Имрӯз ба декани факултети филологияи Донишгоҳи Тарази Ҷумҳурии Қазокистон Исбакова Гулнур Болтабекова ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварданд.

Меҳмононро дар донишгоҳ раёсати робитаҳои байналмилалӣ дар як фазои самимии хайру макдам намуда оиди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун аз он ҷумла, табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайра ибрози андеша намуданд.

Дар асоси мувофиқа бо ректори донишгоҳ профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат байни ДДБ ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи Тарази Ҷумҳурии Қазокистон шамртномаи ҳамкори баста шуд.

Меҳмонон аз Китобхонаи донишгоҳ, лабораторияҳои факултети техникӣ ва технологӣ, Маркази тести, факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, факултети забони англисӣ ва Маркази захиравии забони англисӣ дидан намуда ба фаъолияти марказҳои мазкур баҳои баланд доданд.