Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбат ба шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, ниҳодҳои ҳокимиятӣ ва давлат аст, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан буда экстремизм бошад даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.
Яке аз омилҳои асосие ки боиси шомилгардии ҷавонон ба гуруҳои ифротгаро гаштааст, ин надоштани донишҳои дурусти дунявию динӣ, таҷрибаи ҳаётӣ, бекорӣ, надоштани маълумоти касбӣ, фаъолияти дуру дароз дар муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ, дурӣ аз падару модар аст. Ҳамзамон надонистани қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нобоварӣ пайдо кардан ба худ, ноуҳдабаро ва номуваффақ донистани ҷавонон аз нигоҳи худи онҳо ва наздиконашон ба руҳия ва умқи онҳо таъсири ҷиддӣ расонида, иродаи онҳоро заиф гардонда, боиси гумроҳии онҳо мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз чунин ҳолатҳо ҷавононро шомил ва побанди гурӯҳои ифротгарою тундрав месозад.
Масъалаи пешгирии хатарҳои терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, ҳамарӯза сабаб ва хусусиятҳои он аз ҷониби олимон мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор мегиранд. Дар сурати огоҳонидани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми диннию байналмиллалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилавӣ, метавонад барои аз байн бурдани зуҳуроти мазкур мусоидат намояд. Инчунин аз ҷониби волидон мавриди истифода қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон» ва донистани меъёрҳои Конститутсия зарур буда, барои онҳо ҳамчун як дастурамал баҳри тарбияи фарзанд дар роҳи Ватандустӣ ва инсондӯсти аст.
Эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо сиёсати пешгирифтаи худ сатҳи зиндагии мардумро осон менамоянд. Зеро шуурнокии ҳуқуқии миллат аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, яъне дарки рафтор ва кирдорҳои худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, риояи одитарин қоидаҳо ба мисоли ифлос накардани роҳравҳо, ба бар намоии тарзи дурусти либоспӯшӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мақомоту идораҳо риоя намудани одоби суханронӣ, эҳтиром ва риоя намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ва дигарон, дар кор ва фаъолияти ҳаррузаашон сармашқи кори худ донистани Конститутсияи кишварамон. Бешак нест ки, инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба василаи қонунҳои мавҷуда ва дигар санадҳои меъёрӣ метавонад ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо яке аз вазифаҳои конститутсионии ҳар шахс буда, ин масъала дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешбинӣ гардидааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад»
Пас, моро низ месазад, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон даст ба кор бошем. Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Мадвалиев Ҷамолиддин-н.и.с., муовини декан оид ба илми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
