Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Механизми идоракунии молиявӣ дар соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз гардид.

Баъдан маърузаҳои илмӣ Пиризода Ҷалил, доктори илмҳои иқтисодӣ, академик, директори Институти иқтисодиѐт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзуи «Амнияти озуқаворӣ омили муҳими рушди иқтисодӣ», Нурализода Наргис номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини декани факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзуи: «Нақши соҳаи саноат дар амалишавии ҳадафҳои олии мамлакат» ва Наимзода Бекмурод, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ дар мавзуи: «Соҳаи сайёҳӣ омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ» шунида шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки конференсияи мазкур аз 3 бахш – бахши 1: Рушди низоми молиявию бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши 2: Рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ ва бахши 3: Амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат- кафили рушди иқтисодиёти миллӣ иборат буда, кор дар бахшҳо идома дорад.