(Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Рӯзе, ки аз он пушти сангарҳо бар хоки Меҳан санг меборид,
Бар сафҳаи испеди хотирҳо ҳар лаҳза ҳарфи «ҷанг» меборид.
Фасли хазони кишвари худро бо чашми сарди яъс медидам,
Хуршед аз мардум гурезон буд, сели бало якранг меборид.
Боде ба сӯйи осмон мебурд доду фиғони меҳрубониро,
Марг аз бағал берун намеомад афтодарӯҳи зиндагониро.
Қисматнависони дигар буданд тиру камон лавҳу қалам карда,
Чинед аз лабҳои худ мардум ҳарфи «қазои осмонӣ»-ро.
Модарситезони «ватанпарвар», беҳудагӯёни сари минбар,
Диндори бедин, хоҷаи чокар, дар каф китобу дар бағал ханҷар.
Афсонапардозони афсункор, мардумфиребони сари бозор.
Бузинагони шӯхи беозор? Не, гургҳои масти мардумдар!
Бо доду бо фарёди «озодӣ» бастанд роҳи меҳрубониро,
Дар чашми мо рӯзи сияҳ карданд садранг дунёи ҷавониро.
Бо фитнаи «Во дину во миллат» давлат ҳама зеру забар гардид.
Пажмурдаву берангу бӯ дидем зебо арӯси зиндагониро.
Мардум дили афтодаи худро бо сад алам аз пушти худ мебурд,
Сад орзу аз ҷӯши навмедӣ дар ҳар қадам афтодаву мемурд.
Дарди дилу дарди шикам бо ҳам бар ҷисму ҷони халқ ҳоким буд,
Ҳатто фалак бар ҳоли ин мардум хун мегиристу ғуссаҳо мехӯрд.
Ногаҳ зи ҷӯши тӯдаи мардум марде саропо нур берун шуд.
Данкои нав, дил дар кафи дастон бо сад ҳазорон шӯр берун шуд.
Мардум зи пушти ӯ камар бастанд, ӯ пеш-пеши тӯдаи мардум,
Гӯё Сиёвуш аз дили оташ озодаву мансур берун шуд.
Имрӯз ҳар як рӯзи нав дорад як мевае аз нахли Истиқлол,
Пар мезанад дар осмони мо Симурғи хушболу пари иқбол.
Гул мекунад сад орзу дар дил, хуршед сӯйи мост дар ханда,
Хуршедро бинед, эй мардум, хуршедро гиред истиқбол!
Аҳмадов Сафармад,
мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав
