– зери ин унвон дар назди театри Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони донишгоҳ “Шоми фарҳангӣ” баргузор гардид.

Дар саҳни театр дастовардҳои илмии устодону донишҷӯён ба намоиш гузошта шуда дар ин раванд аксияи “Тоҷикистон бо Шумост” гузаронида шуд.

Дар қисмати охири чорабинӣ барномаи консерти иборат аз рақсу суруд, таронаҳои таранумгари Истиқлолият, Ваҳдат, пешниҳоди бинандагон гардид.