Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантана таҷлил карда мешавад. Ин танҳо як санаи таърихӣ набуда, омилии таъмини сулҳу субот, наҷоти миллат аз парокандагӣ, рӯзи пирӯзии ақл бар ҷаҳолат, сулҳ бар ҷанг, дӯстиву бародарӣ бар кинаву нафрат аст. Сокинони ватандӯсту хештаншиноси кишварамон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар раванди корҳои ободиву созандӣ фаъолона ширкат намуда, комёбиҳо ҳамарӯза меафзоянд, ки ин боиси ифтихор ва саодатмандӣ мебошад. Соли 1997 бо иродаи қавӣ, хиради воло ва дурандешии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни мухолифини давлат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин ҳодисаи таърихӣ ба рушду пешрафти ҷомеа замина гузошт. Ҳамин санади тақдирсоз Тоҷикистони ҷавонро аз вартаи нестӣ, мардумро аз парокандагӣ наҷот дод ва дарҳои созандагӣ, ободкорӣ ва зиндагии осоиштаро ба рӯйи мардуми Тоҷикистон кушод.
Асосан Ваҳдати миллӣ ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ замина гузошта, ба суботи сиёсӣ ва зиндагии босаодати мардуми кишварамон мусоидат намуд. Имрӯз мо бо сарбаландӣ дар ҷаҳон зиндагӣ мекунем. Бо талошу меҳнатҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ муаррифи шуд соҳиби обрӯ ва нуфузи зиёд пайдо кард.
Агар дар муқоиса ба 70 соли мавҷудияти даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон намоем, дастовардҳои 35 соли соҳибистиқлолии кишварамон даҳҳо маротиба бештар аст.
Имрӯз ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту меҳанпараст метавонад илм омӯзад, касб гирад, хизмати Ватан кунад.
Барои он, ки Ваҳдати мо абадӣ боқӣ бимонад, мо Ваҳдатро ҳар рӯз бо меҳру садоқат, бо эҳтироми якдигар, бо даст кашидан аз таасуб ва ҷудоӣ ҳифз кардан лозим аст.
Раҷабзода Холмурод,
дотсенти кафедраи психологияи факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав
