Шоми 16 апрели соли равон дар хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ тибқи нақша – чорабиниҳои Шӯъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав аз ҷониби садорати факултети Гумрук ва таҳлили иқтисодӣ Викторинаи саволу ҷавоб баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, декани факултет, мудирони кафедра, созмонҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Баргузории чунин викторинаҳо тибқи нақша бо усули факултет бо факултет доир карда мешавад.

Ғолибони викторинаҳо аз ҷониби ҳайати комиссия муайян гардида, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.