Публитсистика гуфта, як намуди асарҳоро меноманд, ки ба проблемаҳои муҳим ва ҳодисаҳои ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа бахшида шудаанд. Публитсистика ҳамчун воситаи баёни гуногунандешии ақидаи ҷомеа оид ба проблемаҳои доғи рӯз нақши муҳими сиёсӣ ва идеологӣ дорад.
Публитсистикаи бадеӣ – ин гурӯҳи жанрҳоест, ки дар он унсурҳои адабӣ ва воқеияти зиндагӣ ба ҳам омадаанд. Яъне, дар ин гуна асарҳо тахайюлоти бадеӣ аз доираи воқеияти зиндагӣ берун намераванд. Ба гурӯҳи жанрҳои публитсистӣ-бадеӣ дар матбуот лавҳа, эссе, очерк ва жанрҳои ҳаҷвии фелетон, памфлет, луқма, латифа, тамсил, шарҳи ҳаҷвӣ, пародия, шарж, карикатура ва эпиграмма дохил мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба анҷумани 15-уми нависандагони Тоҷикистон, ки дар шумораи дуюми маҷалла дар соли 2021 чоп шудааст, ба адибон чунин дастур медиҳад:
“Шоиру нависандагони тоҷик, чун чашми бозу дили бедори миллати худ ба воситаи эҷоди асарҳои сазовори давру замон дар роҳи тасвири дастовардҳои замони истиқлол ва инсонҳои бунёдкор бояд беш аз пеш саҳми арзанда гузоранд”.
Бояд зикр кард, ки маводи публитсистии маҷаллаи “Садои шарқ” асосан дар гӯшаи “Иҷтимоиёт” ба табъ мерасанд. Дар солҳои 2021 – 2024 зери рубрикаи “Иҷтимоиёт” 42 мавод чоп шудааст, ки аксарашон дар жанри мақола иншо шудаанд. Ҳамзамон дар гӯшаи “Иҷтимоиёт” очеркҳо низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, очерки Ҳусейни Назрулло “Бикелини Катия”(2021, №1), очерки Раҷаб Мардон “Шохаи дарахти булӯр” (2021, №6), ҳамчунин очеркҳои таърихии Карим Мусо “Волии Киштӯд” (2022, №4), Ҷаъфар Холмуъминов “Шамъе дар торикистон” (2023, №3), ва очеркҳои сафарии Алӣ Ҷӯра “Хонаи офтоб” (2021, №09) Шералӣ Ризоён “Сафари Бухоро” (2023, №8) ва Ато Ҳамдам “Раҳовард” (2024, №4) чоп шудаанд. Ҳамчунин дар маҷалла эссеи Алӣ Ҷӯра “Афсонаи зиндагӣ” (2024, № 1) ба табъ расидааст.
Очерки рӯзноманигор Ҳусейни Нарзулло «Бикелини Катия» (“Садои Шарқ”, 2021, №1) аз ҳаёту фаъолияти омӯзгорон Неъматҷон Бобоеви истаравшанӣ ва завҷаи ӯ Екатерина Кургунова, зодаи вилояти Нижнегородски Россия қисса мекунад. Ҳардуи онҳо дар яке аз мактабҳои ноҳияи Кӯктош (ҳоло Рудакӣ) соли 1956 кор карда, ба ҳам издивоҷ мекунанд. Соли 1963 бинобар бемор будани модараш бо исрори падар Неъматҷон бо оилааш ба зодгоҳаш, ноҳияи Истаравшани ҳозира мекӯчад ва ҳар ду дар мактаби деҳа муаллим мешаванд. Екатерина Кургунова дар ин ҷо беш аз 30 сол кор мекунад ва маҳбуби мардум мегардад, Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон, ветерани меҳнат мешавад. Неъматҷону Екатерина 8 фарзандро ба воя мерасонанд. Очерк хонданӣ буда, аз ҳаёти ин ду нафар дар мактаби деҳот дар охири солҳои 50-уми асри гузашта ва охири қарни гузашта нақл мекунад. Номи очерк аз муроҷиати мардуми деҳа, ки бо эҳтиром муаллимаро «Бикелини Катия» меноманд, гирифта шудааст.
Шодравон Раҷаби Мардон яке аз очеркнависони чирадасти муосир буда, навиштаҳояш табиӣ ва хонданианд. Очерки портретии Раҷаб Мардон “Шохаи дарахти булӯр” («Садои Шарқ», № 06 соли 2021) аз ҳаёту фаъолияти математики машҳури тоҷик, академик Камолиддин Бойматов нақл мекунад. Очерк аз шиносоӣ бо қаҳрамони очерк хонандаи синфи 5-уми мактаб – интернати Лучоб, ки ба редаксияи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» шеър овардааст, оғоз мегардад. Шеърҳои Камолиддин баъди ин пайваста дар рӯзнома чоп мешаванд. Вале ӯ ба математика рағбати калон дошт. Бинобар ин Камолиддин ҳаёташро ба риёзӣ бахшида, олими сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
Дар донишгоҳи Ломоносови Маскав соли 1977 дарахти рамзие аз булӯр сохтанд ва онро ба ифтихори риёзидони барҷастаи рус Николай Лузин «Дарахти илми Лузин» ном ниҳоданд. Ин дарахт аз он рӯ ғайриодист, ки дар шоху баргҳояш номи барҷастатарин риёзидонҳо сабт гаштааст. Шохаи Осиёи Миёнаву Қазоқистони он номи Камолиддин Бойматови тоҷикро дорад.
Дар маркази очерки портретӣ шахсияти инсон, ҳаёти ӯ, талоши ӯ ба зиндагӣ ва ғаму нишоти ӯ меистад. Хонанда аз очеркҳои портретӣ бо чеҳраи шахсиятҳо шинос шуда, аз зиндагии ибратомӯзи онҳо беҳтарин хислатҳоро меомӯзад. Мутаассифона, дар очерки мазкур дар бораи ҳаёти оилавии К. Бойматов маълумоте нест.
Дар очерки Холназар Муҳаббатов “Ёде аз рӯзгори соҳибдилон” (2021, № 09) сухан аз ҳаёти ҳофизи маъруф Ҳоҷӣ Абдулазизи Абдурасул меравад. Муаллиф аз нақли ҳамдеҳааш Раҷаб-саркор ва ҳофизи шинохта Ака Шариф Ҷӯраев ва устоди “Шашмақом” Фазлиддин Шаҳобов ҳамчунин маводи чопӣ истифода карда, дар бораи Ҳоҷӣ Абдулазиз ин асарро эҷод мекунад. Падари Ҳоҷӣ Абдулазиз – Абдурасули ҳофизу машшоқ дар деҳаи Қалъаи Дашти Рашт ба дунё омада, барои таҳсил ба назди амакаш, ки дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекард, меравад ва он ҷо оиладор мешавад. Дар он ҷо маҳаллае будааст бо номи гузари қаротегиниҳо. Абдулазиз ҳамин ҷо таваллуд мешавад ва мусиқинавозиву овозхониро аз падараш меомӯзад. Очерки мазкур хеле ҷолиб ва хонданӣ аст.
Воқеан, ҷуғрофишинос Холназар Муҳаббатов яке аз муаллифони фаъоли маҷаллаи «Садои шарқ мебошад, ки дар мавзуи тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ғайра мақолаҳо менависад.
Очерки сафарии Алӣ Ҷӯра “Хонаи офтоб” (2021, №09) аз сафари муаллиф ба Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим нақл мекунад. Ин сафар бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вохӯрӣ бо мардум сурат гирифтааст, ки хеле ҷолиб қаламдод шудааст. Муаллиф гоҳ-гоҳе ба гузашта руҷуъ карда аз Гавҳаршо Канабеков муаллими мактабиаш, ки аз забони англисӣ дарс мегуфт ва ҳамсабақони бадахшониаш дар донишгоҳ ёд мекунад. Осерк хеле ҷолиб буда маълумоти зиёде оид ба Бадахшон дорад.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар Анҷумани XV-уми ИНТ гуфтааст, ки “Мавриди назари мо, адибон, мавриди тасвирамон бояд, пеш аз ҳама, ана ҳамон Инсони замони нав, Инсони миллатдӯсту ватанпарвар, зираку ҳушёр, донишманду ободкор бошад”.
Соли 2022 дар маҷаллаи «Садои шарқ» ду очерк ба табъ расидааст, ки ҳар ду ҷолибу хонданианд. Очерки таърихии Карим Мӯсо «Волии Киштӯд» (№4) дар хусуси вазъи сиёсии водии Зарафшон дар ибтидои асри ХХ маълумот медиҳад. Қаҳрамони очерк Ниёзи Кончӣ нахустин нафарест, ки аз минтақа дар шаҳри Оренбурги Россия таҳсил карда, ҳамчун мутахассиси соҳаи кӯҳшиносӣ ба зодгоҳаш меояд ва волии Киштӯд таъйин карда мешавад. Ниёзи Кончӣ ҳамчун ватандӯсти асилу содиқ ва ҷонфидо ба риштаи тасвир карда мешавад.
Очерки Ҷамила Мурувватиён «Шахсият дард аст» (№8) ба фаъолияти ҳунарӣ ва зиндагии ҳунарпешаи театр ва синамо, шодравон Ҳабибулло Абдураззоқов бахшида шудааст. Муаллиф бо тасвири лаҳзаҳои зиндагӣ ва ҳунари актёр чеҳраи воқеии ӯро офарида тавонистааст. Очерк барои хонанда дар шинохти амиқу ҳаматарафаи ҳунарпеша мусоидат менамояд.
Очерки таърихии Ҷаъфар Холмуминов «Шамъе дар торикистон» (2023, №3), ва сафарномаи Шералӣ Ризоён «Сафари Бухоро» (2023, №8), аз ҷумлаи матлабҳое мебошанд, ки таърихи гузаштаро бо имрӯзи миллату давлати тоҷикон пайванд медиҳанд. Аз ҷумла, очерки Ҷаъфар Холмуминов «Шамъе дар торикистон» аз ҳаёт ва фаъолияти адиби ношинос Мирзо Абдухолиқзода қисса мекунад. То соли 1997 аз мероси адабии Мирзо Абдухолиқзодаи Самарқандӣ ба ҷуз порае аз романи “Намоз”-и ӯ дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки соли 1940 дар Сталинобод чоп шудааст, маълумоте набуд ва ӯро ҷомеа ҳамчун адиб намешинохт. Пас аз 49 соли даргузашти Мирзо Абдухолиқзода ҳангоми бозсозии таҳхонаи манзили падари нависанда ҷомадони куҳнаву фарсудае пайдо шуд, ки пур аз дафтарҳо ва аксҳову санадҳо буд. Аз он 200 дафтари 12 ва 24-варақӣ маҳфуз буд, ки ба қалами Мирзо Абдухолиқзода ба забонҳои форсии тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, бо алифбои арабӣ, лотинӣ ва кириллӣ навишта шудааст. Адиб забони русиро хуб медонист ва дар замони хидмат дар идораҳои мухталифи маъмурияти рус ба раҳбарони уезд ва приставҳо тарҷумонӣ мекард.
Дар бойгонии нависанда дастнависи романҳои “Намоз” ва “Духтари кӯҳистон”, асарҳои таърихии “Шӯриши Диззах” ва “Хотирот”, повестҳои “Аз нӯки қамчин хун мечакад” ва “Истадҷон”, ҳикояҳо, луғатнома ва баъзе китобҳои дарсие, ки ӯ тарҷума кардааст, нигоҳ дошта мешуд.
Дар очеркҳои сафарӣ нақши муаллиф хеле барҷаста буда, ӯ ноқили суҳбат аст. Хонанда аз дидгоҳи ӯ ба воқеаҳои тасвиршуда ошно мешавад. Агар нависанда воқеаро ҷолиб тасвир карда тавонад, навиштаи ӯ хонданӣ хоҳад буд. Тавре ки журналист ва нависанда Ҳоҷӣ Содиқ дар вохӯрӣ бо иштирокчиёни Курс-конференсияи адибони навқалам тирамоҳи соли 1975-ум гуфтааст: «…То сухани нависанда аз дил набарояд, ба дил роҳ намеёбад».
Сафарномаи Холназар Муҳаббатов “Дар соҳили Арал” (2023, №12) раҳоварди муаллиф аз сафари соҳили қазоқистонии баҳри Арал аст. Муаллиф аз дирӯз ва имрӯзи баҳри Арал сухан ронда, мегӯяд, ки хушкшавии баҳри Арал на танҳо фоҷеаи минтақа, балки фоҷеаи ҷаҳонӣ аст. «Вале барои наҷоти Арал, пеш аз ҳама, сокинони минтақа бояд талош кунанд». Воқеан ҳам, кам кардани истифодаи оби Амударё то андозае метавонад, пеши хушкшавии баҳрро бигирад.
Очерки сафарии Ато Ҳамдам “Раҳовард” (2024, № 4) ба муносибати Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон чоп шудааст. Муаллиф дар очерки худ аз сафарҳояш ба Ҷумҳурии Туркманистон аз соли 1976 то имрӯз қисса мекунад. Муаллиф дигаргуниҳои имрӯзаро бо он солҳо муқоиса мекунад ва дар бораи робитаҳои адабии адибони тоҷику туркман ҳарф мезанад. Сафарномаи муаллиф ҷолибу хонданӣ аст.
Эссе жанрест, ки аз як тараф ба очерк ва аз ҷониби дигар ба мақола наздикӣ дорад. Вай ҳаҷман чун очерк калон набуда, аз рӯи композитсияи озод навишта мешавад. Дар эссе бештар таассуроту андешаҳои муаллиф инъикос гардида, он ҳадафи баррасии пурраи мавзӯъро надорад.
Эссеи Алӣ Ҷӯра “Афсонаи зиндагӣ” (2024, №1) дар бораи аз дасти силоҳбадастон кушта шудани дӯсти падари муаллиф, полвони ҳисорӣ Қурбони Иброҳим дар замони ҷанги шаҳрвандӣ нақл мекунад. Муаллиф эҳсоси ғамшарик будани падарашро ба марги фоҷеавии писари дӯсташ нишон медиҳад. Ӯ барҷомонда буда, наметавонад, худ ба Иброҳим полвон таъзия баён бикунад. Ин амалро муаллиф ба зимма мегирад ва ба деҳаи Ноҷӣ меравад. Ҳамагон бо суханони нек Қурбони Иброҳимро ба ёд меоранд. Ин ҷо аз нақли ҳамдеҳаҳои марҳум симои ӯ ҳамчун ҷавонмарди ҳимматбаланду дасткушод нишон дода мешавад.
Ҳадафи публитсистика тавассути ВАО, филмҳои ҳуҷҷатӣ, маводи чопӣ ва суханварӣ таъсир расонидан ба ҷомеа аст. Таъсири мазкур на танҳо ба тафаккур, балки ба эҳсосоти аудитория низ равона шудааст. Маводи публитсистӣ тавассути ин таъсиррасонӣ ва боваркунонӣ мавқеи аудиторияро ташаккул медиҳад, онро ба таҳрики ягон амал меорад ва барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ягон масъалаи муҳим иттилоъ мерасонад. Бинобар ин публитсистика проблемаҳои доғи рӯзро, ки ҳалли онҳо барои ҷомеа муҳиманд, фаро мегирад.
Cоли 2020 дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ ҷомеа ба вазъи мушкил гирифтор шуд. Чӣ хеле ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26-уми январи соли 2021 иброз доштанд, пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд.
Мутаассифона, мавзуи пандемияи Ковид-19, афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ, бе тарбияи волидон мондани фарзандон ва дар баробари он зиёд шудани муҳоҷирситезӣ аз проблемаҳои доғи ҷомеа маҳсуб мешаванд. Вале мутаассифона, ин мавзуъҳо аз назари паблитсистон дур мондаанд.
Қобили зикр аст, ки дар очеркҳои чопкардаи маҷалла проблемагузорӣ кам ба назар мерасад, мубоҳисаи қаҳрамонон ва конфликт вуҷуд надорад. Ҳол он ки проблема бо қаҳрамонони очеркҳо вобастагии мустақим дорад. Агар дар очеркҳо ҳалли проблема бевосита аз ҷониби қаҳрамонон сурат гирад, онҳо муассиру хонданбоб мешаванд.
Бояд гуфт, ки нашрия ба мавзуъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ кам таваҷҷуҳ мекунад. Ҳол он ки адибон наметавонанд аз ин масоили мубрами ҷомеа дар канор бошанд.
М. Муқимов,
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»