• Бахшида ба ҳафти илм

Бешак, Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар афзалиятҳои миллӣ мавқеи забонро дар ҷомеа устувор намуд. Истиқлолияти комили забонӣ аз он бармеояд, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ масъулияти худро дар назди давлату миллат комилан ва бе ягон таъсири омилҳои беруна иҷро намуда истодааст. Он дар ҳама қишрҳои ҷомеа баробар истифода шуда, ҳамчун забони муоширати байнифарҳангҳо низ корбурд мегардад. Падидаи мазкур хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ҳамагон медонем, ки то замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ зери таъсири сиёсати вақт натавонист доираи амалкарди худро муайян созад. Кор ба ҷое расида буд, ки забони мо ба ҳадди забони хонаводагӣ маҳдуд гардид ва пайваста зери фишори сиёсӣ қарор дошт.

Хушбахтона, дар пайи чораандешиҳои саривақтӣ ҷиҳати боз ҳам боло бурдани мақому нуфӯзи забон мушкилиҳои зикргардида бартараф гардиданд ва имрӯз забони тоҷикӣ дар минтақаи муайяни ҷуғрофӣ истеъмол дорад. Пас, моро зарур меояд, ки истиқлолияти забониро ҳифз намуда, барои беҳбудии вазъи забон дар ҷомеа муваззаф бошем, зеро ба қавли Сарвари давлат: “Соҳиб ва пуштибони аслии забони тоҷикӣ танҳо миллати тоҷик аст”.

Озодию истиқлолияти миллӣ ва давлатии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишварамон муқаддас аст. Зеро Ватани мо тӯли 32 сол аст, ки ҳамчун давлати алоҳида дар харитаи олам аз мавҷудияти мустақилонаи худ ҷаҳониёнро хабар медиҳад. Беҳтарин дастоварде, ки мо дар замони истиқлолият ба даст овардем, ин сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Сулҳу ваҳдати мо-тоҷикон имрӯз ҳамчун сулҳи намунавӣ мавриди ибрату омӯзиши халқҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон ин забони поки аждодиро васф намуда, чунин гуфтааст: «Ин забон забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд».

Истиқлолияту забон, соҳибистиқлоливу соҳибзабонӣ мафҳумҳои ба ҳамдигар наздику қариб буда, ҳарчанд омилу рукни асосии давлат ба шумор оянд ҳам, бо мафҳуми соҳибдавлатӣ баробармаъно мебошанд.

Муҳимтарин коре, ки дар самти бузургдошти забони тоҷикӣ дар замони истқлолият ба сомон расонида шуд, ин забони давлатӣ эълон кардани забони тоҷикӣ буд.

Аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омадан Пешвои миллат сиёсати забониро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд ва вобаста ба беҳ гардидани вазъи забон дар ҷомеа ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдоштаи забонӣ як қатор ибтикороти судмандро амалӣ намуданд. Пеш аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷдиди назар гардид, ки онро метавон қонуни комилан нав арзёбӣ намуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро муқаррар сохта, рушди онро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин кард.

Ин санади муҳим 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид. Аз ин рӯ, дар саросари кишвар ҳамасола ин рӯзро аҳли зиё бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегиранд. Тибқи супориши Президент аз 30 октябри соли 2009 дар назди роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мактабҳои олӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати татбиқи талаботи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаҳои мушаххас гузошта шуд, ки марҳила ба марҳила, новобаста аз таъсироти манфии технологияи муосири комютерӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ дар ҳоли иҷро аст. Оре, дар ҳақиқат шевоӣ ва равонии забони тоҷикиро дар ин замони раванди ҷаҳонишавӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳифз кардан ифтихори миллии на танҳо тоҷикон, балки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Зеро забони тоҷикӣ баъд аз соли 2009 на фақат забони давлатии тоҷикон, балки забони давлатии тамоми халқу миллатҳои ин сарзамини бостонӣ ҳисобида мешавад.

Албатта, тасвиби ин қонун боиси якчанд вокунишҳо гашт. Яке аз сабабҳои чунин вокунишҳо аз мақоми забони давлатӣ маҳрум кардани забони русӣ буд. Забони русӣ баъди ин қонун ҳамчун забони муошират миёни миллатҳои гуногуни Тоҷикистон боқӣ монд

Дар ин давра бо мақсади назорати сиёсати забонии давлат моҳи октябри соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки фаъолияти он дар доираи қонунҳои мавҷуда ба тадбирҳои мушаххас андешидан дар самти равнақи забони тоҷикӣ нигаронида шудааст. Имрӯз Кумитаи мазкур бо фарогирии воҳидҳои кории махсус сиёсати забонии давлатро пеш бурда, мақоми сохтори идоракунандаи манфиатҳои забониро соҳиб аст.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Презеденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри арзиши волои миллӣ нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун, дар назди сохторҳои масъули давлатӣ вазифа гузошт, ки Барномаи рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ таҳия карда шавад.

Барномаи рушди забони давлатӣ, албатта, дар тӯли чаҳор соли пешбинишуда дар амал татбиқ карда мешавад. Зеро як қатор дастуру супоришҳое, ки Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забон 5-уми октябри соли 2010 вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи рушди забон ба масъулини сохторҳои давлатӣ ва масъулини соҳаи забон дода буданд, ба иҷро расонида шуд. Яке аз чунин супоришҳои муҳимми ба иҷрорасида таҳияи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», таҳия ва пешниҳоди «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» буд, ки он бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос анҷом дода шуд.

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ягона фарҳангест, ки дар даврони Истиқлолият пас аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бори нахуст ба нашр расонида мешавад.

Дар ин давра тағйироти куллӣ дар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутси-онии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба донистани забони давлатӣ ҳангоми пешбарии номзадҳо ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, роҳбарони мақомоту муассисаҳо намунаи чунин тадбирҳо дар таҳкими мақоми забони давлатӣ дар замони истиқлолият маҳсуб мешавад». Дар маҷмуъ, бо такя ба маълумотҳои дар боло овардашуда метавон гуфт, ки соҳибистиқлолӣ дар ташаккул ва рушди забони давлатӣ саҳми босазое гузошта, на танҳо барои рушди он то соли 2023, балки ҷиҳати ҳифзи асолати забони давлатӣ дар ояндаи дур сипари ягонаи ҳимоят аз таҷоҳуми фарҳанги технологӣ сохта ва заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт. Дар баробари ин ғамхориҳои марбут ба замони истиқлолият забони давлатӣ ҳамчун забони меъёр барои муттаҳидию сарҷамъии миллати тоҷик ва шаҳрвандони он дар атрофи ғояи сулҳу ваҳдати миллӣ хидмат хоҳад кард.

Дар давраи ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), ки хатари аз байн рафтани забонҳо мебошад, шукр, ки забони форсӣ-тоҷикӣ мақому манзалати худро аз даст надода, рӯз аз рӯз такомул меёбад, сохти грамматикиашро мустаҳкамтар менамояд ва аз махлутгардонӣ канора-тар меистад. Ҳар сол бо ташаббуси роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо асарҳои шоиру нависандагон бо забони ноби тоҷикӣ ба дасти нашр мерасанд, ки дар тарбияи маънавии пиру барно саҳмгузоранд.

Тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишман-дони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақикӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эъҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‟ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳо-яшон зикр намуданд, ки «Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд. Мо бояд минбаъд низ ба масъалаи рушди меъёрҳои забони давлатиамон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем ва ба ин хотир мутахас-сисони забоншиносу суханшиносро зарур аст, ки ҷиҳати такмил додани қоидаҳои забони тоҷикӣ, риояи асолати меъёрии он тадбирҳои судманд андешанд ва дар тарғибу ташвиқи ин забони хушоҳанги рӯҳнавоз ҳиссаи ватандӯстона гузоранд».

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид карданд, ки “Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворисони имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят намуданд.

Риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, ба хусус барои кормандони матбуоти даврӣ, радио, телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ва ҳамчунин ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар амал ҷорӣ кардани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”, инчунин таҳияи лоиҳаи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дастуру супоришҳо доданд.

Рисолати инсонии ҳар як фард дар он аст , ки забони модарияшро, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморад, онро мисли модар, ки моро ба дунёоварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисм у ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунад ва онро гиромӣ дорад.

Изатуллоева Дилбар,

омӯзгори кафедраи рӯзноманигории

ДДБ ба номи Носири Хусрав