Ниёзӣ Акбар,н.и.п. дотсенти кафедраи МТИ-и

ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дар стандарти фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, нақшаву барнома ва китобҳои дарсию дастурҳои методӣ гуфта мешавад, ки инкишофи нутқи талабагон асоси таълими забони модариро дар синфҳои ибтидоӣ ташкил медиҳад [3,182]. Аз ин маълум мешавад, ки ҳар як омӯзгори соҳибкасбу эҷодкор ҳамон вақт масъалаи инкишофи нутқро дуруст ба роҳ монда метавонад, ки агар ӯ монандию фарќият ва алоќамандии хелњои нутќро донад ва дар асоси нишондоди стандарт, барнома ва китобњои дарсӣ дуруст ба наќша гирад.

Фанни “Забони модарӣ” дар синфҳои ибтидоӣ дар асоси чор самт: гӯш кардан, гуфтан, хондан ва навиштан таълим дода мешавад. Ҳамаи ин самтҳои таълимӣ дар инкишофи нутқи хонандагон заминаи асосии раванди таълими фанни забони модариро дар синфҳои ибтидоӣ ташкил дода, дар ҳамбастагӣ ва алоқамандӣ ба роҳ мондани он ба дониш ва маҳорати касбии оӯзгор вобаста аст. Ҳамин ҷанбаи таълими забони модариро ба назар гирифта муаллифони китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ барои муассисаҳои тањсилоти миёна ва олии касбӣ ҷойгоҳи инкишофи нутқро ҳам дар дохили мавзӯъҳо ва њам дар боби алоҳида ба таври возеҳу равшан нишон додаанд. Аз ҷумла, устод Лутфуллозода М. дар китоби дарсии “Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ” (нашри 2, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати китоби дарсии донишҷӯёни донишгоҳҳо, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷи омӯзгорӣ аз рӯи ихтисосҳои 1-01.02-01 “Таҳсилоти ибтидоӣ- 1-01-02-02-03 “Таҳсилоти ибтидоӣ, санъати мусиқӣ” ба чоп тавсия намудааст. Душанбе, 2007.-463саҳ.) дар мавзӯи “Алоқаи методикаи таълими ибтидоии забони модарӣ бо психология, дидактика ва фанҳои дигар” қайд менамоянд, ки “Ќоидаи асосии таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ инкишофи нутқ мебошад. Ин ќоида, яъне инкишофи нутқ методикаи таълими забони модариро бо дигар фанҳои таълим, аз ҷумла суруд, математика, санъати тасвирӣ, касбу ҳунар, тарбияи ҷисмонӣ, табиатшиносӣ алоқаманд менамояд” [2, 13]. Боби чоруми ин китоби дарсӣ “Таълими савод ва инкишофи нутқ дар мактабҳои муосири мо” [2, 89] ном дошта, аз 17 зермавзӯъ иборат аст. Устод Лутфуллозода М. дар зермавзӯи 4 ҷойгоҳи инкишофи нутқро дар шарҳи асос ва моҳияти методи таҳлил ва таркиби овозӣ ба таври зайл нишон додаанд: “Асос ва моҳияти методи таҳлил ва таркиби овозиро омӯхтани овозҳо дар алоқамандӣ бо ҳарфҳо ва дар ин замина инкишофи нутқи гуфтории шогирдон ташкил медиҳад” [2, 100]. Дар ҳамин мавзӯъ, ҳангоми пешниҳоди нақшаи нави омӯхтани овоз ва ҳарфҳо, лаҳзаҳои якум (ташкили нутқи алоқанок, ки маводи он аз бозии дидактикӣ иборат аст) ва даҳумро (инкишофи нутқи мураттаб) аз инкишофи нутқ иборат донистаанд [2, 117-118]. Ҳамчунин муаллиф дар мавзӯи мазкур қайд менамоянд, ки ҷавҳари таълими савод дар синфи 1 аз инкишофи нутқи мураттаб (алоқанок), таҳлили овозию ҳарфӣ, машқи хониш ва навиштан иборат аст [2, 118саҳ.]. Чуноне пай бурдед, устод Лутфуллозода М. ҷавҳари аввали таълими саводро ба инкишофи нутқи мураттаб мансуб донистаанд. Дар саҳифаи 123 муаллифи китоб аз он ибрози ақида менамоянд, ки мазмуни асосии дарсҳои давраи тоалифборо се ҷавҳари он ташкил медиҳад, ки боз дар ҷойи аввал инкишофи нутқ, сипас ҷудо кардану нишон додани унсурҳои нутқ ва машқи хатҳои гуногун меистанд [2, 123].

Дар маводи давраи алифбо оварда шудааст, ки вазифаи асосии давраи алифбо омӯхтани тамоми овозу ҳарфҳо, хондану навиштан ва дар ин замина инкишофи нутқ мебошад.

Дар мавзӯи “Дарсҳои давраи алифбо ва дархост ба онҳо” [2, 130-133] 10 дархостҳои педагогию методӣ пешниҳод шудааст, ки дар дархостҳои 3, 6 инкишофи нутқ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар хотимаи мавзӯи 6. “Мавқеъ ва нақши бозӣ дар дарсҳои алифбо”[ 2, 133-134] ба чунин хулоса омада, ёдрас мешаванд, ки “вазифаи асосии ҳар дарс ё ҷавҳари асосии таълими савод нигоҳ дошта мешавад, ки иборатанд аз:

1. инкишофи нутқи алоқанок;

2. ёд додани хониш ва малакаҳои хониш;

3. машқи хат ё навиштан. [2, 34]

Устод Лутфуллозода М. дар таҳияи мавзӯи 9. “Дарсҳои саводомӯзӣ ва ҷавҳари онҳо” дар бораи поя ё асоси методи таҳлил ва таркиби овозӣ фикру ақидаҳои хешро баён намуда, қайд менамоянд, ки ҷавҳари асоии дарсҳои саводомӯзиро нутқи алоқанок, таҳлил овозию ҳарфӣ, машқи хониш, машқи хат ва тозанависӣ ташкил медиҳад. Ҳар яки ин пояҳо аз ҷониби муаллиф бо мисолҳои аниқ возеҳу равшан шарҳ ёфтаанд, ки аз он ҳам донишҷӯёну ҳам омӯзгорон маълумоти зарурии назариявию амалӣ мегиранд. Масъалаи мавриди назари мо, ки инкишофи нутқ аст, устод ин пояро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, қайд менамоянд, ки: “Муайянкунандаи тамоили ибтидоии забони модарӣ, ки пояи нахустини он таълими савод аст, инкишофи нутқи мураттаб аст. Ин мавзӯъ ҳамчун проблема бояд диққати муаллифони китоби дарсӣ, методистону муаллимонро нисбат ба пештара бештар ҷалб намояд. Ана барои ҳамин ҳам инкишофи нутқи алоқанок ҷавҳари ҳар яки дарси таълими саводро ташкил медиҳад. Бар замми он ки худи дарс сар то по аз нутқи алоқанок иборат аст (саволу ҷавоби муаллим бо бачаҳо, нақлу ҳикояҳои он, хондану таҳлили матнҳо…), дарсҳои омӯхтани мавзӯи нав аз нутқи алоқанок сар шуда (лаҳзаи 1) ба нутқи алоқанок хотима меёбад (лаҳзаи 😎. Лаҳзаҳои 6-7 талабагонро ба ин кор омода месозад” [2, саҳ.144]. Ҳамин тавр, муаллифи китоб масъалаи ташкили нутқи алоқанокро дар дарсҳои саводомӯзӣ чи аз ҷиҳати назариявӣ ва чи амалӣ бо далелҳои мушаххас нишон дода, ба хулосае меоянд, ки нутқи алоқанок бояд дар ҳар дарси таълими савод мавқеи мустаҳкам ва сазоворро ишғол намояд, ки маҳорати касбии омӯзгор ҳам дар ҳамин ифода меёбад. [2, 148]

Устод Лутфуллозода М. дар ҷавҳари дигари дарсҳои саводомӯзӣ мавқеи нутқи алоқанокро чунин таъкид менамоянд: “Муаллим нутқи алоқанок ташкил намуда, фишори мантиқиро болои калимаҳои зарурӣ мегузорад” [2, 148] (2.Таҳлил овозию ҳарфӣ), “бе ташкили нутқи мураттабу таҳлили овозӣ- ҳарфӣ хондану хонондан нашояд” [2, 152] (3.Машқи хониш).

Мусанниф мавзӯи 16, боби 4-уми китоби дарсиро “Таълими савод ва инкишофи нутқ” номгузорӣ намуда, таъкид менамоянд, ки вазифаи саводомӯзиро фақат бо ёд додани хондан ва навиштан маҳдуд накарда, дар баробари ин “кори тараққӣ додани тафаккур ва нутқи бачаҳо, бой намудани захираи луғавӣ ва пайдо кардани малакаҳои ибтидоии тоза ва дурустнависӣ”-ро [2, 176] низ ба роҳ мондан мумкин аст, ки ин ҳам вазифаҳои муҳими саводомӯзӣ ба шумор мераванд.

Аз нигоштаҳои китоб ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ба қавли муаллиф: “Омили муҳими инкишофи нутқи талабагон дар давраи алифбо кор бо ҷумла мебошад” (саҳ.176). Устод дар ҳамин ҷо тарзи кор бо ҷумларо бо мисол ва роҳу усулҳои самарабахш нишон медиҳанд. Дар хотимаи ҳамин мавзӯъ устод омӯзгорро вазифадор менамоянд, ки “муаллим уҳдадор аст, ки равшан ва дуруст сухан гуфтан, равшан баён кардани фикрро ёд диҳад” [2, 180] .

Дар боби 5 “Таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ” мавзӯи 1 “Забони модарӣ ва ҷузъҳои таркибии таълими он” [2, 193] мусаннифи китоб дар бораи мақому манзалати забон, инкишофи таърихии он ва нақши он ҳамчун забони давлатӣ баҳри таълиму тарбияи соҳибзабонон андешаҳои ҷолиб баён намуда, аз таъкиди педагог ва методисти бузурги рус К.Д.Ушинский ёдовар шуда, аз нишондоди ин олими рус ба хулосае меоянд, ки ҷузъҳои таркибии таълими забони модарии мо (тоҷикӣ) низ аз ду поя:

– хониш ва инкишофи нутқ;

– унсурҳои грамматика, имло, машқи хат ва инкишофи нутқ иборат аст, ки шиори ин ду поя инкишофи нутқ мебошад.

Дар ҳамин ҷо устод таъкид менамоянд, ки агар хоҳед ин шиор пурқувват бошад, таълими ин ҷузъҳоро баробар таъмин намудан лозим аст. Азбаски, ёдовар мешаванд муаллифи китоб, ин ҷузъҳо вазифа, усул, тарз ва воситаҳои таълими худро доранд, мо онҳоро алоҳида-алоҳида дида мебароем.

Муаллиф дар мавзӯи 2. “Хониш ва вазифаҳои таълимию тарбиявии он” [2, 195-202] аз таърихи хониш, мавқеи хониш дар байни фанҳои таълим пас аз солҳои 60-уми асри 19, ақидаи олимон ва педагогҳои рус оид ба ин масъала, пас аз солҳои 30-юми асри 20 аз ҷониби методистони шӯравӣ муайян гардидани вазифа ва роҳу воситаҳои хониш ибрози андеша намуда, нуқтаи назари Кононкин Н.П. ва Н.А.Шербаковаро оид ба вазифаҳои дарсҳои хонишро меорад. Аз нуқтаи назари онҳо маълум мешавад, ки вазифаи чоруми дарсҳои хониш бояд нутқи талабагонро ғанӣ ва инкишоф диҳад.

Сипас устод ба вазъи таълими хониш дар солҳои 80-90 ва давраи соҳибистиқлолии кишварамон дахл намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки ин давра солҳои пурмаҳсул ба шумор меравад. Номбурда васеъ гардидани вазифаҳои хонишро дар 6 банд возеҳу равшан нишон додаанд, ки вазифаи 5-уми он “Инкишофи нутқ ва тафаккури талабагон” мебошад. Муҳимтарин вазифаҳои хонишро дар давраи соҳибистиқлолӣ нишон додаанд, ки инкишофи нутқ мавқеи муҳимро ишғол менамояд [2, 201].

Муаллифи китоб дар мавзӯи 10. “Мавқеъ ва моҳияти грамматика ва имло дар таълими ибтидоии забони модарӣ” [2, 242] қайд менамоянд, ки забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ аз бобҳои ҷудогонаи таълими савод, хониш, машқи хат ва тозанависӣ, грамматика, имло ва инкишофи нутқ иборат донистаанд. Устод мавқеъ, моҳият ва аҳамияти таълими грамматика ва имлоро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қайд менамоянд, ки грамматика ҳамчун назарияи забон дар байни дигар бобҳо мавқеи махсусро ишғол намуда, барои ба низом даровардани нутқи навишторӣ ва гуфтории хонандагон нақши муҳим дорад.

Устод М. Лутфуллозода оид ба масъалањои 12. “Мавзӯъҳои грамматикию имлоӣ ва ҷобаҷогузории онҳо” [2, 251-257], 13. “Методҳои таълими грамматика ва имло” [2, 258] тарзи ҷобаҷогузории мавзӯъҳо, методҳои таълим, аз қабили методи таҳлил ва таркиб, суҳбат, таълими проблемавӣ, баёни муаллим, кор бо китоб, кори мустақилона ва ҳамчунин таълими ҳамгироии забони модарӣ дар инкишофи нутқи хонандагон ибрози андеша намуда, дар баёни мавзӯи 15. “Таҳлили грамматикӣ-имлоӣ ва аҳамияти он” [2, 287-290] қайд менамоянд, ки “таҳлили грамматикӣ барои ҳосил кардани нутқи дурусти бадеӣ, саҳеҳ, бурро, равшан ёрӣ мерасонад” [2, 288]. Аз ин гуфтаҳои устод маълум мешавад, ки самаранок ба роҳ мондани таҳлили грамматикӣ-имлоӣ дар баробари дигар вазифаҳое, ки муаллиф гузоштаанд, ҳамчунин дар инкишофи ҳаматарафаи нутқи хонандагон хеле созгор аст.

Дар баёни мавзӯи 16. “Воситаҳои аёнӣ ва хелҳои он” [2, 294-305] низ мусаннифи китоб такя ба андешаҳои методисти шинохтаи рус К.Д.Ушинский аз мавқеъ ва истифодаи воситаҳои аёнӣ дар дарсҳои забони модарӣ ва нақши онҳо дар инкишофи нутқи хонандагон ёдовар шуда, чунин нуқтаҳои муҳимро қайд менамоянд, ки дар ин ҷо овардани онҳо аз аҳамият холӣ нест: “Ин чизҳо, ки муҳити бачаҳоро ташкил медиҳанд, барои омӯхтани қоидаҳои граматикӣ-имлоии забон, зиёд намудани захираи луғавии бачаҳо ва инкишофу такмили нутқи онҳо маводи бойе медиҳанд”, “Расмҳои лотобоб, ки барои такрори мавзӯъҳо, инкишофи нутқ ва тафаккури бачаҳо хеле аҳамиятноканд” [2, 295], “Расм воситаи муҳими бойгардидани захираи луғат ва инкишофи нутқи талабагон аст” [2, 296], “Агар бачаҳо ба воситаи диафилм нутқи даҳонакию хаттиашонро инкишоф диҳанд, ба воситаи магнитофон тарзи хониши қоида, матни шеъру порчаҳои ҷудогонаро ёд мегиранд” [2, 305] .

Устод баъд аз ба охир расидани таълими савод оғоз гардидани дарсҳои забони модариро бо инкишофи нутқ [2, 357] дар ҳамбастагӣ нишон дода, он талаботҳое, ки дар назди дарсҳои забони модарӣ, аз ҷумла грамматика, имло ва инкишофи нутқ гузоштаанд, талаботи сеюм чунин тарҳрезӣ гардидааст: “Таъмини инкишофи нутқи шифоҳию таҳрирӣ ва тафаккури мактабиёни хурдсол” [2, 366].

Он дархостҳои дидактикие, ки дар назди дарсҳои забони модарӣ гузошта шудаанд, дар баробари дигар масъалаҳое, ки бояд дар мақсади дарс ба инобат гирифта шавад, масъалаи тарбия ва инкишофи фикр, нутқ… [2, 366-367] ва ғайра низ муайян карда шаванд. “Дарсҳои забони модарӣ ва инкишофи нутқ бояд аз ҷиҳати ташкилӣ дуруст бошанд” [2, 368] ёдрас гардидааст.

Устод Лутфуллозода М. оид ба аҳамияти машғулиятҳои берун аз синф дар дарсҳои забони модарӣ дар инкишофи нутқи хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд менамоянд, ки: “машғулиятҳои берун аз синф имконият медиҳанд, ки маводи дар дарс омӯхта шуурона ва мустаҳкамтар гарданд, захираи луғавии бачаҳо зиёд гашта, нутқи даҳонакӣ ва хаттиашон инкишоф ёбанд [2, 370]. Сипас устод машғулиятҳои бозӣ (“Ҳарфҳо ва рақамҳо”, “Тит шудани ҳарфҳо”, “Базми калимаҳо”, “Маънои калимаҳо”, “Алифбои парандаҳо” [2, 373-377] ), машқҳои дамгирӣ (“Машқи себчинӣ”, “Машқи гулчинӣ”, “Машқи барфбозӣ”, “Машқи бозии кабӯтар”, “Машқи шиноварӣ”, “Машқи харгӯш” [2, 378-382]-ро намуна оварда тарзи ба роҳ мондани онро нишон додаанд, ки албатта, ҳар яки ин фаъолиятҳо дар инкишофи нутқи талабагон мусоидат менамоянд.

Масъалаи мавриди назар, ки то ин лаҳза мо андешаҳои хешро доир ба он баён доштем, дар боби 6-уми китоби методика бевосита ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуда, доир ба он маълумоти фаровони илмию методӣ дода шудааст ва он хулосаи мавзӯъҳои фанни методикаи таълими ибтидоии забони модариро бозгӯ аст. Ин боб “Инкишофи нутқи гуфторӣ ва навишторӣ” [2, 385] ном дошта, дар асоси нишондоди мундариҷа аз ҳашт мавзӯъ иборат аст.

Мавзӯи аввали ин боб “Инкишофи нутќи талабагон- вазифаи муњими таълими ибтидоии забони модарӣ” унвон гирифта дар он аз мавќеи таълими забони модарӣ дар инкишофи нутќи хонандагон сухан рафта, қайд гардидааст, ки: “Инкишофи нутқи талабагон асоси таълими забони модариро дар синфҳои ибтидоӣ ташкил менамояд”. [2, 385] Баъд муаллифи китоб, аз таърихи инъикоси ибораи “Инкишофи нутқ” дар адабиёти методӣ ва барномаи таълими солҳои мухталиф маълумоти мухтасар дода, ба ақида ва нишондоди муаллиф агар ин ибора (инкишофи нутқ-Н.А.) дар барномаи солҳои нахустини мактабҳои давраи шӯравӣ- “Машқҳои даҳанакӣ ва хаттӣ”, дар китоби Хоҷаев И. “Методикаи мухтасари забони тоҷикӣ” (1945),-“Маданияти нутқ” номида шуда бошад, баъдтар дар барномаи забони модарии синфҳои ибтидоӣ дар қатори бобҳои саводомӯзӣ, хониши эзоҳӣ, грамматика ва имло боби “Инкишофи нутқи даҳанакӣ ва хаттӣ” дохил мешавад. Дар ҷадвали дарсӣ ҷой гирифтани дарси инкишофи нутқро устод Лутфуллозода М. бекор намуда, камбудии ҷиддии барнома ва нақшаҳои хониш дар гузашта номидаанд [2, 385]. Сипас устод аз он ёдовар мешаванд, ки солҳои охир ин камбудиҳо дар барнома ва нақшаи таълим ислоҳ карда шуда, бо дигар қисмҳои методикаи таълими ибтидоии забони модарӣ ба таври зайл пешниҳод карда шуд:

– Саводомӯзӣ ва инкишофи нутқ;

– Хониши эзоҳӣ ва инкишофи нутқ;

– Грамматика, имло ва инкишофи нутқ;

– Машқи хат ва инкишофи нутқ.

Устод аз он ёдрас мешаванд, ки зарурияти инкишофи нутқ дар ҳар як дарси забони модарӣ дар мактуби эзоҳии барнома таъкид гардидааст ва ҳатто барнома “Инкишофи нутқи талабагонро принсипи асосии таълими забони модарӣ” шуморидааст. Дар асари методии муаллифон Шукуров М., Эшонҷонов А., Раҳмонов М. “Методикаи аълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои ибтидоӣ” зикр ёфтани ин маънӣ низ қайд шудааст. Сипас, устод дар бораи нисбатан муфассал баён гаштани масъалаи инкишофи нутқ дар китоби хеш “Методикаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ” (Душанбе, 1985 дар назар аст. Н.А.) ибрози андеша намуда мегӯянд, ки “минбаъд дар мусовӣ бо мафҳумҳои “даҳонӣ”, “даҳонакӣ”, “шифоҳӣ”, “хаттӣ”, “таҳрирӣ” мо мафҳумҳои “гуфторӣ” ва “навишторӣ”-ро истифода мебарем” [2, 386].

Баъдан дар бораи доира ва мазмуни инкишофи нутқ дар синфҳои ибтидоӣ, шарҳи мафҳуми “инкишофи нутқ”, нақши омӯзгор дар ҷараёни инкишофи нутқи талабагон, истифодаи роҳу усулҳои гуногун дар ин ҷода, мазмуни кори муаллим дар ин соҳа, вазифаи дигар фанҳои таълим дар инкишофи нутқи шогирдон ва ғайра маълумоти оммафаҳми назариявӣ дода, ба ҳамин ақида меоянд: “Маҷмӯи корҳое, ки вобаста ба инкишофи нутқ гузаронида мешавад, якҷоя бо дигар вазифаҳои таълимию тарбиявии фанни забони модарӣ принсипи муҳими таълими ин фанро ташкил медиҳад” [2, 387].

Дар мавзӯъҳои дигари дастур муаллиф дар бораи хусусиятҳои нутқи гуфторӣ ва навишторӣ [2, 387], мавқеи фанҳои таълим дар инкишофи нутқи хонандагон [2, 392], ҷойгоҳи луғатомӯзӣ ва машқҳои лексикӣ [2, 396], машқҳои тартиб додани ҷумлаҳо [2, 406] дар инкишофи нутқи шогирдон, аҳамияти нутқи мураттаб дар инкишофи нутқи гуфторӣ ва навиштории талабагон [2, 415], алоқамандии нақли хаттӣ бо иншо [2, 415], иншо ва хелҳои он [2, 426], маълумоти ҳаматарафа додаанд, ки ҷавҳари ҳамаи мавзӯъҳои зикршударо инкишофи нутқ ташкил медиҳанд.

Ҳамин тавр, аз натиҷаи мавзӯи баррасишуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки вазифаи асосии таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ ин инкишофи нутқи гуфторӣ ва навиштории хонандагон ба шумор меравад. Таҳлили стандарт, барнома ва мавзӯъҳои китоби дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии равияи омӯзгорӣ оид ба таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки доира ва мазмуни инкишофи нутқ дар ин зинаи таҳсилот хеле васеъ ва гуногунҷабҳа мебошад. Ҳамин хусусият ва ҷанбаҳои инкишофи нутқро ба инобат гирифта, устод Лутфуллозода М. онро ба таври зерин шарҳ додаанд: “Аз тарафи хонандагон амалӣ, фаъолона аз худ намудани тарафҳои гуногуни нутқ, ба мисли тарзи талаффуз, луғат, сохти грамматика ва нутқи алоқанокро инкишофи нутқ меноманд” [2, 386].

Сарчашмаи истифодашуда

1. Эмомалӣ Раҳмон. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. 26.01.2021.ш.Душанбе.

2. Лутфуллоев М. Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ. Душанбе, 2007. 463 саҳ.

3. Лутфуллозода М., Абдуллозода И., Ҷалилова М. Методикаи таълими ибтидоии забони модарӣ. Душанбе, 2020.-266 саҳ.

4. Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2015. 60 саҳ.

5. Стандарти фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ. Душанбе: Маориф, 2017.

6. Байзоев А., Ањмадбекова А. ва диг. Забони модарӣ барои синфи 1. Душанбе, 2018. 192 саҳ