ДИГАР СИЁҲ МАПӮШ

(Сухане ба бонувони тоҷик)

Ту моҳи бурҷи Ямонӣ, дигар сиёҳ мапӯш,

Ту нури ҳарду ҷаҳонӣ, дигар сиёҳ мапӯш!

Сиёҳ рамзи шабу мотаму азодорист,

Ту, ки на ину на онӣ, дигар сиёҳ мапӯш.

Либоси миллати мо чун баҳор рангин буд,

Ту аз табори каёнӣ, дигар сиёҳ напӯш.

Ту шоҳдухти Хуҷанду маликаи Раштӣ,

Ту маҳваши Хуталонӣ, дигар сиёҳ мапӯш.

Ва динат аз ту либоси сияҳ намехоҳад,

Ба мазҳаби кӣ равонӣ? Дигар сиёҳ мапӯш!

Чу рӯймол бибандӣ, ба ранги модар банд,

Чунон, ки нур фишонӣ, дигар сиёҳ мапӯш!

Машав фирефтаи фирқаи сияҳпӯшон,

Магар ту бо дигаронӣ? Дигар сиёҳ мапӯш.

Раво мадор, ки манъат кунанд аз мактаб,

Ту бояд илм бихонӣ, дигар сиёҳ мапӯш!

Раво мадор, ки бори дигар каниз шавӣ

Ва кунҷи хона бимонӣ. Дигар сиёҳ мапӯш!

Бубин, диёри азизат чи гуна сарсабз аст,

Ту як шукуфаи онӣ, дигар сиёҳ мапӯш!

Ба он қиёс, ки муъмин бародари муъмин,

Ту хоҳари ҳамагонӣ, дигар сиёҳ мапӯш.

Агар ту духтари ин миллатӣ, дурахшон бош!

Агар ту модари ҷонӣ, дигар сиёҳ мапӯш!

(Лутфан, аксҳоро низ бо диққат муқоиса намоед.)