Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии “Муҳақиқ ва ихтироъкори ҷавон” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бох ар ба номи Носири Хусрав фаъолона ширкат намуданд.

Зимни натиҷагирии озмун Бухориев Давлат Муҳиддинович, донишҷӯи курси 5 -уми ихтиссоси биохимияи тиббӣ аз руйи номинатсияи фарматсевтика, сазовори ҷойи сеюм, Саидмуродзода Парвиз, донишҷуи курси 3-юми ихтсисоси математика (фаъолияти илми педагогӣ) дар номинатсияи математика, сазовори ҷойи сеюм ва Эмомова Муҳарама, донишҷӯи курси 5-уми ихтиоси география ихтисоси иловагии (демография) дар номинатсия география сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.