Устодони арҷманд ва шогирдони азиз!

Баробари пайки Истиқлол Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид намуда, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима бахшад. Миллати тоҷик таҳти раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз бо мухолифони сулҳ мубориза мебарад. Дар ҳақиқат сулҳ аст, ки имрӯз миллати мо ташаккулу такомул меёбад. Имрӯз дар минбарҳо, майдонҳо, саҳнаҳо бо шарофати сулҳ парчами миллии мо барафрохта мешавад ва суруди миллии мо тантана меорояд. Вақте муҳаббат ба Ватан дар дили як миллат меафзояд, ин маънии салтанати сулҳ дар он кишварро дорад. Хушбахтии милии мост, ки имрӯз дар байни ҳамаватанон дарди маҳал нест гардид. Хусусияти давлати миллӣ забон ёфтан бо тамоми мардум ва қишрҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа аст, ки онро Пешвои миллатамон муваффақона амалӣ кардааст.

Маълум аст, ки «…барои ҳимояи давлат неруи бузурги ҳарбӣ шарт нест. Дар ин роҳ неруи бузург он аст, ки агар халқи ваҳдатдӯст ба давлати худ муҳаббат дораду дар ҳимояи он талош мекунад».Раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ собит сохта истодаст, ки аз мухолифат кишварҳои бузург пора мешаванд ва аз ваҳдат кишварҳои хурд ташаккул меёбанд. Дар ин раванд ватандӯстӣ, муҳаббат ба Пешво, ваҳдат ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба идеяи миллии мо табдил ёфта истодааст, ки аз он болотар дастоварду силоҳе нест.

Асрҳову давраҳои бузурги таърихӣ мегузаранд. Мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбиашонро дар ташкилу инкишофи давлат фаромӯш намекунад. Оё метавонем хизмату номҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҷаббор Расулов ва дигаронро фаромӯш кунем? Ҳаргиз не! Аз ин лиҳоз, бо боварӣ метавон гуфт, ки хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд, зеро Пешвои миллат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони истиқлол дар диёри арҷманди мо соҳаи маориф мақоми меҳварӣ пайдо намуд ва эътибору таваҷҷуҳ ба он рӯзафзун гашт. Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба соҳаи маориф афзалият бахшида, пайваста таъкид медоранд, ки “Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон ба он алоқаи ногусастанию қавӣ дорад”.

Ин чунин маънӣ дорад, ки давлат охирин имкониятҳои хешро ба инкишофу ривоҷи ҳамаҷонибаи таълиму тарбияи шаҳрвандони бомаърифату огоҳ, ватанпарасту инсонпарвар мебахшад. Фарзанди фарзонаи миллати мо, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, рӯ ба маърифати мардум, худогоҳии шаҳрвандон оварда, мактабро қасри нуру зиё, муаллимонро чароғи маърифат меҳисобанд.

Аз ин рӯ, умедворем, ки Шумо -ҳайати профессорону кормандон чун як фидокори роҳи Истиқлолият дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омода намудани мутахассисони арзанда саҳми шоиста мегузоред.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Президенти кишвар аз таҳти дил табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон ва дар оғӯши сулҳу ваҳдат бимонад. Бигзор, имсол бештар аз солҳои дигар таълиму тадрис, ки василаи беҳтарини худшиносӣ, ваҳдатдӯстию рафоқат, муҳаббат ба Ватан ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ ба шумор меравад, дар фаьолияти гуногунпаҳлуи шумо ба муваффақиятҳову комёбиҳо тавъам гардад.

Рӯзи Президенти кишвар муборак!