ИШТИРОКЧИИ №22

Турахонов Салоҳиддин Абдураҳмонович – докторанти PhD-и ДДБ ба номи Носири Хусрав

ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба як қатор масъалаҳои глобалии ҷаҳон ташаббусҳои байналмилалӣ пешиҳод доштанд. Яке аз ин иқдоми башардӯстона ғамхорӣ ба хотири ояндаи дурахшони аҳли башар ба миён гузоштани ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 20 сол мешавад, ки раванди мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ ва пешомадҳои манфиовари онро меандешад ва натиҷаи онро дар конфронсу созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иброз медорад. Аз ҷумла бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», «Солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии об-барои ҳаёт», соли 2013 «Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об» «Солҳои 2018-2028 даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор» дар сатҳи СММ қабул шуда мавриди амал қарор гирифт.

Бо вуҷуди амалишавии масъалаҳои мазкури обу иқлим ва натиҷагирӣ аз захираҳои обӣ ва ҳалли мушкилоти норасоии он дар кураи замин, ҳамзамон таваҷҷуҳ ба ҳифзи пиряхҳо дода шуд. Тавре ки олимону мутахассисони соҳа қайд менамоянд, солҳои охир обшавии зиёди пиряхҳо ба назар мерасад ва ин метавонад, хавфу хатари обхезӣ ва камшавии захираҳои обии на танҳо кишвари моро балки сайёраро ба вуҷуд орад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, мизбони Конфронси оби СММ-2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошад ва ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф суханронӣ намояд. Пеш аз баргузории ин конфронс бо мақсади татбиқи ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба об Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри соли 2022 Қатънома дар бораи соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва аз соли 2025 дар ҷаҳон ҳамасола 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул шуд, ки ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Пешвои миллат зимни конфронси мазкур дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ вобаста ба мушкилоти глобалии обу экология ибрози андеша намуда гуфтанд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст». Албатта тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, ҳарорати баланди ҳаво ва афзоиши техникаву технология ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва масъалаҳои обу иқлим, аз мушкилоти навбатии сайёраи замин ба шумор меравад. Вобаста ба амалишавии масъалаи мазкур Созмони милали Муттаҳид бо пешбарии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва подшоҳи Нидерландия Конфронси байналмилалиро баргузор намуд.

Ҳамаи ин ҳадафҳо дар масъалаи оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо маҳз ба хотири рушди солимӣ ва ҳаёти осоиштаи сокинони рӯи замин равона шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин пешниҳодҳо дар масъалаҳои глобалии обу иқлим дар қатори дигар кишварҳои абарқудрат мавқеи намоёнро соҳиб шудааст.

Тавре ки мутахассисони соҳа маълумот медиҳанд, то ба имрӯз дар ҷаҳон беш аз 2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва ҳамасола аз ин мушкилот садҳо ҳазор нафар мефавтанд ва ё ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дучор мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши об ва захираи асосии он дар дарёву кӯлҳо, аз ҳисоби бориши барфу борон ва пиряхҳо ба вуҷуд меоянд.

Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи оқилонаи комплексӣ ва ҳифзи ин сарвати бебаҳои табиат барои мо хеле муҳим аст.

Мавриди зикр аст, ки пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Миёна хеле зиёданд. Масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна тақрибан 17-18 ҳазор км²-ро ташкил дода, аз ин шумора 60%-и обҳои минтақаро Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ ба шумор меравад ва пиряхҳо дар баландиҳои тақрибан 3400-5240 м. ҷойгир шудаанд. Пиряхҳо танзимкунандаи оби кӯлу дарёҳо буда, қариб 6%-и масоҳати кишварро ташкил менамоянд.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар солҳои охир тақрибан 1000 пиряхҳои ҳудуди кишвар аз байн рафтаанд. Ин раванд дар солҳои наздик боис ба нигаронӣ ва нобудшавии олами набототу ҳайвонот ва соҳаи кишоварзӣ оварда мерасонад.

Бояд гуфт ки пиряхҳо сарвати бебаҳои табиат ба ҳисоб мераванд. Дар қисми ҳамвории Осиёи Миёна ва Тоҷикистон, ки иқлими хушкӣ дорад пиряхҳо ва барфҳои баландкуҳ ягона манбаи фаровони об аст. Боришоти барф ва захираи пиряхҳо ибтидо ва афзоиши оби дарёҳои хурду калонро асос гузошта, дар гардиши замину водиҳо самараи дилхоҳ мебахшад.

Пиряхҳо аз он ҷиҳат аҳамияти хос доранд, ки онҳо ҳангоми обшавии муътадил ба заминҳои обёришаванда таъсири мусбӣ мерасонад. Аҳамияти дигари пиряхҳо аз он иборат аст, ки миқдори зиёди обро ҳангоми кам боридани барфу борон, дар худ нигоҳ медоранд ва як муддат олами табиатро бо об таъмин менамоянд.

Ҳангоми боришоти барфу борон дар фасли зимистон обшавии пиряхҳо кам гардида, захираашон пурра мегарданд. Бинобар ин пиряхҳо захираи дарозмуддати об ва танзимкунандаи табиии раванди кӯлу дарёҳо ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо бо вуҷуди паҳлуҳои дигари фоида оварданашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ низ хеле муҳиманд.

Дар маҷмуъ, ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ҳалли мушкилоти экологии аҳли башар нақши калидӣ дорад.

Ҳамзамон ҳангоми амалишавии ин пешниҳоду таклифҳо сокинони сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ ёфта, дар рушди ғизои солим, муҳити табиат ва иқтисодиёти сабз ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд.