Имрӯз дар факултети информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами информатика ва методикаи таълими он” баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Ҳасанов Дустмурод, декани факултети Информатика оғоз гардид.

Сипас Алимурод Абдураҳмонов, дотсенти кафедраи системаҳои автоматикунониданшудаи коркарди ахбор ва шабакаҳои алоқа дар мавзуи “Давраҳои инкишофи интелекти сунъӣ”, Кароматулло Ҳабибулозода, омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика дар мавзуи “мафҳуми барномасозии ба объектҳо нигаронидашуда дар раванди таълим бо истифода аз компонентҳои забони Delphi”, Мусулмони Абдулсамад, дар мавзуи “Нақши заминаҳои компютерии бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Исломиддин Ҷомаҳмадов, дар мавзуи “Ташкил намудани дарсҳои онлайн тавассути барномаи телеконфиренсияи ZOOM” баромад намуданд.