Дар толори ДДБ ба номи Носири Хусрав Конференсияи VIII байналмилалии илмӣ-амали дар мавзуи “Россия, Сибир ва Осиёи Марказӣ: баҳамтаъсирасонии халқҳо ва фарҳангҳо”, ки таъсисдиҳандагони он Муассисаи таҳсилотии давлатии федоролии буҷавии таҳсилоти маълумоти олӣ “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай”, Пажуҳишгоҳи таърихи коммуникатсияи иҷтимоӣ ва ҳуқуқ (ш. Барнаули Федератсияи Россия), Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии «DIGITAL SOCIAL RESEARCH» –Донишгоҳи техникии ба номи Д. Серикбаев Қазоқистони Шарқӣ (ш. Уст–Каменогорски Ҷумҳурии Қазоқистон) ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буданд (ш. Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон), баргузор гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки ташкилотчии конференсияи байналмилалӣ аз ДДБ ба номи Носири Хусрав, кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ мебошад.

Дар кори конференсия олимони ихтисосманд аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Мақсади конференсия ин муттаҳид намудани саъю кӯшиши олимони рус ва хориҷӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, омӯзгорони мактабҳои миёна, олимони ҷавон, аспирантҳо ва магистрантҳо дар муҳокима ва таҳлили масъалаҳои муосири рушди таърихӣ ва муосир ва ҳамкории мутақобила байни Россия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад.

Масъалаҳои баррасишуда дар конференсия инҳо буданд:

1. Фарҳанг ва дини Осиёи Марказӣ ва дохилӣ.

2. Масъалањои этноконфессионӣ, иљтимоию демографӣ ва минтаќавии Осиёи Марказӣ (давраи гузашта ва имрўза).

3. Рушди дохилӣ ва муносибатҳои байналмиллалӣ дар Осиёи Марказӣ ва худудҳои ҳамсоя: таърих ва давраи муосир.

4. Таърих, таърихшиносӣ ва рушди муосири Чини Ғарбӣ.

5. Робитаи мадании халқҳои Сибир ва Осиёи Миёна дар замони гузашта ва ҳозира.

6. Масъалаҳои таълими таърихи мамлакатҳои Осиёи Миёна дар мактабҳои олӣ ва миёна.

Дар конференсияи доктори илмҳои таърих, профессор Алимов Д.Х. – мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуда, дар мавзуи “Масъалаҳои ба меҳнат фаро гирифтани муҳоҷирони хатлонӣ дар минтақаҳои Федератсияи Россия” маърӯзаи илмӣ намуд, ки аз тарафи иштирокчиёни конференсия самимона қабул гардида, саволҳои бисёреро ба миён оварда, мавриди баҳс қарор гирифт.

Бояд қайд намуд, ки дар маводҳои конференсия мақолаҳои илмии дотсент Баҳодуров Б.Ф., декани факултет дар мавзуи “Вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар Афғонистон дар солҳои 30-юми асри ХХ”, дотсент Наботов Ф.С., муовини декан оид ба корҳои таълимӣ дар мавзуи “Ёрии бародаронаи мутахассисони Федератсияи Русия дар сохтмони шабакаи обёрии Ёвону Обикиик”, номзади илмҳои таърих Ҷалилов М.Ш., муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқ оид ба тарбия дар мавзуи “Масъалаҳои муҳоҷирони беруна аз вилояти Хатлон дар Федератсияи Росси”, унвонҷӯйи кафедраи таърихи халқи тоҷик Садбарги Исо дар мавзуи “Саҳми мутахассисони Федератсияи Россия дар барқароршавӣ ва рушди сохтмони шабаки обёрии Фархору Чӯбек”, омӯзгори кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ Абдуллоев Ҷ.Ф. дар мавзуи “Истифодаи таҷрибаи бойи занбӯрпарварони Русия”, омӯзгори кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ Юсуфиён М.М. дар мавзуи “Барқароршавӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон (солҳои 20-70-уми асри ХХ)” ва докторанти PhD Алиева Л.Ш. дар мавзуи “Саҳми мутахассисони Федератсияи Россия дар сохтмони роҳҳои хокӣ ва асфалтӣ дар Тоҷикистон” ба чоп расиданд.

Иштирок дар чунин конференсияҳои байналмилалӣ барои боз ҳам наздиктар шинос гардидан бо вазъи илмии донишгоҳҳои хориҷӣ мебошад ва ин ба рушди илм дар донишгоҳи мо тақвият мебахшад.

Алимов Д.Х. – мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии ДДБ