва сиёати боздоранда.

Сиёсати ғосибона – чунин сиёсати иқтисодиест, ки кӯшиши давлатро барои зиёд кардани маҷмӯи тақозо тавассути пасткунии меъёри андозҳо ва зиёд кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода мекунад.

Сиёсати боздоранда – чунин сиёсати иқтисодиест, ки кӯшиши давлатро барои кам кардани қобилияти харидории аҳолӣ ба воситаи зиёд кардани меъёри андозҳо ва кам кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода менамояд.

Дар назарияи иқтисодӣ ва амалияи ҷамъиятӣ барои мубориза ба муқобили таваррум аз консепсияҳои кейнсионӣ ва монетаристӣ низ истифода мекунанд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои мубориза ба муқобили таваррум сиёсати ҷубронкунии даромад (яъне зиёд кардани музди кор, идрор, нафақапулӣ ва дигар сарчашмаҳои даромад, бо дарназардошти беқурбшавии пул) ва танзими нархи молҳои сабати истеъмолиро низ истифода мекунанд.

Дигар усули мубориза ба муқобили таваррум ин кам кардани миқдори пули нақд дар муомилот тавассути фурӯши қоғазҳои қимматноки давлатӣ мебошад.

Таваррум дар ҳар як мамлакат хусусияти худро дорад, бинобар ҳамин, чораҳои пешгирии он низ бояд бо дарназардошти ҳаминхусусиятҳо сурат бигиранд.