НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА ТАҚВИЯТИ ДОНИШҲОИ ТЕХНИКӢ 

 

Зан-модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон асту рисолати барҷастаро бар душ дорад аз азал вазифаи басо муқаддас ва масъулиятнок, аз қабили тарбияи насли ояндасоз, парвариши мактаби одаму одамгарии фарзандон ва дар ниҳоди ҳар як ҷавон ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, муҳаббату садоқат, эҳсоси ватандўстию ватанпарварӣ мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қиммат ва эҳтироми занону модарон арҷ гузошта, пайваста иброз медоранд: «Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд».

Қайд намудан зарур аст, ки занон дар баробари баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ба воя расонидани насли ояндасози ҷамъият инчунин дар рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳмгузор буда, баҳри тараққиёт ва ободии ватани азизамон паҳлу ба паҳлуӣ мардон истода фаъолият мекунанд. Пешвои муаззами миллат, зимни ҳар баромадҳояшон оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии занону модарон, боз ҳам баланд бардоштани манзалати онҳо ва ҷалби бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ таъкид намуда, баҳри дастгирии онҳо тамоми шароитро фароҳам оварда истодаанд. Аз ҷумла, таъсиси квота ва грантҳои Президентӣ, ки дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии бонувон нақши арзишманд мебозад, шаҳодати гуфтаҳои болоянд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ба насли ҷавон, бахусус духтарон озодӣ овард ва роҳи дурахшони фардоро ба рӯяшон боз намуд. Оянда умед аст, ки ҷавондухтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ аз шаҳру навоҳии дурдаст ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, кадрҳои болаёқату кордон ва масъулиятшиноси ҷомеа ба воя расанд.

Набояд фаромӯш сохт, ки баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои олӣ дар баробари таҳсил ва гирифтани маълумоти касбӣ инчунин аз илми технологияи иттилоотӣ яъне технологияи муосир бархурдор будан талаби замон аст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, тайи солҳои охир барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии мамлакат инчунин омӯзиши дарси технологияи иттилоотӣ имкон фароҳам овард, ки насли наврас аз истифодаи техникаи муосир воқиф гарданд.

Маҳз бо воситаи истифодаи технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ инсон метавонад шахсият ва мавқеи худро ба вуҷуд оварад. Аз ин рӯ, зарурате пеш меояд, ки бояд инсон барои зистан дар шароити нави ҳаёт аз самаранок истифодабарии технологияи муосир ва тарзҳои ҳифз аз таъсири манфӣ бархурдор бошанд.

Ҳаёт ва фаъолияти имрӯзаро бидуни технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст. Феълан технологияи имрӯза ҳамчун роҳбалади мо занон дар фаъолияти меҳнатӣ буда, аз шахс таҷрибаю малакаи зиёдро талаб мекунад. Айни замон бонувони мо дар тамоми соҳаҳо аз истифодаи компютер ва таҷҳизоти дигар васеъ истифода менамоянд. Аз ҷумла, саҳми занони тоҷик дар барномасозӣ, сомонасозӣ, муҳандисӣ, истифодаи таҷҳизоти муосири ташхису табобат дар соҳаи тандурустӣ, соҳаи алоқа, бонкдорӣ, роҳсозӣ, маориф, энергетика, саноат, ВАО, дорусозӣ, китобхона, сохтмонӣ, савдо, амнияту мудофиа ва ғайра назаррас мебошад.  

Тавре Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ироа доштанд, роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандўст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Мо бонувон ва омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии  Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, баҳри омӯзиши илми технологӣ тамоми неруи зеҳниву таҷрибаи худро ба насли ояндасози ватан сарф менамоем.  

 

  

Шаҳло Юнусова – омӯзгори кафедраи

умумидонишгоҳии технологияи итилоотӣ