Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони расонаҳои вилоятӣ, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ дар бораи фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки донишгоҳ азрӯйи 93 ихтисос мутахассис омода менамояд:

– дар таҳсили рӯзона 93 ихтисос;

– 41 ихтисос дар таҳсили фосилавӣ;

– 26 ихтисос дар магистратура.

ТАҶРИБАОМӮЗӢ АЗ РӮЙИ ДУ САМТ- ОМӮЗГОРӢ ВА ИСТЕҲСОЛӢ БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ:

– бо 32 муассисаи таълимии ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, шаҳри Бохтар, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст;

-муассиса бо 70 корхонаҳои истеҳсолӣ аз қабили Омори вилоят, Раёсати андози вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар корхонаву ташкилотҳо шартномаи ҳамкорӣ дорад.

ТЕЪДОДИ ХАТМКУНАНДАГОН ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023:

-донишгоҳро 3608 нафар хатм кардаанд;

– аз ҷумла, дар таҳсили рӯзона 1092 нафар ;

– аз ҷумла, дар таҳсили фосилавӣ 2399 нафар;

– дар шуъбаи магистратура 117 нафар;

– аз ҷумла, тариқи квота 92 нафар;

– аз ҷумла, 34 нафар бо дипломи аъло.

ҶАМЪБАСТИ СЕССИЯИ ЗИМИСТОНА ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023:

– 6682 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона дар сессия иштирок карданд;

– 5205 нафар дар даври фаъол комёб гардиданд;

– 1477 нафар донишҷӯён барои супоридани имтиҳонҳои такрорӣ ба даври триместр ба қайд гирифта шуданд;

– сатҳи сифати таҳсилот тибқи натиҷаи сессия 36,2% -ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 1,2% зиёд мебошад.

– пешрафт тибқи натиҷаи сессия 77,8%- ро ташкил дод.

ТАШКИЛ ВА РОҲАНДОЗИИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН:

– 278 нафар омӯзгорон дар соли таҳсили 2022-2023 аз курси бозомӯзӣ гузаштанд;

– 81 нафар омӯзгорони равияҳои ғайриомӯзгорӣ;

– 32 нафар омӯзгорони равияҳои техникӣ;

– 29 нафар аз курси забономӯзӣ;

-50 нафар аз курси сайёри такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

-50 нафар аз курси сайёри такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар равияи илмҳои дақиқ.

ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ ОМӮЗГОРОН БО ИШТИРОКИ МУТАХАССИСОНИ ХОРИҶИ КИШВАР:

– бозомӯзии 19 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисоси забон ва адабиёти рус бо иштироки устодони Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон;

– бозомӯзии 27 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисоси забони англисӣ бо иштироки устодони Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон;

– 4 нафар омӯзгорон аз курси бозомӯзии забони англисӣ бо иштироки устодони филиали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе

– 11 нафар омӯзгорони факултети забон ва адабиёти рус бо иштироки мутахассисон аз донишгоҳи Алтай бозомӯзӣ намуданд;

– бозомӯзии 25 нафар омӯзгорони курси забони англисӣ бо иштироки мутахассисони забони англисӣ аз Алтай.

КУРСИ ТАЙЁРИИ НАЗДИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ ВА МАРКАЗИ КАСБОМӮЗИИ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН ҚАРОРДОШТА:

– 70 нафар довталабон аз рӯйи кластери 5-ум омода гардида, 40 нафари онҳо тариқи ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МТОК ҳудуди ҷумҳурӣ дохил гардиданд, ки 90%-ро ташкил медиҳад;

– 100 нафар калонсолон дар заминаи ҳамкории шарикони рушд дар доираи лоиҳаи “Идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва ташаббуси озуқаворӣ барои оянда” баъди омӯзиш касби ошпаз ва барқчӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

ТАЪСИСИ ГУРӮҲҲОИ ТАЪЛИМАШОН БА ЗАБОНИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023:

– таъсиси 16 гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ дар ихтисосҳои омӯзгорӣ;

– таъсиси 2 ихтисоси таълимӣ бо забони англисӣ дар ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои сиёсатшиносӣ.

СТИПЕНДИЯИ ДОНИШҶӮЁН ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023:

– 8 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ;

– 7 нафар соҳиби стипендияи раиси вилоят;

– 15 нафар соҳиби стипендияи раиси шаҳри Бохтар;

– 10 нафар стипендияи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба;

– 60%-и донишҷӯён гирандаи стипендияи донишгоҳӣ.

ПОЯ (ПОТЕНСИАЛ)-И ИЛМИИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023:

– ҳимояи 2 рисолаи докторӣ;

– ҳимояи 30 рисолаи номзадӣ;

– дар маҷмуъ 34,5%-ро ташкил медиҳад.

НАШРИ МАҚОЛА, ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА МОНОГРАФИЯҲО:

– нашри 42 монографияи илмӣ;

– ба нашр расонидани 106 дастури таълимӣ;

– ба чоп расонидани 432 мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенди ҶТ;

– мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯҲО ВА СЕМИНАРУ МАШВАРАТҲО:

– 3 конференсияи байналмилалӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;

– 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ»;

– 3 конференсияи вилоятӣ;

– 2 конференсияи донишгоҳӣ;

– 26 мизи мудаввар дар мавзуъҳои муҳими рӯз.

ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО:

– дар назди 45 кафедраи амалкунанда 50 маҳфил фаъолият дорад, ки теъдоди аъзои онҳо 1500 нафар мебошад.

ФАЪОЛИЯТИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ:

– Шурои диссертатсионии 6D.КОА-061 назди ДДБ ба номи Носири Хусрав аз рӯйи ихтисосҳои 6D020300 – Таърих (6D 020304 – Таърихи илм ва техника);

– Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди ДДБ ба номи Носири Хусрав аз рӯйи ихтисосҳои 6D010900 – Математика (6D010901.03 – Назария ва методикаи таълими математика), 6D011000 – Физика (6D011001.02 – Назария ва методикаи таълими физика) ва Информатика (6D011101.02 – Назария ва методикаи таълими информатика) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогика аз рӯйи ихтисос 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.03 – Назария ва методикаи таълими фанҳои риёзӣ, 13.00.08.02 – Назария ва методикаи фанҳои табиӣ ва 13.00.08.01 – Назария ва методикаи фанҳои ҷадид);

-6 нафар (4 беруна, 2 дохила) дар Шуроҳои назди донишгоҳ ҳимоя намуданд.

ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯҲОИ ИЛМӢ, ПУБЛИСИСТӢ ВА МАРКАЗИ ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ:

– «Паём» – Маҷаллаи илмии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯи се силсила нашр мешавад:

– силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ;

– силсилаи илмҳои табиӣ;

– силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ;

– дар маҷалла зиёда аз 700 мақолаҳои илмии муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишвар нашр шуданд;

– ҳафтаномаи «Фурӯғ» ҳамчун ҷузъи ВАО – кишвар бо теъдоди 10000 нусха интишор мешавад;

– сомона ва саҳифаи фейсбукии донишгоҳ ҳамарӯза фаъол буда, дар пешниҳоди хабару гузоришҳо саҳми арзанда дорад.

ҲАМКОРӢ ВА РОБИТАҲО БО НАШРИЯВУ МАҶАЛАҲОИ ВАТАНӢ:

– омӯзгорони донишгоҳ ба 35 номгӯи нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ обуна мебошанд;

– дар маҷмуъ ба 786 нусха нашрияҳо бо маблағи 120451 сомонӣ обуна гардидааст.

ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ ОМОДАКУНИИ КАДРҲОИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ПЕДАГОГӢ:

– таҳсили 231 нафар магистрон;

– 38 нафар доктор Phd;

– 155 нафар унвонҷӯ.

ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНАҲО:

– 2 шуъба (анъанавӣ ва электронӣ) амал мекунад;

– китобхона дорои 3 толори хониш иборат аз 336 ҷойи нишаст мебошад;

– дар фонди китобхона 250 000 нусха китоб мавҷуд аст;

– 4336 нусха китоб дар соли 2022 ворид шуд. Инчунин, 1008 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ аз тарафи омӯзгорони донишгоҳ пешниҳод гардидааст.

ШИРКАТ ДАР ОЗМУНҲОИ САТҲИ ҶУМҲУРЯВӢ:

– 24 нафар ба даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд;

– 81 нафар омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди донишгоҳ дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ширкат намуданд.

– 68 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ба даври вилоятии озмуни ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” роҳхат гирифтанд.

-19 нафар ба даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” роҳхат гирифтанд;

– ғолибияти 5 нафар донишҷӯён дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни МТОК;

– ишғоли 2 ҷой барои дарёфти «Ҷом»-и Раёсати донишгоҳи байналмилалӣ соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон;

– Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар бахши фанҳои гуманитарӣ дар олимпиадаии ҷумҳурявӣ миёни МТОК ҷойи 2-юмро ишғол намуд.

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ СИЁСӢ, ФАРҲАНГӢ ВА ТАРБИЯВӢ:

– вохӯрӣ бо донишҷӯёни курсҳои 1-уми шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии соҳа;

– баргузории 150 чорабинӣ, суҳбат-вохӯрӣ бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм;

– зиёда аз 60 вохӯрӣ ва суҳбат дар мавзуъҳои тарбиявӣ;

– беш аз 10 маротиба боздиди донишҷӯён аз мавзеъҳои таърихии кишвар.

ТАВАҶҶУҲ БА ДОНИШҶӮЁНИ ТАРИҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲСИЛКУНАНДА ВА ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН:

– айни замон дар донишгоҳ 451 нафар донишҷӯён тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– 30 нафар ятимони кул;

– 513 нафар нимятим;

– 48 нафар маъюбон таҳсил мекунанд.

БАРГУЗОРИИ МИЗҲОИ МУДАВВАР ВА ҲАМОИШҲО ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН:

– 25 мулоқот оид ба риояи санадҳои меъёрии соҳа;

– 14 озмуни фарҳангӣ дар байни донишҷӯён;

-36 мулоқот оид ба тарбияи ҳуқуқии ҷавонон бо иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ.

ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛИ «ДАСТОНИ МОҲИР»:

– ҷалби зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ.

ШАРТНОМАИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ РУШДИ ИЛМ:

– ҳамкориҳо бо 22 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалии хориҷи кишвар;

– таҳсили 201 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия.

-донишгоҳ узви МТОК-и Осиёи Миёна мебошад;

-шартномаи ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии «Good naihbor (Ҳамсояи хуб)» оид ба омӯзиши технологияи навини муосир ва таъмини донишҷӯдухтарони маъюб бо компютерҳо.

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ, СЕМИНАР, МИЗҲОИ МУДАВВАР, ДАРСҲОИ ОНЛАЙНӢ БО ИШТИРОКИ МУТАХАССИСОН АЗ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶИ КИШВАР:

– баргузории 36 семинар ва мизҳои мудаввар;

– 36 дарси онлайнӣ;

– ташрифи ҳамкорони рушд аз хориҷи кишвар;

– боздидиолимони донишгоҳ ба хориҷи кишвар.

КОР БО ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ:

– лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ, таъмин таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ ва лабораторияҳо дар доираи зерқисмати 1,3 беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ АСОСӢ:

– иҷрои корҳои сохтмонӣ дар 3 блоки А, Б, В, Г,Д то нуқтаи сифр;

– таҳия ва тасвиби санаду ҳуҷҷатҳои лозима ҷиҳати сохтмони бинои 7-ошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён ва бинои 9-ошёнаи манзили истиқоматӣ барои омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ.

РАВАНДИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОХТМОНӢ:

– таъмини хобгоҳи донишҷӯён бо барқи доимӣ ва шабакаи гармидиҳӣ;

– тармим ва таҷдиди ҳаммом ва нуқтаи либосшӯӣ дар хобгоҳи донишҷӯён дар ду қисмат;

– таъмири биноҳои таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ дар ҳамаи факултетҳо;

– харидории таҷҳизоти таълимӣ аз суратҳисоби махсус ва лоиҳаҳои грантӣ;

-зиёд намудани теъдоди озмоишгоҳҳои таълимӣ дар заминаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи маориф».

РАВАНДИ БОЛОРАВИИ МУЗДИ МАОШИ КОРМАНДОН:

– 12 маротиба афзудани музди маоши кормандон дар 10 соли охир;

-20% баланд гардидани музди маоши кормандони хоҷагӣ ва техникӣ.

ФАЪОЛИЯТИ МАВЗЕИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАҶРИБАВИИ «ЗАҒЕРТУТ»:

– бунёди гармхонаи парвариши ниҳолҳо дар мавзеи таълимӣ ва

таҷрибавӣ;

– сохтмони синфхона ва озмоишгоҳҳои саҳроӣ барои коркарди маводи илмии муҳаққиқон;

-баргузории таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён бо ҷалби мутахассисони варзида дар мавзеи таълимию таҷрибавӣ «Зағертут»-и шаҳри Леваканд.

Дар охир, хабарнигорон ба саволҳои худ посух гиирфтанд.

Дар охир Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ