-зери ин унвон дар доираи нақша – чорабиниҳои шӯъбаи тарбияи донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултетҳои забони англисӣ ва забон ва адабиёти рус дар толори хониши китобхонаи донишгоҳ чорабинии илмӣ – маърифатӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ, декани факултети забони англисӣ Раҷабов Неъмат, декани факултети забон ва адабиёти рус, Рустамзода Муқаддас, созмонҳои ҷамъиятӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни хобгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар идомаи чорабини омӯзгори факултети забони англисӣ Саидбурҳон Асроров доир ба ҳаёту фаъолият ва осори мондагори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маърӯза намуд.

Донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус аз эҷодиёти шоир порчаҳои шеъри қироат намуданд.