ИШТИРОКЧИИ №31

Шарипов Сангимурод – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав

НАҚШИ ЖУРНАЛИСТИКА ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДОНИШҲОИ ЭКОЛОГИИ СОКИНОН

Журналистика чун институт ва воситаи муқтадири дастрас ва паҳкунандаи иттилоот пазируфта шуда, дар маърифати олами иҳоташуда ба инсон ёрӣ мерасонад. Ҳамин аст, ки Инсон аз даврае, ки худро чун ҷузъи табиат ва ҷамъият мешиносад, ба иттилоот таваҷҷуҳу иртибот дорад. Иттилоот, аз ҷумла иттилооти экологӣ чун донишҳои зарурӣ ҳамеша инсонро таҳрик ва ба самти муайян роҳнамоӣ карда, барои фаҳмиши қонунҳои табиат ёрии амалӣ мерасонад. Илова бар ин, таваҷҷуҳ ба масъалаи ҳифзи табиат, тавсеаи донишҳои экологӣ аз самтҳои асосии фаъолияти кишварҳои муосир ба ҳисоб меравад. Яке аз муҳаққиқони журналистикаи экологӣ дар Тоҷикистон дотсент Ҷамолиддин Яқубов дар ин маврид зикр намудааст: “Журналистикаи экологӣ падидаи ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад, аз ин хотир ҳуқуқи дастрасӣ доштани шаҳрвандон ба ахбори экологӣ бисёр муҳим мебошад” [5, с. 41].

Дастрасӣ доштани шаҳрвандон ба иттилооти экологӣ, пеш аз ҳама ба ҳифзи муҳити зист ва самараноку оқилона истифода кардани захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Зикр намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ва интишори иттилоот, хоса иттилооти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин ҷода як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки муносибати моро дар ин ҷода ба танзим медарорад. Дар моддаи 4-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот” (аз 10 майи соли 2002) омадааст: “Яке аз усулҳои асосии муносибатҳои иттилоотӣ кафолатнокии ҳуқуқ ба иттилоот: кушода будан, дастрасии иттилоот ва озодии мубодилаи он мебошад” [2, с. 62]. Ҳамчунин қайд намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ оид ба экология буда, як қатор санадҳои байналмилалӣ, конвенсия ва паймонҳоро эътироф ва пазируфтаст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама имкони дастрасӣ ба иттилооти экологиро дар ҷараёни муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва танзим мекунад. Дар шарҳи мухтасари Конвенсияи “Орхус” омадааст: “Иттилооти экологӣ гуфта чунин намуди маълумотеро менамоанд, ки дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва электронӣ доир ба ҳолати унсурҳои муҳити зист ва робитаи мутақобилаи байни онҳо, доир ба омилҳои таъсир ба экология (сиёсат, қонунҳо, семинарҳо) доир ба таъсири фаъолият ва ё чорабиниҳо ба вазъи саломатӣ ва амният ва шароити зисти одамон бо мақсади дар тавозун нигоҳ доштани ҷамъияту табиат баён карда мешавад” [3, с. 7].

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баҳри таҳким бахшидани донишҳои экологӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандааш дар ин самт мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Омӯзиши фанҳои экологӣ ва ба он алоқаманд дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии кишвар гувоҳи он аст, ки мо ба ин гуна донишҳо ниёз дорем ва ба он арҷ мегузорем. Қайд намудан зарур аст, ки масъалаи маърифати экологӣ ва чигунагии муносибат ба он ҳамеша зери таваҷҷуҳи кормандони натанҳо ҳифзи муҳити зист, балки намояндагони соҳаи востаҳои ахбори омма қарор дорад. Ҳамин омил аст, ки журналистика бо экология аз давраи пайдоиши ҳамдигарӣ иртиботи ногусастанӣ доранд. Аксари масъалаҳои экологӣ дар воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикосу баррасӣ мешаванд. “Инъикос кардани мавзӯъҳои экологӣ дар ВАО зарур аст, зеро вазъи саломатӣ, офияти инсон ва ҳолати муҳити зист алоқаи бевосита дорад. Бинобар ин, дар бораи вазъи муҳити зист аз ҷониби аҳолӣ бо эҳсоси баланд чун инстинкти зинда мондан қабул карда мешавад” [5, с. 41].

Ҳифзи муҳити зист ва таваҷҷуҳ ба он омили муҳимми таъмини ҳаёти организми зинда дар рӯйи замин мебошад. Яке аз масъалаҳои асосӣ, ки давлату ва ҳукумати Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ дорад, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт тавассути воситаҳои ахбори омма маводи зиёде интишор мегардад, то ин ки сокинон ба табиат ва ҳифзи он масъулияти бештар дошта бошанд. “Дар журналистикаи экологӣ маърифатбахшӣ, яъне баланд бардоштани маърифати экологии омма яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва асосӣ маҳсуб меёбад” [5, с. 42]. Дар воқеъ, интишори мавод тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба ҳифзи муҳити зист дар зеҳни наврасону ҷавонон ва дар умум сокинон чигунагии муносибатро бо табиат ва сарватҳои он ба вуҷуд меорад. Таҳкиму ҷорӣ намудани эҳсоси зебоипарастӣ низ аз ҳамин дидгоҳ ибтидо мегирад. Ба таъбири муҳаққиқ Ҷ. Яқубов: “Вазифаи эстетикии журналистикаи экологӣ аз бедор кардани ҳисси табиатдӯстдорӣ ва зебоипарастии омма иборат аст. Ин гуна мавзӯъҳо одатан барои беҳ гаштани ҷанбаъи ахлоқии ҷомеа мусоидат менамояд” [5, с. 43].

Дар ҷомеаи муосир инсоният ба мушкилоти зиёди глобалӣ, аз ҷумла норасоии маводи озуқа, хушксолӣ, вайрон гардидани муҳити зист, босуръат об гардидани пиряхҳо рӯ ба рӯ гардидааст, ки ин омилҳо паёмадҳои ногувор доранд. Ҳарчанд мутахассисони соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар василаҳо ҷиҳати таъсирпазирии инсоният ба муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои зиёновар мақолаҳо ба нашр расонанд ҳам, ин мушкилот ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суханрониҳои худ роҷеъ ба тағйирёбии иқлим сухан намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват меоваранд, ки дар ин самт дар ҳамкорӣ қарор дошта бошанд. Дар ин хусус дар Паёми навбатиашон зикр карданд: “Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд” [4, с. 26].

Яке аз проблемаҳои асосии экологӣ босуръат зиёд гардидани инсон дар рӯйи Замин мебошад. Ин ҳолат аксарияти кишварҳо ва ҷомеаҳоро нигарон карда, боиси пайдо гардидани дигар мушкилоти экологӣ гардидааст. Муҳаққиқ Бердиев Ҷ.Б. ин масъаларо таҳлил намуда, дуруст баён доштааст: “Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки чи қадар зичии аҳолӣ зиёд бошад, ҳамон қадар ифлосшавии муҳити атроф меафзояд. Қобили қайд аст, ки дар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон афзоиши ифлосшавии муҳити атроф на аз ҳисоби зичии аҳолӣ, балки аз ҳисоби дараҷаи инкишофи илму техника муайян карда мешавад. Чи тавре ки маълум аст, зичии аҳолӣ дар ин мамлакатҳо дар даҳсолаи охир устувор гардида, тағйир намеёбад” [1, с. 204]. Дар шароити имрӯза лозим аст, ки давлату кишварҳо Стратегияи танзими оиларо қабул намуда, дар асоси он фаъолиятро ба роҳ монанд. Ҳарчанд дар ин самт баъзе аз кишварҳои пешрафтаи дунё ба мисли Япония, Чин ва Ҳиндустон тадбирҳо андешида бошанд ҳам, аммо ин масъала чандон диққати дигар кишварҳоро ба таври зарурӣ ҷалб накардааст. Ба касе пӯшида нест, ки бо зиёд шудани аҳолӣ бояд истеҳсолот низ афзоиш ёбад. Вақте истеҳсолу истеъмоли маҳсулот зиёд шуд, хоҳ нохоҳ таъсирпазирӣ ва ифлосшаваии муҳити зист аз ҷониби инсон бештар мегардад. “Аз рӯйи маълумотҳои мавҷуда бармеояд, ки аз соли 1945 сар карда, миқдори аҳолӣӣ 42%, ифлосшавии муҳити атроф 10 – 20 маротиба, аммо даромади миллӣ бошад, 126% зиёд шудааст. Муайян шудааст, ки дар ИМА ҳар сол 148 млрд қуттиҳои холии консерва, 26 млн зарфҳои шишагин, 65 млрд қуттиҳои металлӣ ва пластикӣ ба атроф партофта мешаванд. Хароҷоти солона барои ҷамъ ва нобудкунии пасмондаҳо 3 млрд долларро ташкил медиҳад. Дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон барои нобудкунии пасмондаҳо 2 – 2,5% даромади миллӣ сарф мешавад.” [1, с. 204].

Муносибати сарди инсонҳо нисбат ба табиат моро ҳушдор медиҳад, ки ҳар чӣ бештар дар масъалаи баланд бардоштани маърифати экологӣ талош намоем. Ҳар қадар табиат аз хатарҳо ҳифз карда шавад, ҳамон андоза ҳаёт дар рӯйи Замин тулонӣ давом мекунад. Агар имрӯз мо ба оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва инкишофбахшии муҳити зист масъулият зоҳир намоем, ҳамон андоза пешравиҳо ба вуҷуд меоянд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зист фаъолият дорад, ки асосан ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар самти ҳифҳи табиат фаъолият менамояд.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА МАНБАЪҲО

1. Бердиев Ҷ.Б. Экологияи амалӣ ва муҳофизати табиат (Китоби дарсӣ барои мактабҳои Олӣ) / Ҷ.Б. Бердиев. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 496 с.

Маҷмӯи қонунҳо дар бораи воситаҳои ахбори умум. – Душанбе, 2006. С.

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иттилоот. – аз 10 майи соли 2002.

3. Шарҳи мухтасари Конвенсияи “Орхус”. – Душанбе, 2007.

4. Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ( 21.12.2021.). – Душанбе, 2021.

5. Яқубов Ҷ. Журналистикаи экологӣ (Воситаи таълимӣ) / Ҷ. Яқубов. – Душанбе, 2012. – 168 с.