Имрӯз дар шаҳри Дӯшанбе “Якумин Фестивали намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷа дар Тоҷикистон -2024” ба кори худ оғоз бахшид.

Дар Фестивали мазкур ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иштирок намуд.

Дар Фестивал Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратхонаҳои хориҷӣ, ва ректорону намояндагони донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Малайзия, Амрико, Туркия, Белоруссия иштирок намуданд.