Бо ташаббуси Созмони кор бо ҷавонон мусобиқаи волейбол миёни донишҷӯёни дар хобгоҳи донишгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ ин ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад.