Усулан ҳар рӯзе, ки дар он ёдбуде аз хушӣ ва шодмоние барои гурӯҳе аз мардум бошад, аз замони тавлиди Наврӯз боз ҷашн номида мешавад.
Ҷашн аз вожаи ясн гирифта шудааст. Ин вожа дар забони паҳлавӣ ба сурати «язшен» ва ба маънои ситоиш ва парастиш истифода мешудааст. Наврӯз, ки аз решаи калимаи паҳлавии «нукруч» ё «нук» гирифта шудааст, маънои «Рӯзи нав»-ро медод. Зеро «нук» дар забони паҳлавӣ ба маънои тоза ва зидди кӯҳна истифода мешудааст. «Рӯз» ё «руч» бошад, ба маънои вақт ва замон (аз тулӯъ то ғуруби Офтоб) омада будааст. Ба ҳар ҳол Наврӯз калимаи мураккаб аст, ки аз вожаҳои «нукруч» ё «нук» ба миён омада, ба мафҳуми «Рӯзи нав» истифода мешавад.
Меҳрона САЛИМОВА,
донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав
Все реакции:
1616