Имрӯз 19 август дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид.

Зимни ифтитоҳи озмун аз ҷониби Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилоят барои таъмини шаффофият ва дар сатҳи баланд баргузор намудани даври сеюми озмун ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, ба иштирокчиён муваффақиятҳо таманно карда шуд.

Баъди маросими ифтитоҳи озмун ҳамаи иштирокчиён ва доварон аз рӯи номинатсияҳо вориди синфхонҳо гардиданд.

Ҳамин тавр, рӯзи аввали озмун бо рӯҳияи баланд ва омодагии ҳаматарафа оғоз ёфт.