Рӯзҳои 21 -24 марти соли 2023 дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню –Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамоиши баланд бо иштироки сарони давлатҳои аъзои СММ ва намояндагони ташкилотҳои ҷаҳони баргузор гардид.

Дар ҳошияи конфронси мазкур бо ташаббус ва иқтомҳои байналмилалии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин намоишгоҳ таҳти унвони «Таърихи рушди Тоҷикистон», чорабинии калони «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», чорабинии канори таҳти унвони «Об моро муттаҳид месозад», ҷаласаи коршиносони сатҳи баланд ва пешвоёни Панели оид ба об ва офатҳои таббиӣ баргузор гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсии ҷомеаи ҷаҳони доир ба масъалаи обу иқлим дар шабакаи телевизионии «Ҳадафҳои рушди устувор» мусоҳиба анҷом доданд.

Бояд қайд кард, ки дар таърихи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шуда буд, бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Зимни он Сарвари давлат ҳамватанонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ самимона табрик ва изҳори умед кардаанд, ки «бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад». Дар воқеъ, мушкилоти тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Тайи ду даҳсолаи охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мушкилоти норасоии марбут ба оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим дар арсаи ҷаҳони пешниҳодҳои судманд ва ташаббусҳои беназир нишон дода истодааст. Маврид ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ассамблеяи генералӣ дар давоми солҳои 2000-2016 ҳафт қарори дахлдорро вобаста ба масъалаҳои об қабул кард. Бо дарки саривақтии мушкилоти мавҷуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид шурӯъ аз оғози асри нав оид ба эълон намудани Соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” таклиф пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҷаҳониён дастгирии комил ёфт. Кӯшиш ва ташаббусҳои пайвастаи ҷаҳони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки Маҷмуаи Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005- 2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амлёти “Об барои ҳаёт” ва ҳамзамон вобаста ба ҳалли мушкилоти дар соҳаи об ҷойдошта соли 2013-ро соли “Байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об” қатънома қабул намуд. Дар партави ин ҳадафҳои наҷибу ташаббусҳои башардӯстона аз ҷонби ин созмони бонуфӯз солҳои 2018-2028Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардида, қарори махсус қабул карда шуд.

Натиҷаи кўшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами мимллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Боиси ифтихори кулли мо мардуми Тоҷикистон аст, ки Пешвои муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари роҳбарони 10 кишвари аъзои СММ узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба масъалаи об эътироф гардидааст. Иқдомҳои наҷибу ташаббусҳои созандаи ин марди хирад, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтирому эътибори байналмилалии уро, ки аз дурандешӣ ва башардӯстии олии ӯ сарчашма мегирад, нуфузи Тоҷикистон ва минтақаро низ дар арсаи ҷаҳон боло мебарад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони сиёсати сулҳҷуёна ва дарҳои кушодро пеша намуда, сулҳу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд. Маҳз ҳамин сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ташаббусҳои он ҳамеша дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгири меёбад.

Мо насли ҷавони кишвар аз он ифтихормандем, ки ташаббусҳои башардӯстона ва иқдомотҳои беназири байналмилалии роҳбари давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа ва сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби кишварҳои ҷомеаи ҷаҳон пайваста дастгириву ҳамовози пайдо мекунад.

Эмомалӣ НАБИЗОДА,

раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ

Возможно, это изображение 1 человек и текст «WATER ON DECADE 18 2028 ATER Aaxcoлaи 6aйHaлmилaлии amaл "o6 6apoи pywAи ycTyBop" coлxoи 2018-2028»

Все реакции:

1919