Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ – назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Рӯзи илми тоҷик” баргузор шуд.

Нахуст, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ аз намоиши дастовардҳои пешниҳоднамудаи ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳо дидан намуд.

Конференсияи мазкур бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ оғоз гардид. Зимни суханронӣ гуфта шуд, зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд ва ин дастгирию пуштибонии муассисаҳои таълимию илмӣ боиси он шудааст, ки теъдоди шаҳрвандони кишвар, ки ба тадқиқотҳои илмӣ машғул мешаванд, сол аз сол меафзоянд.

Дар ин робита, қайд кардан ба маврид аст, ки муассисаи мо низ дар ин самт саҳмгузор мебошад ва имрӯзҳо олимони донишгоҳро натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нағз мешиносанд, ки ин мояи ифтихори мо мебошад. Донишгоҳ имрӯзҳо ба як макон ва боргоҳи бузурги таълимию илмӣ табдил ёфтааст, ки дар он тамоми имконот барои таҳсил ва пешбурди корҳои илмӣ муҳайё мебошад. Ва роҳбарияти донишгоҳ дар навбати худ мутобиқ ба барнома ва Стратегияи донишгоҳ давра ба давра бо хариди таҷҳизотҳои лозима пояи моддии донишгоҳро тақвият намуда истодааст.

Дар донишгоҳ 601 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 18 профессори штатӣ, 7 профессори ҳамкор, 184 нафар номзади илм ва дотсент, 37 нафар саромӯзгор, 362 нафар омӯзгор ва ассистент дар 43 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул мебошанд.

Корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 70 равия сурат гирифта, зиёда аз 139 мавзуъро дарбар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмии худро дар соли 2023 ва се моҳи соли 2024 дар 1985 номгӯйи кор, аз ҷумла 132 номгӯйи рисола, 33 монография, 12 китоби дарсӣ, 134 дастури методию васоити таълимӣ, 65 барномаҳои фанни таълимӣ, 1609 номгӯйи мақолаҳо ҷамъбаст кардаанд ва дар конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ 709 гузориш намуданд. Аз ҷумла, дар конференсияҳои байналмилалию маҷаллаҳои илмии хориҷи кишвар зиёда аз 119 гузоришу мақола нашр намудаанд.

Дар донишгоҳ аз рӯйи ду мавзуи фармоиши тадқиқоти илмӣ бурда шуда истодааст. Мавзуи якум «Инвентаризатсияи намудҳои асосии дарахтон ва буттаҳо дар минтақаи кабудизоркунии ш. Бохтар ва бунёди минтақаи интродуксионнӣ дар заминаи Маркази таълимии ДДБ ба номи Носири Хусрав (ш. Левакант)» ва мавзуи дуюм «Тоҷикистон ва дурнамои рушди он».

Дар ин ҷо қайд кардан ба маврид аст, ки роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати устодону профессорони он барои зиёд намудани мавзуъҳои фармоишӣ талошу кӯшиш ба харҷ дода истодаанд ва умедворем, ки дар ин самт низ ба муваффақият ноил шуда, теъдоди мавзуъҳои фармоиширо ба маротиб зиёд хоҳанд кард.

Дар донишгоҳ ба ҷуз аз 43 кафедра, ки дар баробари корҳои таълимӣ ба корҳои илмӣ машғул мебошанд, боз ниҳодҳои дигаре низ мавҷуд мебошанд, ки мустақиман ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Инҳо Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ (ИИТТИТТ), Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ», Маркази омӯзиши илмӣ-таҳқиқотии «Мактаби сарварии Пешвои миллат» мебошанд. Дар баробари ин дар донишгоҳ ду Шурои диссертатисонӣ фаъолият мекунад

Дар донишгоҳ 228 нафар магистрант, 35 нафар докторант аз рӯйи ихтисоси доктор PhD ва 198 нафар унвонҷӯ-мутахассис ба тадқиқотӣ илмӣ машғул мебошанд.

Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, ба ҳайати профессорону устодон ба хотири кумаку дастгирӣ дар омода намудани кадрҳои илмӣ изҳори минатдорӣ намуда, ба онҳо дар ҷодаи пуршарафи илм ва омода намудани кадрҳои илмӣ муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли 2023 ва се моҳи аввали соли 2024 теъдоди бештар аз 23 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи номзади илм гаштанд ва теъдоди 5 тан аз номзадони илм бошанд, сазовори унвони дотсентӣ гардиданд.

ДДБ ба номи Носири Хусрав бо бештар аз 31 муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар ҳамкориҳои мутақобилан судманд дорад.

Ҳамасола дар донишгоҳ конференсияҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва мизҳои мудаввар доир карда мешаванд, ки дар он теъдоди зиёди донишмандон аз донишгоҳҳои дуру наздик ширкат варзида суханронӣ менамоянд.

Ногуфта намонад, ки донишгоҳ дорои ҳафтаномаи донишгоҳӣ бо номи «Фурӯғ», маҷаллаи илмӣ бо номи «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», сомонаи Интернетӣ ва саҳифаи сомонаи иҷтимоӣ дар фейсбук мебошад.

Устодони донишгоҳ, инчунин, бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ҳамкории зич дошта, вобаста ба мавзуъҳои доғи рӯз ва масоили ба таври пурра илмӣ дар барномаҳои телевизион ва радио ширкат намуда, суханронӣ менамоянд.

Ҳамасола дар моҳи апрел дар Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯз ва ҳафтаи илми тоҷик таҷлил мегардад ва дар ин ҳафтаи илм дар муассисаҳои илмию таълимӣ конференсияҳои илмӣ баргузор мегардад. Имрӯз омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ низ ба ин конференсияи илмӣ бештар 1188 адад мақолаҳои илмии хешро пешниҳод кардаанд, ки аз ин теъдод 568 адад мақола ба омӯзгорон ва 620 адад мақола ба донишҷӯён мутааллиқ мебошад.

Сипас, Абдурасул Сатторов, профессор дар мавзуи “ Масъалаҳои муосири таълими математика”, Комилӣ Абдулҳай, профессор дар мавзуи “Саҳми ниёгони тоҷик дар инкишофи донишҳои риёзиву табиӣ дар мисоли яке аз вожаҳои риёзӣ “Синус”, Сироҷиддинов Афзалшоҳ, магистранти соли дуюми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ дар мавзуи «Марифати ҳуқуқӣ асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва Раҳимова Шоира, донишҷӯйи соли панҷуми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар мавзуи «Озмунҳои ҷумҳуриявӣ заминаи асосии боло бардоштани маърифатӣ миллӣ» баромад намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки кори ҷаласа дар дар 43 бахш идома мекунад.