Бақоев Шодмонҷон Сулаймонҷонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мутаассифона, Тоҷикистон ба гирдоби назму сиёсати нодуруст афтода, ба мавҷи низоъъ ва бесарусомонӣ рӯ ба рӯ шуд. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва бетаҷрибагии давлатдории мустақил ба парокандагии миллат боис гашт. Ҳазорон нафар сокинони кишвар ба мамолики дуру наздик муҳоҷир гаштанд. Хатари аз байн рафтани миллат ва ба қисм ҷудо шудани он низ эҳсос мегардид. Фазои сулҳу субот аз байн рафта, буд ва халқи азияткашидаи тоҷик худро чунин тасало медод:
Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Хушбахтона, офтоб ба рӯйи миллати тоҷик тулӯъ намуд ва дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваколати Сардори давлат дода шуд. Ӯ наҳаросида, бори гарони давлату миллатро бар дӯш гирифт, ки он замон на ҳар кас ба ин кор ҷасорат дошт ва зимоми роҳбарии кишвари ҷангзадаро гирифтан кори саҳл набуд. Эмомалӣ Раҳмон аз минбари сиёсӣ аввалин суханони зеринро ба мардум гуфт: “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ба роҳбари давлат муяссар гашт, ки ба дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ дар такя ба халқи азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян созад.
Ба ватан баргардонидани гурезагон кори саҳл набуд. Аллакай 22 ноябри соли 1992 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус сафар карда, бо фармондеҳони силоҳбадасти ноҳияҳои Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун), Панҷ, Қубодиён ва Шаҳритус мулоқот менамояд.
Мавзуи асосии суҳбат беҳтар намудани вазъи гурезагон дар ноҳияи Шаҳритус ва роҳҳои ба Ватан бар гардонидани дигар фирориён буд.
Бо ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар муддати кӯтоҳ назми ҷомеаро барқарор сохт. Ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер аз рӯзи ба сари давлат омадан, ҷомаи нангу номус ба бар намуда, тамоми неруи ҷисмонию ақлонии хешро дар роҳи истиқрори сулҳ равона кард.
Эмомалӣ Раҳмон пайваста ин савганди садоқати худро таъкид мекарданд, ки он чунин буд: “Барои барқарор намудани сулҳу салоҳ, дубора сарҷамъ кардани мардуми парешонгаштаи Тоҷикистон ва таъмини пешрафту шукуфоии Ватани азизам тамоми ҳастиямро бахшидаам ва агар лозим ояд ҷонамро ҳам фидо мекунам”.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳ ба назди роҳбари Иттиҳоди неруҳои опозитсияи тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ рафту роҳбари мухолифин ба назди Роҳбари давлати Тоҷикистон наомад. Зеро ташаббуси сулҳофарӣ, тақдири миллат ва давлат дар дасти Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳар як тоҷики ватандор асло аз хотир набарорад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назди онҳое рафт, ки орзуи марги ӯро доштанд. Ҷон ба кафи даст гирифту барои таъмини сулҳу субот ва саодати миллаташ рафт. Ӯ тавонист, ки ризоияти роҳбарияти Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷикро барои имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба даст орад.
Ниҳоят баъди саъю талошҳои зиёд соли 1997 дар шаҳри Москав байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин қарордоди сулҳу салоҳ ба имзо расид ва ин созишнома низ осон ба даст наомадааст. Ҳатто бисёриҳо бовар надоштанд, ки дигарбора осоиштагии ин кишвар таъмин шавад, Тоҷикистон як кишвари воҳид бошад.
Аммо ӯ худ осуда нахобид, то халқ ба осоиштагӣ бирасад.
Ҳар як иқдом, нақша ва ё лоиҳа, тарроҳ ё муаллифи худро дорад ва маҳз Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори давлати навини тоҷикон аст. Мардуми Тоҷикистон ӯро барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф карда, Пешвои худ мехонанд. Ҷойгоҳ, усули корбарӣ ва барномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эъмори давлатдории муосири тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таҳким ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, берун овардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ин абармардро ба яке аз шахсиятҳои бузурги таърихӣ табдил додааст. Бозор Собир аз мушоҳидаи ҷоннисориҳо, бунёдкориҳо, қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ваҷд омада, мисраъҳои зерро аз таҳти дил навиштааст:
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО
1. Бунёди давлатдории навин. Зери таҳрири Убайдуллоев М. М., 2002.
2. Салимов Носирҷон, Шарифзода Абдуфаттоҳ. Тоҷики оламшумул. –Душанбе, Ирфон, 2011. – 372 саҳ.
3. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият. – Душанбе, 2011. с.188.
4. Назаров Т. Таджикистан:экономический рост,интеграция и региональное сотрудничество. – Душанбе, УИ МИД РТ.-2004.-284 с.
5. Эмомалӣ Раҳмон. Тољикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён. Китоби 1. – Лондон, 1999. -240 с.
6. Эмомалӣ Раҳмон. Вањдат сулњ ва бунёдкори мароми мост. -Душанбе: Ирфон, 2000. – 160 с.