Дар арафаи 32-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Маросими супоридани нишони сарисинагии “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон” дар бинои асосии донишгоҳ бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлататӣ дар донишгоҳ аз ҷониби Далатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ супорида шуд.

1. Маҳкамова Дилором, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедари рӯзноманигорӣ;

2. Носирҷон Маъмурзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедари рӯзноманигорӣ;

3. Наимзода Қудралулло, номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири рӯзномаи “Фурӯғ”;

4. Расулов Комрон, сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ.