• Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоят, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз гардид. Ректори донишгоҳ зикр намуд, ки дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои аз худ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо натиҷаҳои назаррасро ба бор хоҳад овард. Рушди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дошта, барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ бояд аҳамияти аввалиндараҷа дод.

“Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28.12.2023 баргузор гардид қайд намуданд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Ҳамчунин пояҳои ҳуқуқии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро тақвият намоем”, – афзуд Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмад, ректори донишгоҳ.

Дар чорабинӣ Каримзода Ҷамшед, муовини раиси вилояти Хатлон ва Аваззода Шараф Тавар, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, андешаронӣ намуд.

Баъдан маърӯзаҳои Давлатзод Собирҷон, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар мавзуи “Шарҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, Назарзода Авазҷон, прокурори вилояти Хатлон, дар мавзуи “Вобаста ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, Наимзода Пайрав, муовини раиси суди вилояти Хатлон, дар мавзуи “Паёми Пешво ва соли маърифати ҳуқуқӣ”, Ҳабибуллоев Аскарҷон, муовини сардори шуъбаи тероризми раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар мавзуи “Шомилшавии ҷавонон ба саффи ҳаракатҳои терористӣ ва экстримистӣ” ва Обидзода Юсуф, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Хатлон, дар мавзуи “Сабабу омилҳои содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон” шунида шуд.

Дар охир, аз ҷониби сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои саҳми намоён гузоштан бо Сипоснома сарфароз гардиданд.