Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дуюмин Фестивал – намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, истодааст.
Ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар сатҳӣ баланд пешвоз гирифтанд.
Пеш аз оғози ҷамъомад иштирокчиён аз намоиш-дастовардҳо дидан карданд.
Гуфта мешавад, ки дар Фестивал – намоишгоҳи мазкур бо иштироки 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазокистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус шуруъ шуда аз 14 то 18 апрели соли ҷорӣ давом мекунад.




