Имрӯз, 17 апрели соли равон дар доираи нақша – чорабиниҳои шуъбаи тарбияи донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзӯи «Омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат – дарси худшиносиву меҳанпарастӣ» бо иштироки муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар чорабини мазкур мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Набизода Эмомалӣ, дар мавзӯӣ «Аҳамияти омӯзиши асарҳои Пешвои миллат – дар тарбияи хештаншиносии миллӣ», Раиси созмони ҷавонони донишгоҳ Қурбонов Давлатбек дар мавзӯи «Чеҳраҳои мондагор ва шинохти миллт» ва мудири кафедраи сиёсатшносӣ Казаков Рустам, дар мавзӯи «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» баромад намуданд.

Дар чорабинии мазкур қайд карда шуд, ки асарҳои Пешвои миллат инъикосгари таърихи гузаштаву имрӯз ва махсусан дастовардҳои замони истиқлол буда, мутолиаи онҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллии тоҷик аҳамияти хос дорад. омӯзиши ин асарҳо барои мардуми кишвар, бахусус наврасону ҷавонон мояи ифтихор, намунаи ибрат, дарси худшиносиву меҳанпарастӣ аст.