ҲАМИН АДАБИЁТ АСТ, КИ ҚАЛБҲОИ МОРО ПУР АЗ МУҲАББАТ МЕКУНАД…

(мушоҳидаҳои рӯзи аввал)

…Дар рӯ ба рӯйи ҳуҷраи банда дар ҳутели “Рамз”-и шаҳри Бохтар (дар гузаштаҳо – Қӯрғонтеппа) теппае ҳаст ва болои он манорае бо сабки маъмули шарқиёна… Ҳоло ба ёдам намеояд, ки ин манора ё арки машҳурро дар маркази шаҳри Бохтар чӣ меноманд…

Муҳим нест, ки онро чӣ мегӯянд, муҳим ин аст, ки тамошои он дар ин субҳи солеҳон андешаи бандаро беихтиёр ба натиҷаҳои рӯзи аввали озмуни “Фурӯғ” банд кард: дина кам не, бо 12 довталаби озмун, аз мактабиён сар карда, то донишҷӯёну бузургсолон баҳсу баррасиҳо аз осори бадеии шуарову удабои ҷаҳон доштем. Калимаҳое, аз қабили “пурсупос” ё “пурсишу посух”-ро истифода кардан намехоҳам.

Суҳбат кардем ва ҳар чизе, ки онҳо гуфтанд, пазируфтем: агар хато гуфтанд, андешаҳояшонро ислоҳ кардем… Инҳо, яъне довталабони “Фурӯғ” ба масобаи ҳаваскороне ҳастанд, ки бархе бори аввал ва қисмате маротибаи дувуму ҳатто севум ба саҳна мебароянд: гоҳе ноҷӯр будани садояшон бо лаҳни созҳои мусиқӣ ба гӯш мерасад, гоҳе ончунон бо бовару эътиқоди том суруд мехонанд, ки гӯиё ҳунарманди таҷрибадор бошанд.

Ин саҳна, яъне саҳнаи озмуни “Фурӯғ” хеле болотару волотар ва пурифтихортар аз саҳнаи мусиқаву овозхонист: бигзор ҳунармандони воқеӣ хафа нашаванд ва ба дил нагиранд, онҳо матнҳои тайёрро месароянд ва гармонияи ҳамин матну оҳанг якҷо бо лаҳни хуби сароянда барору муваффақияти заҳмати онҳоро таъмин мекунад…

Аммо дар ин саҳнаи озмун ҳар довталаб, ҳар китобхон натиҷаи кори худро бо матни бадеӣ нишон медиҳад: он асареро, ки хондааст, то чӣ андоза “ҳазм” кардааст, асар кудом манзараҳои зиндагиро акс кардааст, сухан аз кудом масъалаву мушкилоти ҳаёт меравад, муаллиф чӣ гуфтааст, оё мундариҷаи асар воқеист ё сирф тахайюлӣ… Ҳадафи муаллифи асар чист ва ба ҳамин монанд даҳҳо суолҳои дигар…

Ин ҳама гирудор ҷараёни тавлиди андеша дар мағзу зеҳн ва шуури ҳар мухлиси осори адабист. Ва ҷамъи ин андешаҳо бояд на танҳо худи мухлиси адабиёт, балки раванди зиндагӣ, фазову муҳит, рафтору кирдору пиндорҳои мардумро тағйир кунад, вагарна, озмун ба ҳадафи аслиаш намерасад…

…Даври севуми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки банда онро доиман мухтасар “Фурӯғ” мегӯям, аллакай оғоз шудааст… Соли гузашта ҳамин шабу рӯз дар Ҳисору Рашт будам, дар ҳайати бонуфузе иборат аз устодону аҳли қалам… Аввал се-чор рӯз дар Ҳисор будем, сипас чаҳоор рӯзи дигар дар Рашт.

Имсол исми маро дар ҳайати доварони озмун дар минтақаи Кӯлобу Бохтар навишта будаанд. Мутаассифона, бино ба сабаби маризӣ ба Кӯлоб рафта натавонистам, аз асотиди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дотсент Азамат Ашӯров маро иваз кардааст, ки аз он кас сипосгузорам. Огоҳам карданд, ки бояд ба Бохтар раҳсипор шавам, пагоҳ озмун оғоз мешавад.

Ҳамин тавр, қисмати дигари ҳамин озмун дина, рӯзи 19-уми август дар шаҳри Бохтар, дақиқтараш дар бинои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз шуд.

Истиқболи гарму самимонае дидам: аз таксии Душанбе фуромадан замон ҳис накардам, ки чӣ гуна ҷомадону баъзе ҷиҳози сафарамро ҷобаҷо карданд… Як гурӯҳи калони устодону кормандони Донишгоҳи Бохтар аз пайи фароҳам овардани шароити кор буданд…

Дар саҳни донишгоҳ бо устодони ин боргоҳ (ки қисматеро аз дер, мисли профессори адабиётшинос Рустами Тағоймурод, баъзеҳоро ғоибона – аз осорашон медонистаму боре вонахӯрда будам) шинос шудам: дар миёни ҳалқаи устодону кормандон гарму нарм ва бо муҳаббат бо ректори ин донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дастфишорӣ кардем… Ҳамчунин бо раҳбари раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, ки соли гузашта яке аз масъулини аз ҳама пуркори даври финалии “Фурӯғ” буданд ва ба ҷузъитарин масоили ин тадбири фарҳангӣ бо назари лутф ва масъулияти том муносибат мекарданд…

Баъдан ба банда гуфтанд, ки Маҳмадалӣ Қурбонзода камтар аз як сол аст, ки ҳамчун раиси ин донишгоҳ фаъолият мекунад, доктори илмҳои иқтисод, профессор аст: аз суҳбати Рустами Тағоймурод фаҳмидам, ки дар ин муддат, яъне камтар аз як сол ба сохтмони ду хобгоҳ барои толибилмон шуруъ кардааст. Муовинони ӯ Хурсанд Ҳамдамзода, Ҳукмиддин Сафарбекзода, Ҷамшед Шукурзод, масъулини бахшҳои гуногуни ин таълимгоҳ – Аҳлиддин Саиднуриддинзода, Беҳрӯз Баҳодурзода ҳама пайи омода кардани озмун буданд. Барои ҳар номина синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти намоишӣ тайёр буд. Гурӯҳи мо, яъне доварони номинаи “Адабиёти ҷаҳон” расо соати 10 ба кор оғоз кард.

Дар раъси ин гирумонҳо директори Китобхонаи миллӣ Ҷумъахон Файзализода қарор доштанд. Тибқи расми имсола, назорат ва раҳбарии умумии ин озмун дар минтақаи Кӯлобу Бохтар ба уҳдаи ин кас вогузор будааст.

Бонуи донишманд аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, муовини раиси донишгоҳ дар масъалаҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷӣ (аз ҳамин донишгоҳ) Азамат Ашӯров, устоди Донишгоҳи давлатии Данғара Ҷовидон Раҳмоналиев ва банда дар ҳайати доварони ҳамин номина ҳастем: ёдам меояд, ки Ҷовидонро дарс дода будам, ин кас Донишгоҳи миллиро хатм кардааст.

Бо Шарофатбону ду ё се маротиба шарафи дидор насиб шуда буд, аммо сарироҳӣ. Маротибаи ахир гуфтугӯйи кутоҳе доштем дар конфронси шоҳномашиносӣ дар Кӯлоб ба ифтихори донишманди зиндаёд Зафари Мирзоён. Хотираҳои нек аз он сафари якрӯза дорам: раиси донишгоҳ Раҳмон Дилшоди Сафарбек ҳамроҳ бо устод Абдулҳамид Самад, Абдулқодири Раҳим ва Ҳақназар Ғоиб моро ба Ховалинг бурда буданд, баъди зиёрати қабри Зафари Мирзоён нишасти хубе доштем дар чойхонаи машҳури таги чинорҳои азими маркази ин ноҳия…

Дина рӯзи пурмаҳсул буд, ҳама довталабони шаҳри Бохтар то фаро расидани шом пурсида шуданд. Мо вақтро маҳдуд накардем, касе ҳар қадар медонист, мегуфту мо мешунидем, дар пешниҳоди суолҳо низ чаҳорчӯбе муайян накардем… Ният дорем, ки ҳамин реҷаи демукросиро то охири озмун нигаҳ дорем, то касе изҳори дилтангӣ накунад ва норозӣ набошад… Ин озмуни шодиву фараҳ аз китоб аст ва каси машғул ба адабиёт ҳеч имкон надорад, ки руҳияи оптимистона надошта бошад…

Ҳамин адабиёт аст, ки қалбҳои моро ба ин зиндагии пуртазод ва саросар аз гирудорҳо гарму нарм нигаҳ медорад…

Дина як гурӯҳи ашхоси масъул ногаҳонӣ ба синфхонаи мо ворид шуд ва баъдан фаҳмидем, ки сарвари ин гурӯҳ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода будаанд… Итминон дорам, ки баъди анҷоми ин озмун имкони бо мо суҳбат карданро дармеёбанд, то андешаву пешниҳодҳои хешро ҷиҳати такмили озмун ба он кас расонида бошем…

Шомгоҳон маҳфиле барпо шуд саросар аз сухангӯйиҳои аҳли қалам: олиму шоири хушқареҳа, устоди ҳамин донишгоҳ Рустами Тағоймурод, ки дар шеър худро Хомарахш ном ниҳодаанд, барандаи маҳфил буданд ва аввал ба Хайрандеш, Давлати Раҳмониён, Файзи Ашӯр, Сафар Амирхон, Равшани Махсумзод сухан доданд. Дар чунин маҳофил ҳама розу ниёзу лутфу меҳрбонӣ, изҳори самимият ва дигар отифаҳои инсониро бо шеър гуфтан лаззати дигар дорад.

Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумъахон Файзализода (ки банда он касро кутоҳ доктор Файзализода ном мебарам), Озар Салим, Ҳотам Асозода, Озоди Саидҷаъфар, Гадомад Зулфиев, Шарофатбону ва банда ҳар чизе дар дилҳо буд, ба забон овардем…

Маҳфили зебое буд шоми дирӯз, ҷаласаи шеър, ҷамъомади аҳли сухан…

Он чӣ имрӯз, рӯзи 20-уми август хоҳад гузашт, баъди шом арза хоҳам кард…

Ҳафиз РАҲМОН,

субҳи сешанбе, 20.08.2024.