Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав курси омодасозии “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” бо фарогирии 35 нафар кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии кишвар пешбинӣ гардидааст.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Амирзода Аловуддин, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон оғоз гардид.

Сипас, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир ба дастгириҳо ва таваҷҷӯҳи бевоистаи Пешвои миллат ба самти маориф баромад намуд.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки курси мазкур ду моҳ давом намуда, баъди хатми он иштирокчиён бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.