Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи кории шуъбаи тарбияи донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ Нурализода Наргис, иҷрокунандаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Қурбонов Давлатбек, раиси созмони ҷавонон, Каримова Санавбар, раиси бонувони донишгоҳ, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи корӣ доир ба омодагиҳои донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани ҷашнҳои таърихии 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Консепсияи миллии тарбия аз 03.03.2006 №94, риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.06.2016, №237 миёни омӯзгоронудонишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ, дурӯст ба роҳмондани низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар фаъолияти корӣ, тақвияти фаъолияти кории кураторони гурӯҳҳои таълимӣ ва дар сатҳи баланд баргузорнамудани дарсҳои тарбиявӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа иброз гардид, ки ба масъалаи назорати доимии хобгоҳи донишҷӯён, риояи тозагӣ дар роҳрав ва ҳуҷҷраҳои донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳо дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ зери назорати доимӣ қарор дода шавад. Ҳамзамон, миёни донишҷӯёни хобгоҳ мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои илмӣ – фарҳангӣ ва викторинаҳои саволу ҷавоб аз ҷониби садорати факултетҳо доир карда шаванд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби омӯзгороу донишҷӯёни донишгоҳ доир ба унсурҳои тарбияи милии шаҳрвандон, тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрави рӯз мақолаҳои илмию оммавӣ бештар ба нашр расонида шаванд.

Қайд карда шуд, ки дар доираи иҷрои бандҳои Консепсияи милии тарбия бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, ҳимояи он аз таҳдиду хатарҳои муосир, бегонапарастӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста миёни омӯзгорону донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳиро дар шакли семинарҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо ва конференсияҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва варзишӣ баргузор намоянд.

Leave a Comment