Бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон симпозиуми байналмилалии илмии “Тоҷикистон дар масири таърих: Истиқлолият, дастовард ва дурнамо”- ро ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Дар яке аз бахшҳои симпозиум омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Самандар Раҷабализода дар мавзӯи “Амалигардии сиёсати давлатии ҷавонон дар замони Истиқлолият” баромад намуд.