-мегӯяд Ғуломҳайдар Искандаров, донишҷӯи 76-солаи тоҷик, ки барои гирифтани маълумоти 8-ум дар курси 4-уми гурӯҳи фосилавии ихтисоси географ ва демографи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохрта ба номи Носири Хусрав таҳсили илм дошта, бо ғайратмандӣ, шавқи илмомӯзӣ ва серталабии худ устодону ҳамсабақони ҷавонашро дар ҳайрат гузошт.

Бобои Ғуломҳайдар, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Дӯстӣ аст. Баъди 24 соли фаъолияти агрономӣ ӯ дар МТМУ№30-и зодгоҳаш омӯзгор шуда ба хонандагори дарс мегӯяд. Бобои Ғуломҳайдар дипломи ҳафт муассисаи таълимӣ – коллеҷи кишоварзӣ, коллеҷи технологӣ, омӯзишгоҳи ҳарбӣ, техникуми кишоварзӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, факултети филологияи тоҷик, ба ихтисоси забони русии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохта ба номи Носири Хусравро дорад.
Ӯ аввалин ва ягона нафарест, ки дар синни бознишастагӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав таҳсил дорад.
Давоми матнро метавонед дар навори видеоӣ тамошо кунед.
Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ
Донишҷӯи 76 солаи ДДБ ба номи Носири Хусрав