Имрӯз, 18 марти соли 2024 дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба гузаронидани даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Сараввал, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Меҳринисо Ҷалилова вобаста ба Фармоиши ректори донишгоҳ ҷиҳати баргузории даври муассисавии озмун, ҳайати комиссия ва кумитаи тадорукот маълумот доданд.

Сипас, раиси комиссия, профессор Тағаймуродов Рустам сухан намуда, иштирокчиёнро бо аъзои комиссия ва тартиби баргузории озмун шинос карданд.

Баъд аз ҷамъомад кор дар бахшҳо оғоз гардид.