ОҒОЗИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Имрӯз, 18 марти соли 2024 дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба гузаронидани даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Сараввал, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Меҳринисо Ҷалилова вобаста ба Фармоиши ректори донишгоҳ ҷиҳати баргузории даври муассисавии озмун, ҳайати комиссия ва кумитаи тадорукот…

Муфассал

ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР БАХШҲО

Ҳайати комиссия довталабони даври аввали озмуни ҷумҳуриявиро дар доираи Низомнома аз санҷиш гузаронида истодаанд. Аз саволу ҷавобҳо маълум мешавад, ки иштирокчиён омодагии зиёд дидаанд. Қайд намудан зарур аст, ки ба озмун 100 нафар довталаб номнавис шудаанд. Тибқи нақша озмун аз 18 то 20 март идома меёбад.

Муфассал

ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи садорати факултетҳо ва гимназияи донишгоҳ расонида мешавад, ки рӯзҳои 18.03.2024 – 20.03.2024 даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида мешавад. Бинобар ин, аз тамоми масъулон хоҳиш менамоем, ки рӯйхати иштирокчиёни озмуни мазкурро то санаи 16.03.2024 хаттию электронӣ ба шуъбаи илм ва инноватсия пешниҳод намоянд. Шуъбаи илм ва инноватсия

Муфассал

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Дар соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4). 3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,…

Муфассал

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024

Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар соли ҷорӣ низ…

Муфассал

ҒОЛИБОНИ ОЗМУН БА ДАВРИ ШАҲРӢ РОҲХАТ ЁФТАНД

НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ВА ОСОРИ ШИФОҲӢ: – МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ СИНФҲОИ 1-4: 1. Нозанини Диловар, хонандаи синфи чоруми литсейи назди донишгоҳ; 2. Турахонова Мавзуна, хонандаи синфи сеюм; 3. Шарипова Амина, хонандаи синфи чорум; 4. Шарифзода Аниса, хонандаи синфи чорум; 5. Қодирова Мадина, хонандаи синфи чорум. НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ВА ОСОРИ ШИФОҲӢ:…

Муфассал

ДОНИШҶӮИ МУВАФФАҚ

Афзалшоҳ Сироҷиддинов, донишҷӯи комёби Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад, ки чанде пеш дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиби ҷойи дуюм гардид. Афзалшоҳ ҳоло донишҷӯи курси чоруми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад. Ӯ ҳамеша ба дарсҳо бо омодагии ҷиддӣ ҳозир мешавад. Чунин…

Муфассал

“Адабиёти кудакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, сазовори ҷойи 3-юм

Юсупова Сафиямоҳ, хонандаи синфи 5-уми Литсейи ДДБ ба номи Носири Хусрав, аз руйи номинатсияи “Адабиёти кудакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, сазовори ҷойи 3-юм гардид.  

Муфассал

ПЕШВОЗГИРИИ ҒОЛИБОН ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз зери роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар саҳни бинои асосии донишгоҳ ғолибони даври ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро бо гулдастаҳои зебо пешвоз гирифтанд.

Муфассал

“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Имрӯз Муродиён Парвинаи Ҳасан, корманди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав волидайни ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Юсупова Сафиямоҳ, хонандаи синфи 5-уми Литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо нишони “Маърифатпарвар” қадрдонӣ шуд.  

Муфассал